Хабари рӯз

Русияву Амрико чӣ гуна ба Афғонистон боз мегарданд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Ба тозагӣ Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раёсатиҷумҳури Афғонистон ва аз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбари Аҳмад Масъуд, бо рӯзнома русии “Независимая газета” мусоҳиба муфассале анҷом дода, ки бозгӯкунанди чархиши асосӣ дар дидгоҳҳои вай нисбат ба Ғарб, махсусан, Амрико аст. Вай бо ишора бо иштибоҳоти гузашта, махсусан, эътимод тоҷикҳо ва бозмондагони Ҷабҳаи муқовимати аввал ба раҳбарии фақид Аҳмадшоҳ Масъуд, нақши муҳим ва таъсиргузори Русияро дар тағйири вазъияти мавҷуди Афғонистон, талош барои таҳаввул дар моҳияти низоми байнулмилал ва эҷоди садди дифоъӣ дар баробари гегемонияталабиҳои Амрико, баршумурда ва хотирнишон сохтааст, ки Ҷабҳаи муқовимат нигоҳи вежае ба Русия дорад ва ин нигоҳ дар равобити роҳбурдӣ миёни ҷабҳа ва Русия дар минтақа, таъсири басазое дорад.

Ҳамзамон бо он, генерал Самеъ Содот аз генералони артиши пешини Афғонистон, дар имтидоди ҳузур дар саҳнаи сиёсӣ, эъломи Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон, ки мақарри он дар Вирҷинияи Амрико аст, ба кумитаи равобити хориҷии Амрико даъват шуда ва дар фазои мултаҳиби сиёсие, ки рақобат миёни аҳзоби ҷумҳурихоҳ ва демократ дар баҳбуҳаи интихоботи Амрико бар он соя андохта, дар мавриди моҳияти Толибон сӯҳбат мекунад ва интиқодҳоеро бар амалкарди ҳукумати Байден, ворид месозанд. Ин иттифоқ ва ҳамсонии талоши Амрико ва Русия барои ёфтани муттаҳидони ҷадид дар майдони Афғонистон, нишондиҳандаи аҳамияти вежаи Афғонистон дар доктринаи бузурги ҳар ду қудрати ҷаҳонӣ (Русия ва Амрико) дорад. Дидгоҳҳои қаблии тарҳшуда аз қабили ин ки дигар Афғонистон дар сиёсатҳои Амрикову Русия ҷой надорад ва аҳамияти худро аз даст дода, бо ин иттифоқот, ботил мешаванд.

Ин як воқеияти мубарҳан аст, ки Амрико Толибонро ҳимояти молӣ мекунад ва ҳамон туре ки оқои Солеҳ дар мусоҳибаи худ изҳор карда, ҳафтавор шаст миллион доллар Амрико, ба хазонаи режими Толибон мерезад то бақои он тазмин шавад, ҳузури иттилоотиву сиёсии худро ҳифз карда ва тавассути ҳавопаймоиҳои бесарнишин, назорати ҳавоиро бар фазои Афғонистони таҳти контроли Толибон анҷом медиҳад.

Алорағми он, Амрико дар талош аст, ки агар қоидаи бозӣ тағйир кунад ва натавонад Толибонро барои муддат зиёде дар қудрат ҳифз кунад, бояд гузинаҳои дувум ва севумро дар майдон дошта бошад. Истифода аз ҷабаҳоти низомӣ ва сиёсие, ки бидуни шиор, ҳузуре дар майдони сиёсиву низомии Афғонистон надоранд, яке аз ин тарфандҳо аст. Генерал Содот ва амсоли вай, резерфҳои хубе барои ояндаи бозии Амрико дар минтақа ва бахусус Афғонистон маҳсуб мешаванд.

