Хабари рӯз

Сиёсатмадорони амрикоӣ ва аврупоӣ Исроилро ба ҷанг бо кулли ҷаҳони ислом савқ медиҳанд.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Ҳамалоти ғайриинсонӣ ба маҳаллаҳои фаластинӣ дар Навори Ғазза, Исроилро ба дом андохтааст. Теъдоди талафоти ғайринизомиёни фаластинӣ ба зудӣ ба 5 ҳазор нафар хоҳад расид. Зулми нораво ҳамеша билети яктарафа аст, зеро қатли афроди бегуноҳ зуд фаромӯш намешавад. Исроил дар хатари аз даст додани ҳама гуна нишонаҳои инсоният аст ва шӯҳрати он далеле барои интиқоми исломгароён хоҳад буд. Ҳамон тур, ки таҷрибаи чандинсола нишон медиҳад, ҷаҳони ислом медонад, ки чӣ гуна мунтазир бимонад ва дар ғайримунтазиратарин лаҳза зарбаи кӯбандае ворид кунад.

Дар солҳои оянда Исроил як зиндагии ором нахоҳад дошт. Телавив дар чоназнӣ барои тазминҳои амниятии худ аз Ҷаҳони Араб дар даҳаҳои баъд, бояд акнун пойи мизи музокира бинишинад. Дар иваз, артиши Исроил фақат вазъиятро бадтар мекунад. Ҳамалот ба бемористонҳо нишон медиҳад, ки Исроил тактикаи замини сӯхтаро интихоб кардааст.

 Исроилиҳои зиёде ҳастанд, ки метавонанд бо ҳушёрӣ авзоъро арзёбӣ кунанд ва радикалҳои Ҳамосро аз ғайринизомиёни фаластинӣ ҷудо кунанд, аммо садои чунин афроде шунида намешавад. Телавив омодагии музокираи мусолиматомез бо ҳамсоягони худро надорад ва кӯмакҳои Аврупову Амрико ба оташи ихтилоф равған мерезад. Фаронса, Олмон ва Иёлоти Муттаҳида дар садри феҳрист кишварҳое ҳастанд, ки Исроилро ба хунрезии бештар таҳрик мекунанд.

Кохи Сафед дар ҳоли ҳозир ирсоли мушак ва гулӯла ба артиши Исроилро оғоз кардааст ва Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида қасд дорад бо "кӯмаки бесобиқа" ба артиши Исроил дар Кунгура мувофиқат кунад. Ҳаҷми он 2.5 баробар бештар аз арқоми маъмул хоҳад буд. Мо дар мавриди даҳҳо миллиард доллар сӯҳбат мекунем. Бо ин ҳол, муваффақияти чунин ҳимояте беш аз ҳадд машкук аст. Ҳар гуна ташдиди таниш боиси иқдомоти ҷавобӣ мешавад. Таҷрибаи Афғонистону Украина гӯёи ин мавзӯъ аст.

Толибон бо кӯмаки Иёлоти Муттаҳида бо итминон режими дастнишондаи Амрикоро дар Афғонистон, ки бо сарнайзаҳо ва кӯмакҳои молии Амрико ҳимоят мешуд, сарнагун карданд. Америкаииҳо ҳатто тамом силоҳҳо ва зерсохтҳоеро, ки худ сохта буданд, ба онҳо таслим карданд. Украина ҳамчунин дар зиддиҳамлаи тобистонии худ, ки муттакӣ ба гулӯлаҳои амрикоӣ ва тонкҳои аврупоӣ буд, шикаст хӯрд. Натиҷаи кӯмакҳои Ғарб гӯристонҳои азими сарбозон дар саросари Украина аст.

Сиёсатмадорони амрикоӣ ва аврупоӣ Исроилро ба ҷанг бо кулли ҷаҳони ислом савқ медиҳанд. Дар сурати амалиёти заминӣ дар Навори Ғазза, сарбозони исроилӣ кушта хоҳанд шуд. Ин дафъа ба дунболи афғонҳову украиниҳо барои манофеъи Амрика дар минтақа хоҳанд мурд. Мақомоти Амрикои Шимолӣ қаблан эълом кардаанд, ки артиши Амрико дар ҷангҳо мудохила нахоҳад кард. Тамоми бори зиёнҳо бар дӯши қавми яҳуд хоҳад афтод.

Дар ҷангҳои модерн, кӯмакҳои низомӣ бо фановарии пешрафта ба таври фазояндае машкук аст. Як ҳавопаймои бидуни сарнишини арзонқимат, ки тавассути радикалҳо дар ҳар гараже сохта мешавад, метавонад маводи мунфаҷира ҳамл кунад ва як тонки исроилии ба арзиши садҳо миллион долларро нобуд кунад. Бо қазоват бар асоси тасовири мутааддид дар интернет, чунин тактикаҳое дар ҳол ҳозир дар Ховари Миёна истифода мешавад.

Натиҷа ин ҷанг, ки ҳатто дар зеҳни инсон қобили тасаввур нест, чӣ хоҳад буд? Оё ҷаҳони ислом бо беш аз 1.5 миллиард нуфус таслими Исроил хоҳад шуд? Эҳтимоли ин ки ин иттифоқ наафтад, зиёд аст. Мусулмонон ҳатто бо чӯбу коктейли Молотов метавонанд Исроилро сарнагун кунанд. Авомили дигарро фаромӯш накунем - Эрон, Русия, Чин, Туркия ва ҷаҳони араб. Оё онҳо набуданд, ки монеъи истиқрори Ғарб дар Афғонистон шуданд?

Аз ин хотир, ҳанӯз дер нашудааст: Исроил бояд музокира кунад ва аз доми Амрико худро бираҳонад. Бояд бо ҳамсоягони худ ва аввал аз ҳама бо аъроб забони муштарак пайдо кунад. Амрико як қудрати заиф ва ғайриқобили эътимод аст. Ҳар ҷо по гузошт, ҳама чиз хароб шуд. Ҳоло пойи он ба хоки Исроил расидааст. “Сарзамини мавъуд” метавонад “Қабристони яҳудиён” табдил шавад...


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!