Хабари рӯз

Чӣ гуна ҷаҳонро оташ мезананд, то ба биҳишт расанд?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Ба бовари ман, ҳоло дигар чатри усул, муқаррарот ва салоҳиятҳои Созмони Милали Муттаҳид бар замин афтода ва арзиши ҳуқуқиву ҷаҳонии худро аз даст додааст.

 Чунончи ҳама дар ҷараён қарор дорем, ки бо гузашти як моҳ аз ҷанги Исроилу Фаластин Созмони Милали Муттаҳид чандин мартаба қатънома содир кард, то миёни ду тараф оташбас сурат гирад, вале Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳеҷ навъ эътиное ба қатънома ва файсалаҳои Созмони Милали Муттаҳид накард, чун аз пуштибони абарқудратҳои ҷаҳонӣ бархурдор аст.

Аз сӯи дигар, оқои Гутереш, сармуншии Созмони Милали Муттаҳид ба забони худ мегӯяд, ки Ғазза ба қабристони атфол ё кӯдакон табдил шудааст ва ҳамчунон мегӯяд, ки танҳо 89 нафар аз кормандони Созмони Милал ва дар ҳудуди 10 ҳазор нафар аз мардуми мусулмон ва мазлуми Фаластин кушта шудааст.

Пас мо ба ин натиҷа мерасем, ки Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амният моҳияти ҳуқуқӣ ва инсонии худро аз даст додаанд.

Дигар бо ин ному идорае, ки битавонад мушкили дунёро ҳал кунад, вуҷуд надорад.

Ба назар мерасад, тамаддуни башарӣ, бахусус, ғарбӣ ба ниҳояти худ расидааст, аз он тараф тамаддуни исломӣ низ бо зуҳури гуруҳҳои ифротие, ки ҳозиранд ҷаҳонро барои рафтан ба биҳишт ба оташ бикашанд, девонавор шиори ҷанг медиҳанд. Асосан тайи як қарни ахир ба далели мунфаил будан ва бетафовутии аксарияти мардуми ҷаҳон, эътидолгароӣ оҳиста-оҳиста канор зада шудааст, ибтикори амал дар дасти ифротиёни ҷаҳон аст. Дар ҷаҳони имрӯз амалан арзишҳои эътидолу тасомуҳ шикаст хӯрдааст, қаҳрамонон ҳамонҳое ҳастанд, ки аз номи дину ислом сӯистифода мекунанд.

Расонаҳо ва матбуоти ҷаҳон низ нақши бузурге дар ин қаҳрамонсозӣ дошта ва доранд.

Ҷаҳон дар остонаи фурӯпошии ахлоқӣ қарор гирифтааст. Сиёсатмадорони гетӣ ба ҳеҷ арзише амалан пойбанд нестанд, ҳар ҷо ва ҳар лаҳза, ки бихоҳанд ҷангеро оғоз мекунанд, бе он ки ҳеҷ аҳамияте ба низоми байналмилал бидиҳанд, амалан ҷаҳонро ба хатари бузурге мувоҷеҳ сохтаанд. Онҳо бо ҷуръати тамом мегӯянд, мо ҳангоме ки ба як кишваре меравем ва ё аз он хориҷ мешавем, аз мардуми он кишвар иҷоза намегирем. Ин адабиёт мисдоқи моҳияти қудратҳои бузурги ҷаҳони имрӯз аст. Ба осонӣ метавонанд бигӯянд, ҳар чӣ дили мо бихоҳад, ҳамонро анҷом медиҳем. Ин як воқеияти дардноку шармовари имрӯзи ҷаҳон аст.

Таслими Афғонистон, ҷанги Украина ва инак, ҷанги хунини Ғазза, аз намунаҳои боризи ин резиши ахлоқии байналамилалӣ ва фурӯпошии арзишии низоми байналмилал аст.

Мутаассифона, раҳбарии имрӯзи ҷаҳон ба дасти девонагон, қудрати девонагони сарват ва девонагони фурӯши силоҳ афтодааст. Онҳо то башариятро нобуд накунанд, аз по нахоҳанд афтод.

Замони он расида то ҳама мардуми ҷаҳон дар баробари ин вазъияти бисёр хатарнок биистанд, дар ғайри он сурат ба зудӣ шоҳиди нобудии ҷаҳон хоҳем буд. Ҳеҷ вақт то ба ин андоза хатари нобудии ҷамъӣ наздик набуда, ҳар лаҳза бо таҳдиди истифода аз силоҳҳои атомӣ мувоҷеҳ ҳастем. Одамҳое, ки ба инсону шарофати инсонӣ бовар доранд, лутфан монеъи ин девонагон шаванд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!