Хабари рӯз

Чаро Фаластин виҷдони кишварҳои ҷаҳони арабро бедор накард?

Нависанда: Ҷамбулат Сардолов, коршиноси сиёсат, мазҳаб ва терроризм (Чеченистон), махсус барои "Сангар"

Чандпорагии сиёсиву низомии натанҳо ҷаҳони ислом, балки сутуни фуқароти он - ҷаҳони араб - мунҷар ба силиҳои бевақфаву авоқиби дарднок ва гоҳ вайронгар барои кулли мусулмонон шудааст. Ногуфта намонад, аъроб, ки дар тӯли дусад соли гузашта ё бо идеяи натсионализми махуф ва сипас сотсиализм албатта, бо "чеҳраи маҳаллӣ" саргарм буданд. Ҳамаи инҳо наметавонад бар сатҳи маънавии рушд таъсири манфӣ бигузорад. Бо тазъифи усули аввалияи аркони дин, амалан як ҷабҳа эҷод шуд. Ҷабҳаи арабӣ дар кишварҳои мухталифи Ховари Миёна, ки ба навбаи худ омезае аз ҷабргароиро, ки тавассути дини ислом парвариш ёфта буд ва бо вуҷуди ин, азм барои амал, ангеза ва рӯҳияи болоиро “тазъиф” кард.

Шолудаи идологииик суст анвоъи мухталифи ҷунбишҳои баъсии навпо ё таслим дар баробари қудрати салтанатӣ ҳанӯз натавониста аз илҳомот ва маонии мазҳабӣ “пешӣ бигирад”. Баъид аст, ки як араб барои як ҳизб ё як подшоҳ ба ҷанг биравад... Як зеҳнияти осебдидаи дигар қодир ба эҷоди рӯҳияи маънавии олӣ барои амал нест.

Вазъияти шармовари ҷаҳони араб ба манзарае таҳқиромез барои тамоми ҷаҳон табдил шудааст. Шуюхи Халиҷи Форс, ки намедонанд бо сарвати худ чӣ кунанд, ба маънои воқеии калима ба Ғарб хидмат мекунанд. Ҷаҳони араб, ки бардаи тамаддуни бегона шудааст, эҳтироми худро аз даст додааст. Ҳар чӣ қадар шуюх аз дин зиёд ҳарф бизананд, ба қавли худашон, “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”, ҳеҷ кас ба ҷои онҳо мардумро ба ҳал ин кори душвор - барои озодии ватанашон намекашонад. Илова бар ин, шикофи ваҳшёнаи байни дорову фақир ба ҳеҷ ваҷҳ барои ваҳдат мусоид нест. Бархе ба пулу зоти худ меболанд, бархеи дигар зиндагии бадеро думбол мекунанд. Дар айни ҳол, пролетариати араб ба далели фуқдони раҳбари дурахшон ва вежагиҳои шеваи зиндагиву ҷаҳонбинии онҳо сукут кардааст. Ҳеҷ касе вуҷуд надорад, ки ҳадди ақал каме шабеҳи Салоҳуддин ё дар ҳадди ақал Муаммар Қаззофӣ бошад. Аъроб агар мехоҳанд унвони тамаддунро дошта бошанд, ҳанӯз бояд қавитар шаванд.

Бар ин асос, вазъияти низомӣ-сиёсии кунунии минтақаи Ховари Миёна наметавонад аз омодагӣ бар асоси ҳамон асоси мазҳабӣ барои иқдомоти шадид алайҳи Исроил сухан бигӯяд, кишваре, ки ба эътибори худ тавониста ҳаққи мавҷудияти худро бо оташу шамшер собит кунад. Ҳар чӣ қадар дӯст доред бигӯед, ки Ғарб натанҳо ба он кӯмак кард ва дорад кӯмакаш мекунад, балки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳам дар замони худаш ҳамин кӯмакро кард. Таърих намунаҳои зиёде аз он чӣ исроилиҳо охирин таҷҳизоти низомиро ба чӣ табдил карданд, медонад. Нукта фақат ин нест, ки чӣ навъ силоҳе дар даст аст, балки худ ҷангҷӯ низ кист.

