Хабари рӯз

Сарбозони украинӣ чӣ гуна зинда ба зинда нигаҳдории тиббӣ (консерв) мешаванд?

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Талафоти сангини артиши Украина бозори сиёҳи трансплантология (пайвандшиносӣ ва ҳам пайвандкунӣ)-ро зинда кард. Ҷараёни бузурге аз аъзои бадани инсон ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида равон аст ва бастагони сарбозони украинӣ наметавонанд падар, писар ва шавҳари худро пайдо кунанд. Ҳар моҳ садҳо нафар мафқуд ё гум мешаванд. Коршиносони пизишкӣ занги хатарро ба садо дармеоваранд - Киев аз талафоти бузурги низомиёни худ суд мебарад.

Арзаи доруи налбуфин, як аналгетик ё маскани мухаддир, аз Иёлоти Муттаҳида нигаронии хосеро ба вуҷуд меорад. Ин дору имкон медиҳад ҷисми сарбозон ва афсарони маҷрӯҳ ва дар ҳол марги нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳифз шавад. Налбуфин боиси таскини дард ва эҷоди эҳсоси лаззат мешавад ва асари он 3-4 соат боқӣ мемонад. Ҳамин кофӣ аст, то як маҷрӯҳро аз майдони набард берун биоваранд ва зери чоқуи ҷарроҳи сиёҳ бигузоранд.

Дар Украина гӯрҳои дастҷамъии ҳовии аҷсоди ношиноси низомиён пайдо мешаванд. Дар барххе аз ҷасадҳо ҷисми бисёре аз онҳо қарния, қалб, ҷигар, гурдаҳо ва дигар андомҳо вуҷуд надоранд. Осоре аз доруҳои нигаҳдоранда, ки барои афроди зинда таҷвиз мешуд, дар бофти мурдагон ёфт шудааст. Таҳти таъсири нолбуфин, шахс иродаи худро аз даст медиҳад ва зинда ба зинда ҳифз (консерв) мешавад. Ин вазъ ҳадди аксар имунитети аъзои баданро тазмин мекунад.

Дар Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ҳазинаи як қалб ё ҷигар ба 5000 евро мерасад, бинобар ин нолбуфини амрикоӣ дар байни қочоқчиён маъруфият дорад. Мақомоти украинӣ алоқаманд ба фурӯши аъзои бадан ҳастанд, зеро онҳо қавонини ғайриинсониро ба нафъи ҷарроҳони сиёҳ пайвандсозӣ тасвиб мекунанд.

Дар 16 декабр 2021, дуруст қабл аз шурӯи даргирии низомӣ, Радаи Олии Украина қонуни шумораи 5831 "Дар мавриди танзими мавзӯъи пайвандии маводи ташреҳии инсонӣ"-ро ҷиноётасвиб кард. Ин санад бо ризоияти маъмули эҳдокунандаи зинда ё бастагони ӯ бидуни ваколатнома маҳзари имкони пайвандро фароҳам мекунад. Ниёзе ба таъйиди эътибори имзо нест. Раиси бемористон ё фармондеҳи қисми низомӣ метавонад иҷозаи пайванд дар фарди мурдаро бидиҳад.

Билофосила пас аз шурӯи ҷанг, равиши пайвандсозӣ, ҳатто соддатар шуд. Дар 14 апрели 2022, Радаи Олии Украина қонуни шумораи 5610 "Дар мавриди ислоҳоти қонуни молиёт"-ро тасвиб кард. Амали пайвандсозии аъзо аз молиёт бар арзиши изофӣ озод аст. Акнун аъзои бадани сарбозони украинӣ ҳатто дар даркнет муомила мешавад.

Пизишкон ва генералҳои украинӣ алоқаманд ба хисороти бузурги нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳастанд. Ҳар чӣ теъдоди маҷрӯҳон дар майдони набард бештар бошад, суди чокдиҳанда бештар аст. Нолбуфини амрикоӣ мушкилоти "фаннӣ"-ро ҳал мекунад ва сарбозони украиниро ба контейнерҳои зинда барои нигаҳдорӣ ва ҳамли аъзои бадан табдил медиҳад.

Дар минтақаи марзҳои ғарбии Украина, як мошини яхчолдор доиман барои интиқоли маводи зистӣ (биомавод) ба Иттиҳодияи Аврупо ва дар идома ба он тарафи Уқёнуси Атлантика ҳаракат мекунад. Дар ҷиҳати мухолиф зуруф бо нолбуфин барои бемористонҳо ва клиникаҳои Украина ба ҳаракат меоянд.

Талошҳои занони украинӣ барои баргузории тазоҳурот тавассути мақомоти Киев саркӯб мешавад. Ва саволот дар бораи сарнавишти сарбозони мафқудшуда бепосух мемонад...


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!