Эҷоди ҷабаҳот дар Амрико ва паёми сиёсӣ додан аз он ҷо, сирфан як тарфанди истихборотӣ аст, ки дар имтидоди рамзу розҳои забони мармузи дипломатия ва муровидоти истихборотӣ, миёни қудратҳои бузург, радду бадал мешаванд. Ин кори Амрико паёме дорад барои русҳо, ки Амрико ҳанӯз ҳам аз Афғонистон мунсариф нашуда ва метавонад ба василаи сармоягузориҳои инсонӣ ва истихборотиаш, муҳраҳое дар майдони бозӣ дошта бошад.

Дар ҳоле ки Солеҳ дар Ҷабҳаи муқовимат, минҳайси яке аз асосгузорони он, ҳузур дорад ва аз қасди ҳамсӯӣ бо Русияву Чин ва иштибоҳи ҳамсӯӣ бо Амрико, ёд мекунад, ин паёмро медиҳад, ки Русияву Чин дар як тарафи моҷаро ва Амрико ва муттаҳидонаш дар тарафи дигари қазия ба сарбозгирӣ идома медиҳанд ва зарфиятҳоеро барои ояндаи бозӣ дар Афғонистон, дар дастури кор доранд. Генерал Самиъ Содот, ки аз генералони машҳури ҷумҳурият аст, бо амрикоиҳо ва муттаҳидони он, равобити вежае дорад ва метавонад минҳайси як гузина барои фардои бозӣ, интихоб шавад. Дар ҳоле ки дар тарафи дигари қазия, Солеҳ қарор дорад, ки алорағми солҳо кору ҳамкорӣ бо Ғарб ва ба таври вежа бо Амрико, ҳоло нодим аз ин ҳамкорӣ, дар талоши ёфтани муттаҳидони минтақаии ҷадидест, ки битавонанд ба раванди муқовимати мардуми Афғонистон бар зидди Толибон, кӯмак кунанд ва дорои зарфияти вежа ва баланди нақшофаринӣ дар фардои ин кишвар бошанд. Нигоранда бо муқоиса ва ҳамзамонии ин рӯйдод, вариантҳоеро барои тағйири вазъияти мавҷуд ва таҳаввул дар масири Афғонистоне, ки дар таҳти контроли истибдоди толибонӣ қарор дорад, ин ҷо ба гунаи мухтасар менависам:

Аввал - ин як паёми хуб аст, ки Солеҳ мутаваҷҷеҳи аҳамияти нақши Русия дар ин бозӣ шудааст. Нигоҳи бисёр ғарбии ҷараёнҳои муқовимати зидди Толибон, алорағми борҳо эълон намудани Амрико мабнӣ бар ин ки аз ҳеҷ ҷараён ва ҳаракати низомиву сиёсӣ бар зидди Толибон ҳимоят намекунад, боис шуда то минтақа аз ин ҷараёнҳо, сархӯрда шуда ва фосила гирад. Солеҳ хуб тавониста мавқеияти феълии Русияву Чинро дар динамики амниятиву сиёсии Афғонистону минтақа ташхис кунад ва аз нақши созандаи русҳо дар тафоҳум бо чиноиҳо барои тағйири моҳияти низоми байналмилал ва таҳаввули он ба сӯи як назми чандқутбие, ки дигар Амрико яктатози майдони он нест, сухан бизанад. Агар ин нигоҳ як диди умумиятёфта дар доктринаи сиёсиву ҷангии Ҷабҳаи муқовимат бошад ва минҳайси як бозтобдиҳандаи сиёсатҳои асливу бузурги он дар қиболи таомул бо минтақа, матраҳ шавад, ба зудӣ раванди муқовимат, қодир хоҳад буд то бунбасти мавҷуд дар вазъияти Афғонистонро шикаста ва бо иттико ба қудрату тавоноии минтақа, вориди фазаи ҷадиде аз мубориза шавад ва ҳатто ҷуғрофияеро дар тасарруфаш дошта бошад. Солеҳ мумкин ҳамон тавре ки гуфта аз эътимоди беҷо бар Амрикову Ғарб пушаймон аст, ин бор тасмим дорад то дар ҳамсӯӣ бо минтақа ва махсусан русҳо, вориди бозӣ дар майдони Афғонистон шавад. Солеҳ бояд ин дидгоҳҳоро дар амалкарди сиёсӣ ва ҷангии ҷабҳа, мутабалвир созад ва аз инъикоси он ба нафъи пешрафт дар мубориза бар алайҳи Толибон, кор гирад;

