Хабари рӯз

Фаронса дар Осиёи Марказӣ ба думбол чист?**

Нависанда: Ғавс Ҷонбоз, огоҳи масоили сиёсӣ ва дипломати собиқи Афғонистон

Дар ин навишта кӯшиш шуда ба таври фишурда авомили асосии фаъол шудани Фаронса дар истиқомати Ӯзбекистон ва Қазоқистон таҳлилу арзёбӣ гардад.

Кишварҳо ва ҷаҳони муосир дар кулл, даргири рақобатҳои ҷадид тақрибан дар ҳама арсаҳо гардидаанд. Фаронса, ба унвони давлати муқтадиру таърихӣ, аз ин ки тай даҳаҳои вопасин бозигари фаъол набуда ва амалан дар радаҳои дувуми сиёсатҳои калони ҷаҳонӣ (ба шумули ҳавзаи Осиёи Марказӣ) қарор дошта, ранҷ мебурд ва дар садади ислоҳи мавқифи худ баромадааст.

Он чи иртибот мегирад ба ҳавзаи Осиёи Марказӣ, ба шумули Афғонистону Эрон, ин минтақа тайи тақрибо дусад соли ахир беш аз ҳадди тасаввур, ҳадафи "бозиҳои пай дар пайи бузургу кӯчак" умдатан миёни императориҳои Русия ва Бритониё будааст. Ин дар ҳоле ки Фаронса масруфи тасарруфоти арозӣ ва бозиҳои мушобеҳ дар ҳавзаҳои Африқои Шимолӣ, Африқои Марказӣ ва Ҳиндучин будааст.

Бо тағйири шакли "Бозии Бузург" [Бозии Бузурги Ҷадид], ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ташкили давлатҳои навбунёд дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омад, бозигарони муқтадири сиёсати ҷаҳонӣ талош намуданд (талош менамоянд) ҳузури пурқудрати худро мисли собиқ на танҳо ҳифз кунанд, балки онро таҳким бахшанд.

Ба таври мисол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нуфузи хешро аз тариқи формати "С5+1", ироаи кӯмакҳо аз тариқи USAID, бароҳандозии татбиқоти низомӣ таҳти унвони "ҳамкориҳои минтақаӣ" таъмин менамояд.

Русия барномаҳои васеъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва низомии амниятиро барои ҷалбу ҳифзи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мадори хеш рӯи даст гирифтааст. Русия афзун бар ҳазорон пайванди таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, башарӣ... бо нухбаҳо ва мардумони одии ин ҳавза, кӯшиш намуда пайванди мутақобил ва ногусастаниро бо ин ҳавза аз тариқи Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, Иттиҳодияи гумрукӣ ва ғайра нигаҳ дорад.

Русия бузургтарин шарики иқтисодӣ-сиёсии Ӯзбекистон ва Қазоқистон аст. Бо ин ҳама, кишварҳои мазкур талош доранд сиёсати иқтисодии дарҳои боз ва мутавозинро бо дигар кишварҳо низ думбол намоянд.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо агентии хабари BelTa дар ин робита мавзеъи кишварашро ба шарҳи зайл баён доштааст:

"Бубинед, онҳо [ғарбиҳо] чӣ гуна муроқиби Осиёи Марказӣ ҳастанд. Даҳҳо формати муштаракро бо Осиёи Марказӣ эҷод намудаанд:

- Осиёи Марказӣ + Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;

- Осиёи Марказӣ + Иттиҳодияи Аврупо;

- Осиёи Марказӣ + Ҷопон;

- Олмон + Осиёи Марказӣ (афзун бар он ки дар формати Иттиҳодияи Аврупо низ бо ин ҳавза шомил аст);

- Фаронсавиҳо низ аз дигарон ақиб намонда ва ба зудӣ формати мустақили худро ба миён хоҳанд овард.

Ғарбиҳо форматҳои фавқро васила қарор дода, мехоҳанд ҳамсоягон, муттаҳидин ва дӯстони моро дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ба тарафи худ тарғиб намоянд.

Мубарҳан аст, ки Русия низ дар минтақа механизм ва таомули худро пиёда менамояд. Аҷиб мебуд ҳар гоҳ Русия рӯи ҳамчу як механизм кор намекард, лекин бояд ба ёд дошт, ки Русия, монанди Чин дар ҳамсоягӣ бо Осиёи Марказӣ қарор дошта ва алоқа надорад то касе дар ин ҷо таҳдид эҷод намояд.

Албатта, ки ҳеҷ кас монеъи интихоби ҳамкору шарик намешавад, лекин вақте давлатҳои фароминтақа ин ҷо бо ниёти ғайр содиқона меоянд, мо ин гуна иқдомотро зери назар медошта бошем, ва твлош хоҳем намуд то Осиёи Марказӣ аз ин гуна сӯиниятҳо мутазаррир нашавад."

