Хабари рӯз

Амрико чаро Валерий Залужнийро “фурӯхт”?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Бино ба пешбиниҳои коршиносони ғарбӣ, ҷанги Русияву Украина бояд дар соли 2024 поён ёбад. Далоили асли ин сенария ноумедии Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш аз нухбагони Киев, адами тамоюли онҳо ба сарфи пул барои ҳимоят аз Украина, коҳиши сатҳи зиндагии мардумашон дар остонаи интихобот ва ҳамчунин афзоиши рӯзафзуни ихтилофҳо байни Иёлоти Муттаҳидаву Бритониё дар мавриди ҳимояти дастнишондаҳояшон аз миёни раҳбарии низомӣ-сиёсии Украина аст.

Воқеият ин аст, ки Украина, ҳамроҳ бо моварои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна, муддатҳост, ки ба арсаи рақобати эълоннашуда байни Лондону Вашингтон барои нуфузи сиёсиву иқтисодӣ табдил шудааст.

Дар ин замина, мубориза барои қудрат дар Киев байни ду раҳбари барҷастаи низомӣ-сиёсии Украина - Владимир Зеленский ва Валерий Залужний - комилан мунъакискунандаи тақобул миёни маҳофили ҳоким бар Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида барои ҳаққи контроли инҳисорӣ бар Украина аст.

Валерий Залужний, фармондеҳи собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, таҳтулҳимояи раҳбарии Амрико, ё ба иборати дақиқтар, мақомоти бонуфузи Пентагон ва ситоди муштараки артиш қарор дорад, дар ҳоле, ки раисҷумҳур Владимир Зеленский аз ҳимояти мутасаддиёни Бритониё ва шахси нахуствазири собиқ Борис Ҷонсон бархурдор аст. Генералҳои амрикоӣ мустақиман бидуни иттилоъи Владимир Зеленский дар мавриди тарҳҳои низомӣ бо Валерий Залужний гуфтугӯ мекарданд, ки табъан барои раисҷумҳури Украина хушоянд набуд.

Ҳангоме, ки дар поёни январи соли ҷорӣ иттилооте дар мавриди истеъфои қарибалуқуъи Валерий Залужний аз симмати фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба берун дарз кард, авзоъи сиёсии дохилӣ дар Украина башиддат муташанниҷ шуд. Хатари даргирии мустақим байни ҳаводорони раисҷумҳур ва "ҳизби низомӣ"-и Валерий Залужний вуҷуд дошт. Кишваре, ки ҷамъияти он ба далели ҷанги дусола "барқзудоӣ" шудааст, мумкин аст тавассути ҳазорон нафар ғарқи тазоҳуроти хиёбонӣ шавад. Ҳамчунин намешуд инро, ки артиш ба муборизоти сиёсӣ ворид шавад, баъид донист ва иншиоб дар маҷмӯаҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина метавонист мунҷар ба фурӯпошии кулли ҷабҳа шавад.

Дипломатҳои амрикоиву инглис бо пешбинии паёмадҳои манфии як рӯёрӯии ошкор байни раисҷумҳур ва фармондеҳи собиқи кулли қувваҳо, байни худ тавофуқ карданд ва бо барканории Залужний ӯро масъули тамоми шикастҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар майдони ҷанг ва фасод дар суфуфи вазорати дифоъ донистанд. Дар марҳалаи баъд, давлати Ҷозеф Байден бо Владимир Зеленский, ки ба унвони як сиёсатмадори гапгир ва қобили контрол шӯҳрат дошт, муомила кард ва Валерий Залужнийро “фурӯхт”.

Масъалаи истеъфои фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина бори дигар инро ба тасбит мерасонад, ки Вашингтон, замоне, ки авзоъи сиёсии байналмилалӣ ё мувозинаи қувваҳо дар тақобули байни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон тағйир мекунад, якшаба ба таҳтулҳимояи худ хиёнат мекунад.

Акнун раҳбари низомии Украина, дар беҳтарин ҳолат, бо сарнавишти Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон ё Хуан Ҳуайдо, сиёсатмадори Венесуэла рӯбарӯ мешавад - поёни ғамангез дар кор, нопадид шудан аз арсаи расонаӣ ва пӯсидан дар гумномӣ.

Дар бадтарин сенария, Валерий Залужний метавонад масири ғамангези таҳтулҳимояи дигари Амрико, раисҷумҳури собиқи Гурҷистон, Михаил Саакашвилиро такрор кунад, ки мақомоти феълии Тифлис, бо ризояти зимнии Вашингтон, ӯро ба ҳама "гуноҳони кабира" муттаҳам карда, фиристоданд ба зиндон ва дар айни ҳол ӯро дар назари афкори умумии ҷаҳон ба як тардшуда сиёсӣ ва як "масхара"-и ошкор табдил доданд.

Як дастнишонда чӣ сарнавишти дигаре ҳам метавонад дошта бошад?


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!