Дувум - ҳамзамонии пахши хабари мусоҳибаи Солеҳ ва тамоюли вай барои ҳамкориву ҳамсӯӣ бо русҳо дар меҳвари бозии Афғонистон ва талоши генерал Содот барои ҷалби ҳимояти амрикоиҳо аз ҷабҳаи эҷодшудаи худаш, нишон медиҳад, ки ҳам бозигарони дохилӣ ва ҳам минтақаву дунё ба қазияи Афғонистон монанди як парвандаи вежа нигоҳ мекунанд ва моҳияти роҳбурдии онро зери назорат доранд. Солеҳ бояд дар мавқифгириҳояш, ба нақши асосии Русия, тавони ин кишвар дар тағйири зеҳнияти минтақа бар алайҳи Толибон ва эҷоди роҳҳои таомул бо Ҷабҳаи муқовимат ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳои бузурги ҷабҳа бо оҳанги сиёсӣ ва ҷавви мавҷуди сиёсӣ дар минтақа, талош намояд. Агар тавфиқи чунин амале насиби Ҷабҳаи муқовимат шавад, бетардид, муваффақият дар майдони бозии Афғонистон ба нафъи ҳавзаи зидди Толибони хоҳад буд;

Севум - бетаваҷҷуҳӣ ва беғаврии факторҳои дохилӣ дар бист соли гузашта ба нақши русҳо ва дар маҷмӯъ камарбанди амниятии Шонгҳой, ки таъсири басазое дар вазъияти амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Афғонистон дорад, боис шуда буд то Афғонистон аз мадори шуоъи амниятии минтақа ба дур бимонад ва комилан дар доираи шуоъи амниятии НАТО ва Амрико дохил шавад. Ҳол, инкишофи ҷадид, суқути ҷумҳурият ва таваҷҷуҳи вежаи русҳо ба қазияи Афғонистон, метавонад боиси таҳаввули бузурге дар ин дидгоҳ шавад. Агар Солеҳ ин борикиро дарк карда, худ як таҳаввули мусбат аст. Таҳаввуле, ки нишон медиҳад, ки танҳо минтақа метавонад мушкили Афғонистонро дар як мадори амниятии қобили итминон ҳал кунаду бас. Фароминтақа барои ҳузур дар Афғонистон, ки бисёр дур аз имкон аст, ниёз ба иҷозаи минтақа дорад ва минтақа дигар мантиқи ҳузури Амрико ва муттаҳидонашро дар ҷуғрофияи Афғонистон, намепазирад. Ин омили бисёр муҳимест, ки моро ба ин натиҷа мерасонад, ки танҳо иттиҳоди роҳбурдӣ бо минтақа, метавонад терроризм дар Афғонистонро, ки қарор аст ба сатҳи минтақа густариш ёбад ва чолиши амниятӣ эҷод кунад, замингир кунад ва ба шикасти он иқдом намояд;

