Хабари рӯз

Худмухтории эъломнашудаи Бадахшон фақат як нуктаро равшан мекунад, ки Толибон ҳам дар амри тафриқаандозӣ миёни тоҷикон аз пайи Карзая Ғанӣ мераванд.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Вақте ҷанг бар сари гирифтани қудрати сиёсӣ байни тоҷику паштун дар байн бошад, се минтақаи тоҷикнишин аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад: Парвон-Кописо, Панҷшер ва Бадахшон. Беҷиҳат нест, ки мебинем, ки ҳалақоти мармуз дар ду соли ахир баҳсҳои ихтилофӣ миёни Панҷшер ва Бадахшонро чоқ мекунанд. Мутаассифона, теъдоде хоста ё нохоста дар ин баҳсҳо иштирок мекунанд ва ба осиёби душман об мерезанд.

Агар тоҷикҳоро як лашкар дар назар бигирем, ки барои гирифтани қудрат дар Кобул сафороӣ кардаанд, Парвон-Кописо сарлашкар аст ва Бадахшон охираш ва Панҷшер камараш ё васаташ. Бадахшон ба далели муттасил будан бо Тоҷикистон аҳамияти зиёде дорад. Ҳоло душман қасд дорад, ки тоҷикро аз ақиби ҷабҳа зарба бизанад. Бадахшон ақиби ҷабҳаи тоҷикон аст.

Аммо душман чӣ гуна мехоҳад, ки аз ақиби ҷабҳа зарба ворид кунад? Ба назари ман, ин корро душман аз тариқи имтиёздиҳӣ ба тоҷикони Бадахшон ва тақвияти ҳисси ҷудоиталабиву истиқлолталабӣ ва худмухторӣ ва маҳалгароии тоҷикони Бадахшон анҷом медиҳад. Ҳатто агар барои Бадахшон худмухтории комил дода шавад, таҳдиде ба ҳокимияти паштунӣ дар Кобул талаққӣ намешавад.

Албатта, то ҳудуде дар ин ҷиҳат гомҳое бардошта шудааст. Ин ки Фасеҳуддини бадахширо раиси ситоди артиш дар назар гирифтаанд ва ин ки, масалан, гуфта мешавад аксарияти мақомҳои маҳаллии Бадахшон аз худи Бадахшон аст, ҳама дар ростои навъе эътои худмухторӣ ба Бадахшон аст.  Ҳадаф ин аст, то тоҷики бадахшӣ эҳсос кунад, ки ҳокими минтақаи худ аст ва ниёзе ба ҷангу муқовимат нест. Ҳадаф дарвоқеъ қатъи ақабаи ҳимоятии лашкари тоҷикон аст, ки аз Бадахшон то Кобул аз назари ҷуғрофиёӣ бо ҳам васланд ва агар муттаҳидона алайҳи султаи паштунӣ пайкор кунанд, ҳокимияти паштунӣ наметавонад дар Кобул давом биоварад.

Ман фикр мекунам, ки иддае ҳатто аз тоҷикони чизфаҳм назири ҷаноби Пидром дар ҳоли васвасаӣ шудан барои пазируфтани ин туҳфаи тавтеаомези паштунҳо ҳаст. Чанде пеш оқои Пидром марги як фармондеҳи тоҷики бадахшии Толибонро шаҳодат хонд ва дар посух ба интиқодҳо ҳарфаш ин буд, ки ҳузури тоҷикони бадихшӣ дар сохтори ҳокимияти маҳаллии Бадахшон як фурсати қобили истифода аст.

Ин ҷо мо боз ҳам бо навъе тавтеа мувоҷеҳем, ки умедворам тоҷикони бадихшии мо онро дарк кунанд ва дар доми он науфтанд. Ин тавтеа дарвоқеъ қитъа- қитъа кардани тоҷикон аст ва шабеҳи корҳое аст, ки Карзаю Ғанӣ дар бист соли ҷумҳурият онро алайҳи тоҷикон анҷом доданд.

Тоҷикони Бадахшон бидонанд, ки агар паштунҳо бо додани, ба истилоҳ, навъе худмухтории эъломношуда шуморо аз пайкараи тоҷикон ҷудо кунанд ва дар ҷангу муқовимат шуморо беангеза бисозанд, баъд аз саркӯби тоҷикони дигар манотиқ, ба саркӯби шумо ҳам хоҳанд пардохт ва он гоҳ ба танҳоӣ қодир ба дифоъ аз худ нахоҳед буд. Тоҷикони Панҷшер, Парвон ва Кописо ҳам мутаваҷҷеҳи ин тавтеаи хатарнок бошанд.


Дин

Тероризм

23-фев-2024 By admin

Толибону терроризм, ё…

Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба вежа Тоҷикистон, бояд таърихи ба қудр

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!