Чаро Толибон ҳатто тавсияҳои Қуръонро ба назар намегиранд?
Нависанда: Муин Исломпур, афсари вазорати дифоъи собиқи Афғонистон
Вақте ба гузаштаҳо ва ба фарозу фурудҳои таърихи башарият назарандозӣ шавад, дида хоҳад шуд саросари ҷангу хушунат ва номулоимот, инсонкушӣ аст, ки ҳеҷ гуна тавҷеҳе надорад. Ҳолокостеро, ки рейхи севум рақам зад, ҷинояти бузург аст, апартеиди Африқои Ҷанубӣ, ҷинояти зиддибашарӣ аст, ки ҳаргиз қобили тавҷеҳ нест ва агар аз инҳо убур намоем, таърихи сарзамини мо солиён дарозе бо вайронгарӣ ва оганда аз ошӯбу инсонкушӣ будааст. Ба қавли доктор Испанто, дар ин "ҷуғрофиёи қотил", рӯйдодҳои талху трагедӣ ва фоҷеаҳои хунин ба вуқӯъ пайвастааст.
Ҷангҳои дохилӣ, мунозиа бар сари қудрат аз сиёҳтарин нуқтаи таърихи Афғонистон маҳсуб мегардад. Ҳамвора бархе авомил ба сони ишғоли сарзамини ақвом, тазодҳои мазҳабӣ, табъиз, хушунати сиёсӣ... ҳама дар ин хокдон солҳо бедод кардааст. Ва садҳо инсони бегуноҳ қурбонии манофеъҷӯӣ ва фузунхоҳии ононе шудаанд, ки кӯчактарин фикру андешаи авоқибандешонае нисбат ба мардуму манофеъи миллии кишвар надоштаанд.
Доманаи ин фоҷеа бо гузашти ҳар рӯзу ҳар сол амиқтару густурдатар мешавад ва бо чанд ҳарфи демогогӣ ва мардумфиреб, ки борҳо гуфтанд: "ҷанг аст, дар ҷанг нону ҳалво қисмат намешавад", наметавон бо ин газингӯиҳои ҳаррофиву фиребанда, амалкарди ғайриинсонӣ, фоҷеаҳои хунини ношӣ аз қудратталабӣ ва гегемонияи қавмиро тавҷеҳ кард ва роҳат аз канори ин фоҷиаи таърихӣ гузашт.
Ҷангу хунрезӣ, қатл, куштори ҷамъӣ, қатли бародар тавассути бародар... ҳама аз суннатҳои нописанди қудратталабии як қавми хос ҳастанд, ки солҳо барои тасхири қудрат аз ҳар гуна абзор алайҳи якдигар истифода кардаанд ва равишҳои маданӣ, демократӣ ва мардумсолориро ба ҳошия бурдаанд. Гегемонияхоҳии қавмӣ сабаб шуд, ки ин усули писандидаи ҷаҳониро ҳеҷ вақте ба расмият нишносанд, ҳатто як давраи нисбӣ ва демократияи улгуӣ-ғарбӣ, ки ба миён омад, қабилаи хашму хушунат алайҳи он таблиғоти заҳрогинро ба роҳ андохтанд. Дар фарҷом иддае аз дохил дар табонӣ бо авомили берунӣ ва бо дастури кори комилан қавмӣ ва тафаккури фашистӣ модели демократияро дар ин кишвар аз ҳар модели дигар бадному ноком сохтанд.
Аз сӯи дигар дар бархе маворид агар касоне ҳам хостанд аз роҳи абзорҳои маданӣ ба қудрат бирасанд ва як суннати мондагор барои расидан ба қудратро дар ин кишвар ниҳодина созанд, ин ҷамоати инҳисоргар бо ҳар баҳона, ҳилаву найранги ҳазорранг монеъи таҳаққуқи он шудаанд. Дар ниҳоят фароянди мардумсолориро ба мавонеъ ва чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ намудаанд.
Он чӣ дар миён муҳим аст, бозиҳову набардҳои хунин ва трагедияи талхи панҷ даҳаи пасин аст, ки гурӯҳҳои мухталиф барои ҳусули қудрати сиёсӣ–низомӣ ин кишварро солҳо аз корвони тамаддун ва пешрафт ба ақиб кашиданд, ҳазорон инсони мазлуму бегуноҳ қурбони бартарталабӣ, фузунхоҳии ин гурӯҳҳо шудаанд. Гурӯҳҳои “Халқ”-у “Парчам” барои бақо ва ҳифзи иқтидори хеш садҳо инсонро дар полигонҳои Пуличархӣ ва бархе манотиқи дигар ба баҳонаи ин ки онҳо зидди манофеъи миллии таърифшудаи худашон аст, ҳамаро ба қатл расонданд.
Пас аз барандозии режими худкомаи доктар Наҷиб ва дар замони ҳокимияти муҷоҳидин набардҳои миёнгурӯҳӣ ташдид ёфт. Ҷангҳои хунини ниёбатӣ алайҳи ҳукумат дар шаҳри Кобул созмон дода шуд. Дар фарҷом мунҷар ба суқути ҳукумати муҷоҳидин шуд. Ин пораи дигари трагедия буд, ки намешавад онро нодида гирифт ва аз канораш рад шуд.