Чаҳорум - Амрико бо сархӯрдагиву дастпочагӣ ва роҳандозии тарфандҳои ҷаласот дар Конгресси Амрико, талош мекунад то аз зарфиятҳои захирашуда, ки аз майдони Афғонистон дар ҳангоми суқути ҷумҳурият дар наздаш аст, истифода кунад ва нагузорад халое дар майдони бозӣ аз ҷониби Амрико ва муттаҳидонаш вуҷуд дошта бошад. Ҳамзамонии ин мусоҳиба мусодиф аст бо ҳаракати Самеъ Содот, ҷаласаи бузург, ки қарор аст ба мизбонии Милали Муттаҳид дар мавриди Афғонистон доир шавад, нишон медиҳад, ки рақобати ду қудрат дар майдони Афғонистон ба воситаи ёргирӣ аз зарфиятҳои бумӣ дар Афғонистон ва баъд аз гузинаи Толибон, камокон дар дастури кор аст. Ҳоло ҳар ду қудрат яке дар интихоби гузинаҳои террорпарварӣ ва ҳимоят аз режими террористии Толибон ва дигаре дар талоши решакан кардани терроризме, ки дар Афғонистону минтақа ба як чолиши умда мубаддал шуда, дар як бозӣ дар муқобили ҳам қарор доранд ва талош мекунанд, зуд ибтикори амалро дар даст гиранд. Русҳо дар тафоҳум бо эрониҳо, Толибонро як гузинаи таҳмилии Амрико дониста ва ба он эътимод надоранд. Аммо то интихоби муттаҳиди ҷадид, аз таомули тактикӣ бо он, ҷиҳати ишрофи иттилоотиву назорати вазъият дар Афғонистон, истифода мекунанд. Дар ҳоле ки, Амрико ҳар гузинаро барои ба чолиш кашидани амнияти минтақаӣ, ки Русия, Эрон ва Чин дар он нақши асосӣ доранд, истифода мекунад то камокон дар қоидаи ин бозӣ бимонад ва руқабояшро замингир кунад.

Панҷум - минтақа тасмим гирифта то ҳар туре, ки шуда нагузорад чолиши амниятии Афғонистон ба ҳадде бузург шавад, ки мояи таъмини манофеъи Амрико бар зидди Русия, Эрон ва Чин гардад. Ба ҳамин манзур эътилофи минтақаӣ, ки шакле аз иҷмоъро дар хусуси ин масъала ба вуҷуд оварда, тасмим ба ёргирӣ аз муттаҳидони дохилии Афғонистон доранд. Ҷабаҳоти муқовимати зидди Толибон, ки амалан дар тарафи муқобили режими Толибон қарор доранд, метавонанд муттаҳидони хубе барои Русия бошанд. Ба ҳамин сон, Амрико медонад, ки барои муддати тӯлонӣ қодир ба ҳифзи Толибон дар баробари вокунишҳои минтақаӣ нахоҳад буд; Бино аз гузинаҳои модернтар, монанди генерали артиш ва технократҳои тарбиятёфта дар Амрико, барои пешбурди бозӣ баҳра мебарад. Ин талоши минтақа дар муқобили фароминтақа, мунҷар ба гарм шудани фазои рақобат шуда ва бозигарони дохилии бешумореро вориди арсаи сиёсату ҷанги Афғонистон хоҳад кард. Ба ҳамин асос аст, ки тамоюли Солеҳ барои ҳамкорӣ бо русҳо, мусодиф аст бо даъвати генерал Самиъ Содот дар Амрико. Яъне вокуниш дар баробари куниш, ки мунҷар ба эҷоди сафи тӯлонӣ аз муттаҳидони дохилӣ дар ду тараф мешавад.

Бо он чӣ, ки гуфта шуд, маълум мешавад, ки фазои рақобату густараи нигарониҳо аз вазъияти мавҷуд, ки Толибон як бахши умдаи онро месозанд, боис шуда то ҳам Амрико ва ҳам русҳо дар сатҳи минтақа, ба фикри гузинаҳои бадили Толибон шаванд. Бақоёи ҷумҳурият, ки дар Амрикову Аврупо ҳастанд, дар як ҷамъ вориди фазаи баъдии бозӣ ба нафъи Амрико хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки ҷабаҳоти муқовимати зидди Толибон, бояд дар сафи муттафиқини осиёӣ ҷиҳати пирӯзӣ дар баробари Толибон, қарор гиранд.


Дин

Тероризм

30-нояб-2023 By admin

Амрикову Толибон ва…

Робитаи байни Толибон, Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ чӣ гуна ас

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!