Хабари рӯз

Қоидаи бозӣ дар ҷаҳони кунунӣ чӣ гуна аст?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Бар ҳеҷ касе пӯшида нест, ки миллитаризму савдои пулдор шудан ва пулдор мондан дар хислати ҷаҳони имрӯзи сармоядорӣ аст. Ман нақли қавле аз андешамандони ба зоҳир зидди сармоядорӣ намекунам, чун дар моҳияти инчунин афроде шакку тардидҳои зиёде вуҷуд дорад.

Биноан он чиро, ки дар ин навишта менависам, таҷрибиёте аст, ки ҳар рӯз шоҳидаш ҳастем, аммо таваҷҷуҳе ба он намекунем. Аммо он чӣ, ки мубарҳан аст, ин аст, ки бузургтарин қудрати дунё (Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико) бо тавлиди 65 дарсад донише, ки дар дунё тавлид мешавад, беш аз 800 пойгоҳи низомӣ дар саросари ҷаҳон, ба вежа дар ҳавзаҳои роҳбурдӣ дорад, паймонҳои низомии қудратмандеро, монанди НАТО раҳбарӣ мекунад, ҳампаймонони сарватманд аз дунёи як миллиарду шашсадмиллионии ҷаҳони ислом дорад, ифротгароиро абзоре барои таҳаққуқи аҳдофи роҳбурдии худ ба гунаи муассир ба кор бурда, аз замони суқути Иттиҳод Шӯравӣ ва ҳатто қабл аз он дар марҳалаи пас аз хатми Ҷанги ҷаҳонии дувум ва оғоз ҷанги сард, дар беш аз 100 ҷанги хунин нақш дошта, низомҳои сиёсиро бо муҳандисиҳои истихборотӣ сарнагун сохта ва дастнишондаҳои худро дар он гумоштааст, тавлиди нохолиси дохилии он беш аз 23 триллион доллар мешавад, аз 11 оброҳи роҳбурдӣ 9-тои онро дар ихтиёр дорад, сарвати сарсомоваре аз маодини кишварҳои ғанӣ аз лиҳоз манобеи зерзаминӣ, аммо даргири бесуботии сиёсиро дар ихтиёр дорад, се ҳавзаи калидии тавлиди сарват, монанди Халиҷи Форс, Африқо ва Амрикои Лотинро дучори буҳрон карда, то аз он баҳрабардории сиёсӣ ва иқтисодӣ кунад, талош дорад, зери занахи Чин, Русия ва Эрон бистар ва ҷуғрофияи террорро ҳамвор кунад, то ба таъқиби он битавонад ба василаи роҳбурдии даргир сохтани душман дар замини худаш, заминаро барои эҷод мавонеъ фарорӯи гегемонияхоҳиҳои тавсеаталабонаи Чин дар шарқи Осиё, роҳбурди густаришталабонаи Русия дар Аврупо ва роҳбурди фаъолгароёнаи  Эрон дар Ховари Миёнаро мусоид созад.

Ин стратегия дар асл ба асосаи доктринаи бозмувозина аз роҳи дур тарроҳӣ шудааст. Доктринаи бозмувозина дар асл ба таркиби иқдомоте далолат дорад, ки аз лиҳози моҳиятӣ, амалкардӣ ва фикрӣ тамоми қуввати мунҷасими Амрикоро дар манотиқи дорои аҳамияти фаровони геополитикӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегӣ, мутароким сохта ва мунҷар ба эҷоди девори дифоъӣ дар баробари душманони Амрико мешавад.

Он чи, ки равшан аст, ҷанги ривоятҳо аст, ки дар қолаби доктринаи гибридӣ дар дастури кори қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ҷанги ривоятҳо дар асл ба бозӣ дар зеҳнияти мардуми ом тавассути қудратҳои бузург далолат дорад. Ин ҷанг дар асл, хӯроки зеҳнӣ ва ҷонмояи тафаккури ҷанги миёни ин қудратҳоро шакл медиҳад.

