Ҳузури тарҷумон дар дидори Мулло Бародар ва Амир Абдуллоҳиён ин ҳувияти паштунии режими толибониро ба хубӣ ба намоиш гузошт.
Нависанда: Доктор Яъқуб Лайс Сафор, таҳлилгар
Ҳузури тарҷумон дар дидор миёни Амир Абдуллоҳиён ва Мулло Бародар мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз шахсиятҳо қарор гирифта ва дар фазои расонаҳои иҷтимоӣ аз дидгоҳҳои гуногун мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
Аз замоне, ки паштунҳо дар ин кишвар ҳоким шудаанд, хонаводаҳои салтанатӣ аз султон то сардорон, дар шаҳрҳои пур аз тоҷикону ҳокимияти фарҳанги тамаддунии забони порсӣ бузург шудаанд. Инҳо устодони порсизабон доштаанд ва чӣ басо монанди Зоҳиршоҳ забони паштуро ёд надоштаанд.
Салотин, амирону вазирони паштун, чун забони порсии дариро ёд доштанд, барои имтиёзгирӣ худро намояндаи фарҳангу тамаддуни порсӣ ба эрониён муаррифӣ мекарданд. Аз ин ҷиҳат ниёз ба тарҷумон эҳсос намешуд.
Ба қудрат расидани шахсиятҳои хориҷ аз хонадони салтанатӣ, монанди Нурмуҳаммад Таракӣ, Ҳафизуллоҳ Амин, Наҷибуллоҳ, Гулбиддин Ҳикматёр, Ҳомид Карзай, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ин қоидаро нашикастанд, зеро ҳамаи инҳо даврони донишҷӯии худро дар донишгоҳҳое, ки бо забони порсии дарӣ тадрис мекарданд, сипарӣ карда буданд ва ҳам аз фарҳанги шаҳрии порсӣ баҳраҳое доштанд. Дар ҳамин чорчӯб буд, ки телевизиони Наврӯз аз тарафи Эрон қарор буд сохта шавад ва се кишвари порсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистонро аз назари пайвандҳои фарҳангӣ, дар ҳамкории бештар қарор диҳад.
Ба қудрат расидани Мулломуҳаммад Умари бархоста аз рустоҳои паштуннишин ва бузургшуда дар мадориси паштузабон ва фарҳанги рустоӣ, муодиларо барҳам зад, ҳамроҳ бо ӯ маҷмӯае аз вазирони ҳаммонанд ва ҳамшакли ӯ ба қудрат расиданд. Иморати дувуми Толибон низ ҳеҷ фарқе ба давраи аввал надорад.
Эҳсоси ҳувияти паштунӣ маҳз дар назди толибониҳо, бахши таърихи ҳувиятӣ ва фарҳангии порсӣ назди Толибонро башиддат ва дар ҳадди сифр тазъиф кардааст, дарвоқеъ кишвар фақат ҳувияти фарҳангии паштунии маҳз ба худ гирифтааст.
Ин ҳувият дар либоси рустоии паштунҳо дар идороти дохилӣ ва дипломатии Толибон намояндагӣ мешавад ва Толибон паштунитарин режими ҳоким дар Афғонистон ҳастанд. Толибон на танҳо инро инкор намекунанд, балки барои густариши он кор мекунанд ва калонтарин ифтихор ва дастовардашон назди паштунҳо ҳамин аст. Ҳузури тарҷумон дар дидори Мулло Бародар ва Амир Абдуллоҳиён ин ҳувияти паштунии режими толибониро ба хубӣ ба намоиш гузошт.
Ин мулоқот тоҷикон ва порсизабонони Хуросон/Афғонистонро бозандаи калони сиёсӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии бозии пас аз хурӯҷи Амрико муаррифӣ мекунад. Аз як сӯ, иддаои онҳо, ки мо порсизабонон ҳамшаъни паштунҳо дар таърих ва сиёсати ояндаи Афғонистон ҳастемро тазъиф мекунад, аз сӯи дигар, тасреъи раванди паштунисозии порсизабононро ба намоиш мегузорад. Бад-ин гуна дигар ян иддаои порсизабонон, ки моликияти ин меҳанро ба саҳми бузурги хеш доранд, бемаъно месозад ва тоҷикон бузургтарин бозандаи фарҳангӣ, тамаддунӣ ва сиёсӣ ҳастанд.
Бозандаи дувумӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Эрон баъд аз ин дар ҷаҳон таккишвари порсизабон муаррифӣ мешавад. Пайвастори сарзаминӣ пайванди сарзаминии Эрон фарҳанги бузург аз даст мерӯд. Бо густариши ҳарчи бештари паштунии Хуросон/Афғонистон, нуфузи фарҳангии сиёсии Эрон бисёр тазъиф мешавад. Нуфузи фарҳангии Покистон ва Арабистон ҳарчи бештар густариш ёфта ва дар дарозмуддат, Эрон ба унвони як қудрати минтақаӣ, бозандаи ин бозӣ аст.
Натиҷа он ки, ин дидори намодин бо ҳузури тарҷумон, бори бисёр бузурги муборизаро ба дӯши Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегузорад, ки агар дер биҷунбад, ҳама дору надори худро аз даст медиҳад. Ба ҳамин гуна барои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳоле мекунад, ки сиёсати хориҷиеро, ки то кунун дар пеш гирифтааст, бозида аст ва дар майдони Амрико, Покистон ва Арабистон бозӣ мекунад ва худаш натавонистааст бозии сиёсиро дар Афғонистон халқ кунад, аз ин ҷиҳат як кунишгари сиёсӣ нест, балки вокунишгари бозанда аст.