Ҳамлаи Ҳамос ба Исроилро Амрико метавонад монанди ҳамлаи Алқоида ба Ню-йорк дар соли 2001 истифода кунад.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Ҳаққи миллати Фаластин барои доштани кишвари мустақил ғайри қобили инкор аст. Фақат бо эҷоди сарзамини Фаластин дар маҳдудаи нақшаи 1947 ва на 1967 метавон адолати таърихиро барқарор кард.
Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Фаластин, ҳаққи комилан машрӯъи миллати худро ба сароҳат ин гуна баён мекунад: “Поён додан ба ишғоли сарзаминҳои фаластинӣ аз сӯи Исроил ва ба расмият шинохтани ҳаққи мардуми мо барои истиқлол, ҳокимият ва узвияти комил дар Созмони Милали Муттаҳид, чизест, ки амният, субот ва сулҳ дар минтақаро тазмин мекунад”.
Ин бад-он маъност, ки фаластиниҳо ҳаққи қонунӣ доранд, ки сарзаминҳои ишғолии худро аз ишғоли яҳудиён озод кунанд. Аммо он чи акнун дар Фаластини ишғолӣ мегузарад, бисёр машкук ба назар мерасад ва саволоти бисёреро эҷод мекунад.
Ҷангҳои модернро наметавон бо истифода аз равишҳои классик таҳлил кард. Масалан, наметавон ба сароҳат гуфт, ки муқовимати Фаластин қавӣ шуда ва мехоҳад Фаластинро аз асорати яҳудиён озод кунад. Ҷангҳои модерн маҳсули созмонҳои бузурги истихборотист. Теъдоди каме аз мардум мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки шиорҳо ва аҳдофи машрӯъ метавонад натоиҷи номатлубе дошта бошад.
Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки гурӯҳи низомии Ҳамос амдан ба ҷанги бузург дар Ховари Миёна ба нафъи саҳюнистҳову англосоксонҳо доман задааст. Шавоҳиди зиёде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад иқдомоти таҳрикомези Ҳамос дар даҳаҳои ахир танҳо ба нафъи саҳюнистҳо будааст. Онҳо зерсохтҳои Фаластинро вайрон карданд ва заминаи ишғоли сарзаминҳои ҷадиди он тавассути яҳудиёнро фароҳам сохтанд.
Коршиносони умури минтақа борҳо ба иртиботи маҳрамонаи эҳтимолӣ байни раҳбарии Ҳамос ва истихбороти Исроил машкук шудаанд. Ба истилоҳ "шикаст"-и Исроил дар ҷилавгири аз корзори кунунии Фаластин мумкин аст як "шикасти барномарезишуда" бошад. "Кашф"-и фаврии раддипои истихбороти Эрону Сурия дар ин ҳамла низ ҳокӣ аз барномарезии амдӣ барои ин сенария аст.
Ҷанг ба диққат барномарезӣ шуда буд. Ҳамос аз тариқи филмҳое, ки бар асоси усули тарғиботи созмонҳои террористӣ ва ба сурати комилан ҳирфае таҳия шуда буд, ҷанги равониро оғоз кард ва қудрати амалиёти худро ба намоиш гузошт. Дар аввалин иқдом, шибҳинизомиёни Ҳамос ба самти ҷашнвораи мусиқии электронии “Ҷашни табиат” (Nature Party) ё бар асоси иттилооти дигар, ҷашнвораи рангинкамон (LGBT+Q), ки бо ширкати намояндагон аз саросари ҷаҳон дар наздикии марз бо Навори Ғазза баргузор мешуд, тирандозӣ карданд. Ҳудуди 260 нафар кушта ва теъдоди зиёде асир шуданд. Акнун ин қатли ом тамоми ҷаҳони либерализмро ба по хезондааст, ки аз Исроил мехоҳад Фаластинро аз рӯи замин маҳв кунад.
Силоҳҳои Ҳамос комилан амрикоӣ аст. Ба қавле, ин силоҳҳо аз Толибон харидорӣ шудааст. Ҳамчунин шавоҳиде вуҷуд дорад, ки Ҳамос онро аз Украина дарёфт кардааст. Як тиру ду нишон: 1 - ба огоҳии ҷаҳониён расид, ки давлати Зеленский даргири дуздии кӯмакҳои ғарбӣ аст, на ҷанг, ва ин бад-он маъност, ки ҷанг дар Украина аҳамияти худро аз даст дода ва ҳомиён метавонанд адами тамоюл ба кӯмак ба Киевро тавҷеҳ кунанд; 2 - Ҳамос бо Толибон, яъне бо Алқоида дар иртибот аст ва коре, ки анҷом медиҳад як амали террористӣ аст, на як муборизаи машрӯъ. Ба ин тартиб ҳама терроризми давлатии Исроилро, ки даҳҳо сол аст мардум Фаластинро ба ваҳшат мекушад, фаромӯш хоҳанд кард...