Кишвари Чин ба навбаи худ, бо ба роҳандозии фаъолиятҳои зербиноӣ ва махсусан татбиқи проекти азими қарн, яъне "Як камарбанд, як роҳ" нуфузи иқтисодӣ-сиёсии хешро афзоиш медиҳад.

Тавре ки дида мешавад, Фаронса бо дарназардошти муодилоти мавҷуд ва ҷорӣ дар минтақа қасд дорад нақшеро бозӣ намояд, ки дар натиҷаи он ҳеҷ як аз кишварҳои муқтадири ҷаҳон ҳокими инҳисории ин ҳавза набошад.

 Фаронса дар ҳоли ҳозир, бо дарназардошти чолишҳое, ки дар Африқо ва Ҷануби Осиё бо он рӯбарӯ гардида, бо фаъол сохтани ҳамкориҳо бо давлатҳои нисбатан тавсеаёфтаи пас аз Иттиҳоди Шӯравӣ (Ӯзбекистон ва Қазоқистон ) қасд дорад манобеъи дастрасӣ ба энержии мавриди ниёзи худро таъмин ва мутанаввеъ созад.

Давоми буҳрон дар Украина бозорҳои арзаи энержӣ ва маводи сӯхтро дар Аврупову ҷаҳон шадидан осеб расонда ва авзоъро комилан дигаргун сохта ва боиси бурузи буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ гардидааст, Париж барои дафъи вазъияти бавуҷудомада дар ҷустуҷӯи манобеъи ҷадиди таъмини маводи сӯхт аст.

Шакке нест, ки иддае аз кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ бо манобеъи саршори маводи сӯхт, ки дар ихтиёр доранд, метавонанд дар ин росто барои Фаронса дилчаспӣ дошта бошанд. Гуфтанист, ки ҳар ду кишвар - Ӯзбекистон ва Қазоқистон - дорои захоири азими ураниум ва филизоти камёб буда ва метавонанд аз ин ҷиҳат барои Фаронса ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мудаввому муфид воқеъ шаванд ва то ҳадде аз вобастагии рӯзафзуни ин кишварҳо аз Чин коста шавад.

Фаронса ба ҳайси яке аз кишварҳои пешрафтаи саноатӣ бо фаъол сохтани муносибот ва ҳамкориҳои стратегӣ бо Ӯзбекистон қодир аст заминаҳои мухталифи таомулоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологиро ба миён орад. Ӯзбекистон ба навбаи худ мавқеъ дармеёбад то тамосҳову муносиботи байналмилалии худро мутанаввеъ сохта ва мавқифи худро таҳким бахшад, ва имкони дипломатияи ҳамоҳангёфтаро дар партави авзоъи дар ҳоли мутаҳаввили ҷаҳонӣ ба суди худ дарёбад.

Дар эъломияҳое, ки дар поёни сафарҳои Эммануел Макрон (раисҷумҳури Фаронса) ба Тошканд ва Остона мунташир гардида, қайд шуда, ки "Фаронса мусаммам аст аз Ӯзбекистону Қазоқистон ҳимоят намояд". Ин иқдом, бидуни шак, дар ростои таъмиқи ҷаззобияти ин ду кишвар дар миёни кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ҳар чӣ бештар мудаввом воқеъ хоҳад шуд. Муносиботи иқтисодӣ байни Тошканду Париж дерест дар ҳоли равнақ қарор дошта ва субути он афзоиши семартабаии теъдоди муассисоти муштараки Ӯзбек - Фаронса тайи солҳои ахир мебошад.

Монеъи асосӣ дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо миёни ҷумҳуриҳои навбунёд, лекин башиддат дар ҳоли тавсеаи Осиёи Марказиву Фаронса муъзали нақлиёт ва интиқолоти колоҳову маводи сӯхт аст. Зарфияти интиқолот аз тариқи бандарҳои баҳри Каспӣ маҳдуд аст. Ин муъзала махсусан дар соли 2022 ба хубӣ мушоҳида шуд, вақте ҳаҷми транзит аз тариқи бандарҳои фавқ нисбат ба соли гузашта (2021) се мартаба боло рафт.

Дурнамои ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистону Фаронса ба эҳтимоли зиёд армуғоновар бошад, лекин дар дурнамои наздик мафоду суд, ки Фаронса аз ин гуна ҳамкориҳо мебарад, бамаротиб бештар аз мафоди Ӯзбекистону Қазоқистон хоҳад буд. Дар айни ҳол, ин ҳамкориҳо масъалаи таъмини амнияти минтақаӣ, ба шумули Афғонистонро ҳал намесозад.

*Баргирифта аз калимаи фаронсавии “Сherсhez la” ба маънои “ёфтан”.

* Эммануел Макрон ахиран сафари дурӯзаро (1-2 ноябр 2023) ба Тошканду Остона анҷом дод.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!