Хабари рӯз

Ҳеҷ кас дар Ховари Миёна ба ҷуз Исроил хоҳони ташдиди таниш нест.

Нависанда: Николай Плотников, раиси Маркази иттилоотии илмиву таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ.

Соли ҷадиди 2024 дар Ховари Миёна бо бомбаборони густурдатар тавассути артиши Исроил (IDF) навор Ғазза оғоз шуд. Тибқи бароварди Конфедератсияи байналмилалии созмонҳои ғайридавлатии мустақили Оксфам (дабирхонаи он дар Найробии Кения қарор дорад), рӯзона 250 фаластинӣ кушта мешаванд, ки ба таври қобили таваҷҷуҳе бештар аз талафоти рӯзона дар дигар даргириҳо дар солҳои ахир аст.

Тибқи гузориши Созмони Милал, то 11 январ, 23469 нафар дар Ғазза тавассути артиши Исроил кушта, 59064 нафар маҷрӯҳ ва 7000 нафар мафқуд ё зери овори сохтмонҳо мадфун шудаанд. Дар миёни кушташудагон 70 дарсад занону кӯдакон будаанд. Дар ин муддат 332 фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ ба ҳалокат расидаанд.

Аз 1 то 11 январ, танҳо 21 дарсад аз манобеъи барномарезишудаи ғизо, дору ва об ба Ғазза таҳвил дода шудааст. Исроилиҳо аз 7 то 10 январ аз таҳвили доруворӣ ба дорухонаи марказии шаҳри Ғазза ва сӯхт ба таъсисоти обрасониву беҳдоштӣ дар ин шаҳр ва шимоли Ғазза ҷилавгирӣ карданд. Бемористонҳои боқимонда қодир ба ироаи хадамот ба маҷрӯҳону беморон нестанд. Фақат теъдоди бемориҳои уфунӣ аз 400 ҳазор нафар гузаштааст.

Ҳамзамон, ташдиди шадиди авзоъ дар марзи Лубнону Исроил иттифоқ афтод. 2 январ Солеҳ ал-Арурӣ, яке аз аъзои барҷастаи Ҳамос дар ҳамлаи паҳподҳои исроилӣ ба ҳумаи ҷануби Бейрут кушта шуд. 8 январ, Виссом ал-Тавил, муовини нерӯҳои вежаи Ҳизбуллоҳ, ва 9 январ Алӣ Ҳусайн Бурҷӣ, фармондеҳи нерӯи ҳавоии Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон, ки бо аҷала ба маросими ҷанозаи ал-Тавил мерафт, ба ҳалокат расиданд.

Ҳадаф аз ин иқдомот, водор кардани Ҳизбуллоҳ ба иқдомоти ҷавобӣ аст то бо иттиҳоми ҳамла ба Исроил, ҳамла ба Лубнонро анҷом диҳад. Телавив қасди худро барои ишғоли ҷануби ин кишвар дар канори рӯдхонаи Литонӣ ва кашондани Эрон аз тариқи Ҳизбуллоҳ ба як ҷанги бузург пинҳон намекунад.

Ҳамалоти Амрикову Инглис ба хоки Ямани таҳти контроли ҷунбиши Ансоруллоҳ, ки аъзои он пас аз марги бунёнгузори он Ҳусайн ал-Ҳусӣ, ки дар соли 2004 даргузашт, ҳусӣ номида мешаванд, авзоъро беш аз пеш ташдид кард ва ҷаҳонро ба касоне, ки аз мардуми Фаластин дифоъ мекунанд ва касоне, ки аз наслкушии ӯ тавассути Исроил ҳимоят мекунанд, тақсим кард. Аз як сӯ, тақрибан кулли ҷаҳони араб, Русия, Чин, Эрон, Туркия, аксар кишварҳои ҷануби ҷаҳонӣ. Аз сӯи дигар, Амрико ва муттаҳидонаш, ки ба Исроил барои куштори дастаҷамъии фаластиниҳо ва ихроҷи онҳо аз сарзамини модариашон бароат доданд.

Барномаҳои муттаҳидони рости ифротии Бенёмин Натонёҳу барои ташкили эътилофи давлатиро Бузолал Исмотрич, вазири дороӣ, раҳбари ҳизби “Саҳюнизми мазҳабӣ”, дар шаби соли нави мелодӣ ошкоро эълом кард. Ӯ, ки дар радиои артиш сӯҳбат мекард, аз мардуми Ғазза хост то минтақаи маҳсурро тарк кунанд ва роҳро барои исроилиҳо боз кунанд. Ба гуфтаи вай, агар дигар аъроб дар Ғазза вуҷуд надоштанд, аксарияти ҷомеаи Исроил аз ин амр истиқбол мекарданд ва ин минтақаро ба макони мураффаҳ табдил медоданд.

Ҳамла ба Яман Ховари Миёнаро боз бештар ба фоҷиа наздиктар кардааст. Минтақа як қадам бо як ҷанги бузург фосила дорад, аммо Ғарб аз ҳамалоти Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё ба таври комил ҳимоят кард. Маълум шуд, ҳамон тур, ки яке аз намояндагони НАТО гуфт, онҳо фақат "моҳияти дифоъӣ доштанд ва ҳадафашон ҳифзи озодии дарёнавардӣ дар яке аз муҳимтарин оброҳҳои ҷаҳон аст."