Ин ки ҳама созмонҳои террористӣ, монанди Алқоида ва Толибон аз Фаластин ҳимоят мекунанд, дарвоқеъ ҳимоят аз Фаластин на, балки аз Ҳамос аст, ки бидуни шак, амалан дар майдони бозии истихбороти Амрикову Исроил қарор дорад. Ҳар коре, ки Ҳамос анҷом диҳад, на ба нафъи Фаластин, балки ба нафъи Амрикову Исроил тамом мешавад. Дар мавриди Толибон, Алқоида, ДОИШ ва... низ метавон гуфт, ки онҳо монанди порчаи сурхе ҳастанд, ки гови девонаи истеъморро ба сӯи худ мекашонад ва то кунун вуҷудашон ҷуз таҷовузу куштор ва ишғоли кишварҳо аз сӯи бегонагон, ҳеҷ хайри дигаре барои мусулмонон ба бор наовардааст.
Хуб, таҳсин ба Моссади Исроил ва СӣАйЭй (созмони истихборот)-и Амрико барои чунин "амалиёти дурахшон", ки ба вузӯҳ барномарезӣ ва иҷро шуд! Онҳо дар анҷоми чунин амалиёти касиф нобиға ҳастанд.
Вақте сӯҳбат аз мудохилаи ғайримустақими Эрону Сурия ба миён меояд, бояд мунтазири мудохилаи мустақими Амрико буд: вазири дифоъи ин кишвар гуфт, теъдоде киштии ҷангӣ, аз ҷумла киштии ҳавопаймобари Ҷералд Форд, ҳомили анвоъи тайёраҳои ҷангӣ барои ҳимоят аз Исроил эъзом шудаанд. Иёлоти Муттаҳида барои муҳофизат аз кишвар дастсози худ ё "матарсаки олами ислом" неруҳои бузургеро ба Ховари Миёна мефиристад. Поёни Исроил ба маънои поёни Амрико на фақат Осиё, балки кулли Авруосиё хоҳад буд.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ба сароҳат гуфт: “Амрико аз Исроил ҳимоят мекунад. Мо ҳаргиз аз ҳимояти онҳо имтиноъ намекунем. Ҳимояти давлат ман аз амнияти Исроил қавӣ ва тазалзулнопазир аст.”
Ин ҳама ба чӣ маъност?
Агар нерӯҳои ҳадди ақал 15 то 20-ҳазорнафари Ҳизбуллоҳ ҳамин алон аз хоки Лубнону Сурия ҳамла накунанд, яҳудиён на танҳо муборизони фаластиниро аз Исроил берун хоҳанд кард, балки Навори Ғаззаро низ ба хоку хун хоҳанд кашид, ки ба маънои воқеии калима дар ҳоли вуқӯъ аст. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Навори Ғазза ба таври комил ба тасарруфи Исроил дарояд ва пас аз куштори фаластиниён ба иттиҳомоти воҳии узвият дар Ҳамос, ин бахш аз Фаластин барои ҳамеша таҳти мудирияти Телавив боқӣ бимонад ва нақшаи ҷадиде мавсум ба “нақшаи 2023” ба миён ояд. Яъне алорағми ончи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раҳбар Туркия мегӯяд, ин ҷанг бояд бо эҷоди як кишвари мустақили Фаластин поён ёбад, аммо натиҷа мумкин аст комилан баракс бошад.
Ақли салим мегӯяд, ки ҷабҳа дувуму севум дар ҳоли ҳозир мавриди ниёз аст. Аммо ба назар мерасад монанди интифозаҳои қаблӣ, раҳбарони фосид ва буздили ҷаҳони араб худро ба лаффозиҳои дарунхолӣ маҳдуд мекунанд ва фаластиниҳоро ба балъидани яҳудиён месупоранд...
Ба таври хулоса, як ҷанги бузург дар Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил, Эрон, Сурия, Туркия, Миср ва ғайра, чашмандози бузурги шикасти комили нерӯҳои зиддисаҳюнистӣ ва зиддиғарбиро барои яҳудиён ва англосаксонҳо, ҳатто бо истифода аз силоҳҳои ҳастаии токтикӣ, дар минтақа боз мекунад. Оташи ҷанг метавонад кишварҳои ҳамсояро, ки бо Амрикову Ғарб дӯст нестанд, низ фаро бигирад.
Амрико ва муттаҳидонаш тавонистанд аз Алқоида ва саҳюнизм, ду маҳсули худ, беҳтарин истифодаро бибаранд. Зуҳури ҷангҳои ҷадид ба ҷаҳонигароён фурсатҳои ҷадиде барои ташдиди буҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ дар саросари ҷаҳон медиҳад, ки таҳти пӯшиши он ба роҳатӣ метавонанд назми ҷаҳонии ҷадиди худро барқарор кунанд.
Ва маркази ин ҷанги бузург Ховари Миёна хоҳад буд. Бояд мунтазир бошем то бубинем Русия, Чин ва дигар муттаҳидонишон дар “блоки шарқ” чӣ тасмиме хоҳанд гирифт. Бо таваҷҷуҳ ба нокомиҳои бузурги Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар Афғонистону Украина, абъод ва паёмадҳои ин ҷанг ғайриқобили тасаввур аст, зеро ҳадафи он бақо ё шикасти комили таърихӣ аст.
Ба таври хулоса, ҳамлаи Ҳамос ба Исроилро Иёлот Муттаҳидаро метавонад монанди ҳамлаи Алқоида ба Ню-йорк дар соли 2001 истифода кунад. Аммо оё амрикоиҳо монанди Афғонистон, Фаластинро низ бо шармандагӣ тарк хоҳанд кард?