Кобуси толибонӣ дар (6 мизони 1375 - 27 сентябри 1996) бо чеҳраҳо ва қиёфаҳои абусу ҳаюлоӣ вориди Кобул шуданд. Дар баробари мардум аз ҳар гуна хашму хушунату истибдод кор гирифтанд, пулиси мазҳабии Толибон "амр ба маъруф" шаҳрвандонро мавриди латукӯб он ҳам тавассути кабел мавриди озору азият қарор доданд, ки бадтарин навъи хушунат маҳсуб мешуд, бидуни он ки эҳсос кунанд бо кабел ҳайвон ва ё инсонро латукӯб менамоянд, бераҳмона ҳамаро шаллоқ мезаданд ва даҳҳо нафар дар асари шаллоқи онҳо ҷон бохтанд.
Хулоса, бо мушоҳидаи як муҳоҷими тозавуруди хашини бадавӣ ба Кобул, ки бо ҳеҷ як аз муаллифаҳои фарҳанги шаҳрӣ ва шаҳрвандӣ ошноӣ надорад, марги инсониятро мешуд дар чеҳра ва симои як толиб дид ва тамошо кард. Ҳокимияти панҷсолаи султаи толибонӣ дар кишвар дидани саҳнаҳои фоҷиабор ва сенарияи тафаккури казоии динӣ, одамиро ба ёди қуруни вусто, ба вежа ба ёду хотироти ғамноки бурдҳои иҷбории аҳроми Миср мебарад. Он ҳама саҳнаҳои ғамангез, ки аз тариқи расонаҳо дида шуда, мешуд хеле роҳат заволи инсониятро дар он рӯзгор мушоҳида кард.
Хулоса, ин гурӯҳи демагог бо шиорҳои динӣ ва рӯйкарди исломӣ, шанеътарин аъмоли зиддиинсониро дар кишвар анҷом додааст. Бо ҳеҷ як аз муаллифаҳои ҳуқуқбашарӣ ва каромати инсонӣ кӯчактарин тааммул накардааст. Бо он ки борҳо ниҳодҳои ҳуқуқи башар нисбат ба амалкарди ғайриинсонӣ- ахлоқии Толибон вокуниши тунд нишон доданд, аз онҳо хостаанд ахлоқи ҷангро риоят кунанд, бо мардуми мулкӣ мутобиқ ба мутуни мазҳабӣ ва омӯзаҳои исломӣ бархурди инсонӣ намоянд, аммо онҳо андак таваҷҷуҳе нисбат ба вокунишҳо ва тақозои ниҳодҳои ҳуқуқи башар накардаанд, бал пир, ҷавон, атфол, зан, мард, ҳамаро бидуни тафкик куштаанд. Ин фоҷеаи инсонӣ аз оғози даври нахуст то зуҳури даври дувуми Толибон ҳамчунон дар кишвар идома дорад.
Чунон ки Толибон дар оғози пайдоишашон дар бархе дар вилоёти самти Шимол, ба вежа дар вулсволии Якавланги Бомиён, Балх, Кописо, Парвон, Сарипул ва бархе нуқоти дигар садҳо инсонро ба сурати дастаҷамъӣ ба қатл расондаанд, бо ин ҳама ҷиноёти зиддибашарии ин гурӯҳ борҳо марги инсониятро эълом кардаанд ва завол инсониятро бо худ ҷашн гирифтанд. Дарвоқеъ ин гурӯҳи ваҳшӣ ва мутаҳаҷҷир ҳама арзишҳои инсониро нафй кардаанд, инсонҳои бегуноҳи зиёдеро ба қатл расондаанд.
Агар ин гурӯҳ ба Қуръон, дин ва мазҳаб имон дошт ва дорад, чаро тавсияҳои ахлоқи динро нодида гирифтааст?! Дар ҳоле ки Қуръон дар ояте (32, сураи Моида) ба гунаи сареҳу ошкор мегӯяд: "Қатли як инсон, қатли як ҷомеа аст". Аммо бар хилофи ин гурӯҳи такфирӣ бар тамоми муаллифаҳо ва мутуни динӣ бархӯрди абзорӣ намуда ва барои таҳаққуқи аҳдофи ғайриинсонӣ ва қавмии хеш ояҳои қуръониро бар муроди худ таҳрифу тавҷеҳ намуда ва менамоянд. Дақиқтарин таъриф ва шинохте, ки мардум метавонанд бо таваҷҷуҳ ба амалкарди наздик ба се даҳаи пасини ин гурӯҳ дошта бошанд, ҷуз мурури як сатри кӯтоҳ, ки метавон моҳияту ҳувият ин гурӯҳро шинохт: гурӯҳи Толибон "навъи дигаре аз хавориҷи қарни бисту якум аст, ки бо рӯйкарди толибонӣ ва натсионализми қавмӣ бамаротиб бадтар ва махуфтар аз хавориҷи садри ислом зуҳур намудаанд".