Дӯсте бароям паём дода буд, ки бояд дар мавриди ривоятҳои шарқӣ ва ғарбӣ, диққат кунам. Пешниҳоди хубе буд. Ман бо иттико ба лутфи худодод ва пешинаи таҳлили мавзӯоте рӯйи ин мавзӯъ диққати бештар кардам, ки натиҷаи он чанд мавзӯи зайл аст:

Аввал - дар ҷанги феълӣ, ҳаққу ботиле вуҷуд надорад. Он чи ки моҳияти ҳақоиқро мусаллам месозад, ривоятҳои сохтагии қудратҳои бузург аст, ки танҳо инсонҳои зираку нуктадон ба он пай мебаранд. Ҷанги ривоятҳо ваҷҳаи дурӯғини амалкарди сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии қудратҳои бузург аст, ки ба василаи он дар ҷаҳон барои таъқибу таҳсили манофеашон, даст ба халқи он мезананд;

 Дувум - ҷанги ривоятҳо шохаву барги иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ, фарҳангӣ ва гегемонияталабона дорад. Вақте аз ҷанги гибридӣ сӯҳбат мекунем, дар асл ба ҷанге далолат дорад, ки мураккаб аз тамоми муаллифаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ, фарҳангӣ, равонӣ, забонӣ ва... бошад. Чаро пайванд миёни ҷанги ривоятҳоро бо ҷанги гибридӣ ба вуҷуд овардаем? Чун ҳаракати колективии инсонӣ, мусталзими як тафаккур аст. Тафаккур ба асос як ривоят бояд халқ шавад ва ривояти маншаъу ҷонмояи ҳаракат аз ибтидо аст. Дарвоқеъ, ба ин асл роҳбурди нуфуз дар мағзҳо мегӯянд, ки бо шиллики ҳадафманди қабл аз шурӯъи ҷанг, ривоятеро дар зеҳни хонанда халқ мекунад. Хонандаҳову бинандаҳо, ки омми мардумро месозанд ва аз қабл бистари ҳаққонияти ин ҷангро фароҳам месозанд. Бо бистарсозии моҳиронаи ҷанг дар зеҳнияти хонандаҳо, бинандаҳо ва оми мардуме, ки ба қазовати ҳаққоният ва ваҷҳи ботили ин ҷанг пардохтаанд, мошини ҷангӣ миёни қудратҳои бузург, фаъолтар шуда ва бештар фаъолият мекунанд;

Севум - ҳеҷ гоҳ мо набояд тасаввур кунем, ки мо ҳадафи ҷанг нестем. Таҷрибаи ҷангҳои ахир ва қарни ҳозир нишон медиҳад, ки ҳеҷ ҷойи дунё, ки аҳамияти роҳбурдӣ дошта бошад, дорои манобеи зерзаминӣ бошад ва барои қудратҳои бузургу минтақаии дунё манофее дошта бошад, масъун аз ҷанг нахоҳанд монд. Инро асли манофеи қудратҳои бузург мегӯянд, ки барои тадовуми султаи ҷаҳонӣ, итминон аз дастрасӣ ба манотиқи муҳиму ҳаётӣ, манобеи зерзаминӣ ва мавриди ниёзашон даст ба ҳар ҷанге мезананд, ки ҷуз худашон, каси дигаре барандаи он нест. Ҳатто ҳузури низомӣ, тақобули амниятӣ ва сафбандиҳои низомӣ ҳама ба тавофуқ миёни ин қудратҳо бар мегардад. Он чиро, ки дар зоҳир ба василаи расонаҳо нишон дода мешавад, аз лиҳози моҳиятӣ, ҷанбае аз ин ҷангҳост, ки бинандаҳо ба мухотибҳои аслии он мубаддал мешаванд. Чаро қудратҳои бузург чунин ҷангеро роҳандозӣ мекунанд? Чун зеҳнияти мардумро масруф сохтан ва мазмунеро барои саргармии зеҳнияти ҷаҳонӣ ба вуҷуд овардан аз вазоифи аслии ин қудратҳост, ки ҳам масрафи дохилӣ дорад ва ҳам фаромарзӣ. Биноан, роҳбурди "як ҷангу сад сюжет" яке аз аҳдофи асосии ин қудратҳо аст, ки дар паҳнои он  ҷангеро роҳ меандозанд ва омма зеҳнияти ҷаҳониёнро даргири сад сюжет месозанд, то дар таҳти шуои дурӯғини он ба касби манобеъ ва манофеи муҳим ва ҳаётӣ даст ёбанд;