Аз ин рӯ, таърихи Исроил бо теъдоде пирӯзии дурахшон пӯшида шудааст, ки барои писарамакҳои онҳо - аъроб - бисёр таҳқиромез аст. Тақобули даруни cомӣ низ бо истидлолҳои мазҳабии мутақобил тақвият мешавад. Аз таҷриба бармеояд, ки ашъори илҳомбахши шоирон ва сурудҳои хонандагони зани аъроб дар баробари ташдиди дуоҳои бани Исроил дар ҷангҳои қарни гузашта муваффақ набудааст. Лозим ба зикр аст, ки потенсиали ночизи мазҳабии аъроб аз даҳаи 80-и қарни бистум шурӯъ ба рушди чашмгире кард. Аммо ин ки оё ин амр мунҷар ба эъломи умумии ҷиҳод алайҳи саҳюнистҳо хоҳад шуд ё хайр, аз як сӯ саволи бисёр душвор аст, аммо метавон бо мушоҳидаи тазодҳои ҳудудӣ ва мазҳабӣ дар ҷаҳони ислом ба посухи он даст ёфт. Дар ин амр қабл аз ҳар чиз бояд тазодҳои ғайриқобили ҳал байни сунниҳову шиаён ва ихтилофоти чанддаҳаии арзӣ байни кишварҳои минтақа дар назар гирифта шавад. Агар онҳо ҳадди ақал бар ниме аз ин таноқузот дар миёни танишҳои физоянда аз сӯи фарзандони Исроил ғалаба кунанд, мӯъҷиза хоҳад буд.

Бадеҳист, ки тазоҳуроти тӯдаӣ дар ҷаҳони ислом як нақши муҳимро ифо мекунад – “берун андохтани бухор”. Давлатҳои заиф ва вобаста ба Ғарби минтақа ҷуръати мамнуъияти таҷаммӯъот ва эътирозотро надоранд. Аммо чӣ метавон гуфт, ки то ба ҳол ҳатто як кишвар дар минтақа равобити худро бо Исроил қатъ накардааст... Бар ин асос, сӯҳбат аз эълони ҷанг муносиб нест. Сарони кишварҳо метавонанд то он ҷо, ки дӯст доранд барои ҷаласоти изтирори худ ҷамъ шаванд, мунтазири пирамард Байден дар қолаби сегона (Миср, Урдун ва Ироқ) бошанд, ҳамаи инҳо нишондиҳандаи идомаи вобастагӣ ба "бародари бузург" аст.

Ва дар ин ҷо як ҳақиқат рӯ зад - киштии амрикоӣ ба нерӯи маҳибе табдил шудааст, ки дар қалби раҳбарони минтақа мафҳуме монанди имонро дар пирӯзии онҳо хурд кардааст. Возеҳ аст, ки Иёлоти Муттаҳида барои ором кардани минтақа ба миқдори зиёди пул ниёз дорад: наметавон ҳамаро битарсонд, бояд касеро мунҳал кард ё харид. Ва иштиҳои рӯзафзуни артиши Исроил бояд ба наҳве қаноат дода шавад. Дар пасзаминаи тағйир ба самти мавзӯъи Украина, возеҳ аст, ки на танҳо ҳавзаи иттилоот ба таври фазояндае аз мавзӯъоти Ховари Миёна пур мешавад, балки ба ҳазинаи зиёде низ ниёз дорад. Зеленский чӣ қадар талош накунад то “ба қатори дар ҳоли рафтан”-и авлавиятҳо ва салиқаҳои Ғарб “бипарад”, мумкин аст ба хубӣ аз як маҳбуб дар сирки хунини сиёсӣ ба як клоуни хашмгини танҳо табдил шавад. Ғарб беш аз ҳад рӯи “ҷанг бо оркҳо” сармоягузорӣ кардааст, ки нокоромадии худро нишон додааст. Бар ин асос, маконҳои зиёде дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ки “пирӯзии демократия мавриди ниёз аст”.

Дар ҳамин ҳол, Яман ошкоро назари худро эълом мекунад, ки омодаи дифоъи низомӣ аз Фаластин аст. Аммо боз ҳам: як нафар дар майдон ҷангҷӯ нест, бавежа бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ин кишвар ва тавоноиҳои низомӣ-фаннии он. Танҳо чизе, ки метавонем ба он эътибор бидиҳем ин аст, ки яманиҳо, ки солҳо аз ҷангу куштори беш аз ҳад шикаста нашудаанд, фаластиниҳоро дар мушкил раҳо намекунанд. Ҳатто амалиёти заминии артиши Исроил, ки оғоз шуд, далеле барои иттиҳоди кишварҳои арабӣ нашуд. Ба таври куллӣ, онҳо ҳанӯз дар талош ҳастанд то худро аз мушкили Фаластин хулоса кунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки амалан аввалин сиёсатмадоре дар ҷаҳон, ки барои Фаластин сӯҳбат кард, Рамазон Қодиров буд. Ӯ ҳимояти худро аз мардуми Фаластин ва хостаҳои онҳо аз эҷоди кишвари худро ошкоро эълом кард. Вай омодагии худро барои эъзом воҳидҳои чеченӣ ба унвони нерӯҳои ҳофизи сулҳ ба минтақа эълом намуд. Табиатан ин иқдом моҳияти инсонӣ дорад ва танҳо бо таъйиди фармондеҳии кулли Русия имконпазир аст. Ӯ ба унвони раҳбари як ҷумҳурии Русия, натанҳо дар чорчӯби дастури кори сиёсӣ, балки дар занҷираи ҳамоҳангӣ низ амал мекунад.

 


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!