Савол ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида чӣ навъ дифоъеро дар ҳазорон мил аз қораи худ ба роҳ андохта? Оё беҳтар набуд, ки Амрико дар даҳаҳои мутамодӣ аз сиёсати ишғолгаронаи таҳоҷумии Исроил ва ҳимояти таслиҳотӣ, дипломатӣ, молӣ ва ба унвони яке аз аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал барои иҷрои тасмимоти ин созмони байналмилалӣ - эҷоди як кишвари фаластинӣ дар канори давлати яҳуд - талош мекард?

Яке аз шарикони мӯътабари хориҷии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, ки амиқан дар зиндагии сервисҳои истихборотии Амрико ғӯтавар буд, бидуни тардид посух дод: “Иёлоти Муттаҳида мӯътақид буд, ки бо кӯмаки Исроил метавонад нуфузи худро дар Ховари Миёна ҳифз кунад. Барои Вашингтон, ин танҳо муттаҳиди воқеӣ он ҷост. Амрикоиҳо фақат барои ҳифзи ин аспи Троя даст ба ҳар коре мезананд, ҳатто ба зарари худашон.”

Оё заработи англосаксонҳо қодир ба шикастани ҳусиҳо хоҳад буд? Шуракои Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия дар Ховари Миёна, ки ба хубӣ аз зеҳнияти ситезаҷуёнаи бародарони ямании худ огоҳ ҳастанд, ин амрро баид медонанд. Аз соли 2002, Иёлоти Муттаҳида 400 ҳамла ба Яман анҷом додааст. Онҳо бидуни амалиёти заминӣ ба аҳдофи худ нарасиданд ва амрикоиҳо ҷуръати иҷрои онро надоранд. Ҳусиҳо як дастаи побараҳнагон бо “Калашников”-ҳои куҳна ва чоқуҳои суннатии яманӣ нестанд, балки артиши омода ҷанг бо силоҳҳои модерн ҳастанд. Нерӯҳои Эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ба ин мавзӯъ мутақоид шуда буданд.

Аммо он чӣ ва чӣ касоне аз ташдиди авзоъ дар дарёи Сурх бештарин осебро хоҳанд дид, тиҷорати ҷаҳонӣ аст, ба вежа кишварҳои ҳавзаи Медитарона ва Аврупо, ки аз Осиё коло дарёфт мекунанд. Ҳудуди 15 дарсади тиҷорати ҷаҳонӣ аз канали Суез мегузарад, ки шомили 12.5 дарсад нафти тасфияшуда ва беш аз 13 дарсад нафти хом ва ҳамчунин то 8 дарсад аз арзаи ҷаҳонии маводи сӯхт ва 30 дарсад аз интиқолоти контейнерӣ аст. Ҳангоме, ки як киштии контейнерӣ дар соли 2021 дар канал ғарқ шуд ва киштирониро мухтал кард, тиҷорати ҷаҳонӣ рӯзона 10 миллиард долларро аз даст медод.

Яке аз кишварҳое, ки ба вежа осеб дидааст, Миср хоҳад буд, ки дар шароити сахти иқтисодӣ, аз камбуди арзи хориҷӣ ва таварруми боло ранҷ мебарад. Дар ҳоли ҳозир, Қоҳира аз чанд киштӣ (дар ҳоли ҳозир ҳудуди 100 киштии контейнерӣ), ки Африқоро давр зада мегузаранд, ҳадди ақал 30 миллион доллар дар рӯз аз даст медиҳад.

Илова бар мушкилоти мавҷуд дар дарёи Сурх, мушкилоте дигар вуҷуд доранд, ки киштиронӣ дар канали Панама бо он мувоҷеҳ аст, ки зарфияти он ба далели камумқӣ дар натиҷаи хушксолии шадиди ношӣ аз тағйироти обуҳавоӣ коҳиш ёфтааст. Ин канал 6 дарсади тиҷорати ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир танҳо бо 55 дарсад зарфияти одии худ кор мекунад. Агар қаблан 50-60 киштии контейнерӣ дар рӯз аз он убур мекарданд, акнун 24 киштӣ ва дар моҳи феврал мумкин аст ба 18 киштӣ коҳиш ёбад. Киштиҳое бо обкаши амиқ маҷбуранд Амрикои Ҷанубиро давр зананд. Афзоиши муддати сафар ва ҳазинаҳои ҳамлу нақл бар қимати ниҳоии коло таъсир мегузорад. Пардохти ҳазинаи он ба дӯши масрафкунандагон меафтад.

Ҳеҷ кас дар Ховари Миёна ба ҷуз Исроил хоҳони ташдиди таниш нест. Аммо ба таври мудовим тавассути кобинаи Натаняҳу ва ҳомиёни амрикоӣ таҳрик мешавад. Агар ин инфиҷор иттифоқ биафтад, зарбаи маҳкаме ба иқтисоди ҷаҳонӣ хоҳад буд ва боиси афзоиши таниш дар дигар манотиқи буҳронии ҷаҳон хоҳад шуд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!