Чаҳорум - ҷанги ривоятҳо асосан ба роҳбурди ҷанги равонӣ миёни Шарқу Ғарб итлоқ мешавад. Шарқ дар нигоҳи Ғарб як муҷрим, таҷовузкор, беқонун, ба дур аз андешаҳои тараққихоҳона, ғайри демократӣ ва ноҳинҷор  дар ҷаҳони модерни имрӯз аст. Дар ҳоле ки дар тафаккури шарқӣ Ғарб бонии терроризм, қочоқи маводи мухаддир, масъули ниёбатиҳои хунхор ва омили асосии бесуботӣ дар ҷаҳони имрӯз аст, ки барои таҳаққуқи аҳдофи сиёсиаш даст ба таҷовуз мезанад ва сарзаминҳоро тороҷ мекунад ва инсонҳоро ба хоку хун мекашонад. Мо ба тафовут миёни дидгоҳҳо нигоҳ мекунем, то моҳияти аслии ин ҷангро дарёбем. Дар ҳоле ки бояд ҳеҷ гуна интибоҳе ҷуз бардоштҳои манфиатталабона ба қудратҳои бузург ва минтақа надошта бошем, бояд мутаваҷҷеҳи асли ҳадафи ин ҷанги роҳандохташудаи манфиатталабона ба мадади ривоятҳо бошем. Яъне ҳарду ривоят зимни ин ки ҳақоиқро мусаллам месозанд ва ба равшан сохтани он кӯмак мекунанд, барои халқи ривояти ҷаҳон ҷудо аз ду тарафи ҷанг низ кӯмаки фаровоне мекунанд. Яъне нигоҳи мо бояд як нигоҳи мӯҳтотона, диққатнигарона ва орӣ аз ҳар хел ҷонибдорӣ бошад. Шояд айнитарин мисдоқи ин баҳсро дар ҷанги сард дида бошем, ки чӣ гуна Иттиҳод Шӯравӣ ва Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико ба тахриби ҳамдигар ба василаи ҷанг мепардохтанд ва обишхури зеҳнӣ ва фикрии онро ба мадади ривоятҳо, таъмин мекарданд.

Панҷум - ҷанги ривоятҳо ба масобаи абзоре барои касби манофеи қудратҳои бузург хуб амал кардааст. Яъне ҳар ҷанге бояд таъмини лужистикӣ, молӣ ва инсонӣ шавад. Барои таъмини лужистики ҷанг, силоҳ, муҳиммот ва маводи мавриди ниёз барои таъмини молӣ манобеи зеризаминӣ ва барои таъмини манобеи инсонӣ, коргарони арзон, дар хидмати қудратҳои бузург барои роҳандозӣ ва пешбурди ин ҷанг ба гунаи худкор фароҳам мешавад.

Агар хуб диққат шавад, ҷанги ривоятҳо ҷанги манофеъ, абзори ҳифзи қудрат барои қудратҳои бузург, ҷанги оромсозии зеҳният барои тадовуми султаи қудратҳои бузург, ҷанги истихдоми нерӯи кор барои аҳдофи роҳбурдиву ҷангӣ ва ҷанги дурӯғпароганӣ барои фиреби оми мардуми ҷаҳон аст. Ҷаҳони имрӯз даргири бештарин ҷангҳо аст, ки манбааш ривоятҳои дурӯғине аст, ки хӯроки зеҳни оми мардуми ҷаҳон шудааст. Ин ривоят ҳам замина ва бистари ин ҷангҳоро фароҳам мекунад, то қудратҳои бузург ба касб ва таҳсили манофеи бештар иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ-ҷангӣ бипардозанд ва ҳам барои зеҳнияти омми мардум, масруфияте халқ мекунад, то мутаваҷҷеҳи  ҳақоиқи мавҷуди дунёи беқонун имрӯз нашаванд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!