Хабари рӯз

Масъалаи Афғонистон ва Украина то хатми ҷанги Исроилу Ҳамос ба тоқи фаромӯшӣ гузошта хоҳад шуд.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Теъдоди зиёде аз дӯстон пурсидаанд, ки ҷанги Исроилу Ҳамос бв куҷо хоҳад расид! Оё он чӣ, ки гуфта мешавад, ин ҷанг мунтаҷ ба ҷанги севуми ҷаҳонӣ хоҳад гардид ё хайр?

Он чиро, ки мехоҳам бо шумо шарик бисозам, бардошти ман аз вазъияти мавҷуд аст.

Дар ҳоли ҳозир ҷанг бо тамоми шиддат идома дорад ва изофатар аз 9500 фаластинӣ шаҳид ва ҳазорҳо тани дигар захмӣ шудааст. Ҳамчунон Исроил ҳам изофатар аз 1500 кушта ва теъдоде захмӣ дорад.

Вале ҳанӯз дастгоҳҳои дипломатӣ то андозае фаъоланд. Вазири хориҷаи Амрико ба Исроил расид, баъдан бо Маҳмуд Аббос мулоқот кард ва имрӯз Туркия рафтааст, то бар иловаи дифоъ аз Исроил роҳи ҳаллеро барои як оташбаси муваққат ҷустуҷӯ кунад.

Аммо Исмоил Ҳания ба тозагӣ ба Эрон сафар карда ва бо Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон диду боздидҳое доштааст.

 Аз сӯи дигар, ду дидгоҳ дар дохили Исроил ва Фаластин вуҷуд дорад.

Аввал - бо хатми ҷанги Исроилу Фаластин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дигар дар қудрат нахоҳад буд, чун ба хотири нотавонии ӯ дар раҳоии гаравгонҳо маҳбубияти худро аз даст додааст.

Дувум - баъд аз хатми ҷанг интиқодҳо алайҳи Исмоил Ҳания, раҳбари Ҳамос ин хоҳад буд, ки чаро вақте тавони муқобила бо Исроилро надошт, заминаро мусоид сохт, то ин қадар мардуми Фаластин шаҳид ва захмӣ шавад.

Аз сӯи дигар, баъзеҳо ба ин бовар буданд, ки Ҳизбуллоҳ, Ҳасан Насруллоҳ шояд ба дифоъ аз фаластиниён ва Ҳамос вориди майдон шавад, аммо баёнияи рӯзи гузаштаи ӯ танҳо насиҳатҳои падаронае буд ва эҳсос мешуд, ки Ҳизбуллоҳ ҳанӯз омода нест, ки бо Исроил мустақиман биҷангад ва ҳамчунон Эрон ҳам алоқамандӣ надорад, ки худро дар ин ҷанг дахил созад.

Қобили ёдоварӣ аст, ки раҳбарони кишварҳои исломӣ аз ихторҳои Амрико яке пайи дигаре гӯшагирӣ ихтиёр мекунанд.

 Аммо ногуфта набояд гузошт, ки тазоҳурот ба ҳимоят аз мардуми Фаластин дар сар то сари дунё Амрико ва Исроилро ба ташвиш андохтааст ва ин тазоҳурот натанҳо дар кишварҳои исломӣ, балки дар кишварҳои ғайриисломӣ низ бо гузашти ҳар рӯз густариш меёбад.

Ба ҳар ҳол идомаи ин ҷанг возеҳ месозад, ки Ҷо Байден дар интихоботи соли 2024 дигар раисҷумҳури Амрико нахоҳад буд ва мушкилоти дигаре низ дар минтақа домангири Амрико хоҳад шуд.

Ба бовари ман, он чӣ, ки баъд аз хатми ҷанг бо ҳама хисорот, ки мардуми мазлуми Фаластин мутақаббил шуданд, дар ҷуғрофияи дунё ва дар сиёсатҳои ҷаҳон тағйироте хоҳад омад.

1 - Тазод, таноқуз ва ихтилофи шадид миёни ҳокимони гӯш ба фармони Амрико, Инглис, Фаронса, Олмон ва теъдоде аз кишварҳои аврупоӣ.

2 - Пружаи эҷоди ҷаҳони чандқутбӣ дар ростои БРИКС, Созмони ҳамкории Шонгҳой, “Як ҷода ва як камарбанд” ва дигар ташаккулот дар минтақа эҷод хоҳад шуд, ки инҳо 80 фисади ҷаҳонро эҳтиво мекунанд, ки ин кор ҳатман амалӣ хоҳад шуд ва дигар системи якқутбӣ барои ҳамеш аз байн хоҳад рафт.

3 - Ҳифозат аз терроризми ҷаҳонӣ, иғво, зӯргӯӣ, дурӯӣ, хидъа, найранг ва сохтори сармоядорие, ки дар раъс кишвари абарқудрат Амрико қарор дорад, як бори дигар адами ҳаққонияти демократия ва ҳуқуқи башар ба ҷаҳониён ошкоро шуд.

4 - Дигар ҷаҳон ба дугонагии доктрини ин зӯрманд бовар нахоҳанд кард, ҷаҳон медонад, ки ҳақиқат чист, кӣ силоҳ мефурӯшад, кӣ мекушад ва кӣ вайрон мекунад.

Ба ҳар сурат, дар шароити буҳронӣ фарзандони ҳароме, ки лоф аз ислому арзишҳои исломӣ мезаданд, худро ба ҷаҳони ислом ошкортар сохтанд, ки на бовари исломӣ доранд ва на андешаи исломӣ, фақат ҳаромзодагоне ҳастанд, ки мехоҳанд мардумро фиреб бидиҳанд ва дар муқобили абарқудратҳо зону бизананд.

Амрико ва Фаронса 300 саргулӯлаи атомиро дар ихтиёри Исроил қарор дод, аммо чаро дар муқобили Эрон ҳаққи ғанисозии изотопи ураниуми 238-и худро ба изотопи 235 надорад.

Бигзор, ки ба манзури реактури барқи атомӣ ҳам бошад!

Ба ҳар ҳол, баъд аз ин зӯрозмоиҳо ҷаҳон якқутбӣ нахоҳад буд ва кашмакашҳои минтақа ва фароминтақа зиёдатар хоҳад шуд, вале масъалаи Афғонистон ва Украина то хатми ҷанги Исроилу Фаластин барои ҳамеша ба тоқи фаромӯшӣ гузошта хоҳад шуд.

Ин буд таҳлилу дидгоҳи шахсии ман.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!