Хабари рӯз

Таҷовуз ба Яман дар оянда ба тамоми кишварҳои арабӣ ноамнӣ хоҳад овард.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Лондону Вашингтон ба таҷовузоти худ алайҳи Яман идома медиҳанд. Ҳамалоти мушакии Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида метавонад мунҷар ба як ҷанги тамомайёр шавад, ки кулли минтақаро фаро хоҳад гирифт.

Ҳамалоти нерӯи дарёии салтанатӣ ва Амрикову муттаҳидони онҳо аз авоили январ оғоз шуд. Агар қаблан аҳдофи низомӣ ба унвони ҳадаф интихоб мешуд, акнун зерсохтҳои ғайринизомӣ дар ҳоли нобудӣ қарор гирифтаанд. Ҳамлаи мушакии англосаксонҳо дар январ сохтмонҳои давлатӣ дар Санъоро вайрон кард, фурудгоҳҳо валангор шуданд, сокинони маҳаллӣ аз асобати мушакҳои бритониёӣ дар манотиқи маскунӣ хабар доданд ва гузоришҳое мабнӣ бар кушта шудани ғайринизомиён дарёфт шуд.

Англосаксонҳо хуб инсонкушӣ, қабл аз ҳама, кӯдаку занкуширо баладанд. Ин корро онҳо асрҳо ба ин сӯ дар тамоми гӯшаву канори дунё мекунанд.

Муттаҳидони ғарбӣ дар мавриди ҳамалоти ҳадафманд сӯҳбат мекунанд, ки дарвоқеъ шабеҳи бомбаборони фаршӣ аст. Бо дар назар гирифтани тазоддҳои дохилӣ, ҷумҳурии Яман бори дигар худро дар остонаи як ҷанги дохилӣ қарор дод, ки ба кишварҳои ҳамсоя низ сироят хоҳад кард ва метавонад кулли ҷаҳони арабро фаро гирад. Шояд ин дақиқан ҳадафе бошад, ки Бритониё ва шарикаш Иёлоти Муттаҳида пеши худ гузоштаанд.

Ба таври расмӣ, далели ҳамалоти Инглис, ҳамалоти ҳусиҳо ба киштиаҳои низомӣ дар дарёи Сурх буд. Таҳти фишори Иёлоти Муттаҳида ва Ҷопон, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро тасвиб кард, аммо мафоди он бо вазъияти воқеӣ фосила дорад. Матни қатънома мубҳам аст ва дарвоқеъ дасти эъътилофи бритониёӣ-амрикоиро боз мекунад. Ҳамалот ба Яман муғойир бо қавонини байналмилалӣ аст ва далоили аслиро дар назар намегирад. Ҳамалоти ҳусиҳо бо таҷовузоти Исроил ба навори Ғазза анҷом шуд. Қатъномаи Созмони Милал дар ин маврид сукут кардааст.

Дарвоқеъ, мақомоти Инглис, Амрико ва муттаҳидон онҳо ҳаққи зӯрро дар инҳисори худ дароварданд ва баҳонае барои таҷовуз ба ҷаҳони араб ёфтанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо таваҷҷуҳро ба хатари ташдиди даргирӣ ҷалб карда ва хостори бозгашт ба арсаи ҳуқуқӣ шудааст. Эминии дарёнавардӣ дар дарёи Сурх бояд бо талошҳои муштарак бар асоси маншури Созмони Милал ва қавонини байналмилалӣ ҳал шавад. Чунин даъватҳое ҳанӯз шунида нашудааст.

Қатъномаи Иёлоти Муттаҳида ва Ҷопон аз ҳифозати киштиронӣ дар дарёи Сурх сӯҳбат мекунад, аммо таҳоҷуми тамомайёр алайҳи як кишвари мустақили арабиро барангехт.

Агар ҳамалоти мушакии англосаксонҳо мутаваққиф нашавад, Яман сарнавишти навори Ғаззаро такрор хоҳад кард. Намунаи онҳо ҳушдорест барои ҳама кишварҳои минтақа, ки бо иқдомоти эътилофи ғарбӣ мувофиқ нестанд. Ҳар гуна талош барои муқовамат бо ҳамалоти мушакӣ хунсо хоҳад шуд.

Киштиҳои бритониёӣ ва амрикоӣ ба гаштзанӣ дар дарёи Сурх идома медиҳанд ва амалан контроли масирҳои тиҷории байналмилалиро ба даст мегиранд. Муттаҳидони инглисҳо низ дар ҳоли эҷоди нерӯҳои зарбатӣ дар минтақа ҳастанд. Чунин манёврҳое ба оромиш намеафзояд ва аз идаҳои сулҳу амният дур аст.

Танҳо оташбас дар навори Ғазза ва дарёи Сурх метавонад минтақаро аз ташдиди бештари ноамнӣ наҷот диҳад, аммо ҳоло он чӣ ба назар мерасад, Исроил бо пуштибонии Амрикову Инглис ҳеҷ фикри қатъи қатли оми инсонҳо дар ин “қатлгоҳи башарият”-ро надорад.

Ва ин намунаи арзишҳои олами англосаксон аст, ки ҳеҷ гоҳ омода нашуд як гоми амалӣ барои ҷилавгирӣ аз кӯдаку занкушиҳои режими Исроил бардорад, балки ҳоло мехоҳад тамоми олами арабро ба як Ғаззаи бузург табдил кунад.

Оё мо дар остонаи як ҷиҳоди бузурги олами араб қарор дорем? Ҳеҷ аҷобат надорад. Англосаксонҳо бояд муҷозот шаванд. Худованд даст надорад, аммо хуб муҷозот мекунад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!