Хабари рӯз

Иёлоти Муттаҳида қасд дорад контроли фазои рақамии сайёраро дар даст бигирад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Бо тамаркуз бар даргириҳову мушкилоти дунёи воқеӣ, муборизае, ки дар фазои маҷозӣ рух медиҳад, аз таваҷҷуҳи умумии мардум дур мондааст.

Бар касе пӯшида нест, ки шабакаҳои иттилоотӣ ба ҳамон маҳалли рӯёрӯии монанд ба майдони ҷанги воқеӣ табдил шудаанд: ҳамалоти сайберӣ ба мақомоти давлатӣ, сирқати иттилооти шахсӣ, ҳарзнома (спам), ҳаки веб-сайт, нармафзорҳои ҷосусӣ ва ғайра ба таҳдиди дигаре дар замони мо табдил шудаанд.

Масоили марбут ба амнияти сайберӣ аз замони оғози даргириҳо дар Украина ҳатто шадидтар шудааст. Тибқи иттилои озмоишгоҳи Касперский, дар соли 2022 теъдоди ҳамалот алайҳи Русия нисбат ба соли 2021 байни 60 то 70 дарсад афзоиш ёфтааст. Далели аслӣ зуҳури артише аз ҳакерҳое бо ангезаи сиёсӣ буд, ки маҳоратҳои фаннии хосе надоранд, аммо муштоқ ҳастанд ҳар гуна осеби эҳтимолиро ба созмонҳо ворид кунанд.

Аз ин рӯ, ҳифозат дар баробари таҳдидоти фазои маҷозӣ барои ҳар кишваре ба мавзӯи бисёр муҳим табдил мешавад ва контроли фазои миллии иттилоотӣ бо масоили ҳифзи ҳокимияту истиқлол даст ба дасти ҳам медиҳанд.

Мушкили ҳамкории байналмилалӣ барои дафъи ҳамалоти сайберӣ имрӯз ба сатҳи ҷаҳонӣ боло меояд.

Иёлоти Муттаҳида бо дарки кулли дурнамои имконоти контрол бар фазои сайберии ҷаҳонӣ, консепсияи ҳамкории байналмилалии худро дар заминаи амнияти иттилоотӣ пеш кардааст.

Ин консепсия эҷоди тимҳои роёнаӣ дар кишварҳо ба ҳадафи посухгӯӣ ба вазъиятҳои изтирорӣ ва ҳаводиси роёнаиро дар назар дорад, ки дар заминаи анҷуманҳои фановарии иттилоотии CERT (Computer Emergency Response Team - Тими вокуниши изтирории компютерӣ) ва FIRST (Forum of Incident Response and Security Teams - Анҷумани тимҳои амниятӣ ва вокуниш ба ҳаводис) – и таҳти контроли Иёлоти Муттаҳида бояд шакл гиранд.

Асли кори ин гурӯҳҳо содда аст: дар сурати ҳамлаи роёнаӣ ба манобеъи иттилоотии ҳар давлат, ниҳодҳои масъул метавонанд бо CERT-и миллии як давлати дигар бо дархости таваққуфи ин ҳамла, ки аз фазои иттилооти миллии он кишвар сурат мегирад, тамос бигиранд.

Аммо CERT як тамғаи тиҷорӣ ва мутааллиқ ба Донишгоҳи Карнеги-Меллони Амрико аст. Ва бидуни муҷаввизи ин муассиса, эҷоди гурӯҳи амнияти сайберӣ дар қаламрави ин шабака имкон надорад. Аз ин рӯ, бидуни иҷозаи Иёлоти Муттаҳида, дар сурати ҳамлаи иттилоотӣ ба ину он давлат, ҳеҷ ҳамкории ҷаҳонӣ сурат нахоҳад гирифт.

 Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи Карнеги-Меллон бо равобити наздикаш бо ниҳодҳои амниятие, назири Агентии амнияти миллӣ, Агентии таҳқиқот ва коркардҳои вазорати дифоъ ва вазорати амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шинохта шудааст.

Гузинаи дигаре низ вуҷуд дорад. Ҷойгузини CERT, шабакаи CSIRT (Computer Security Incident Response Team - Тими посухгӯӣ ба ҳаводиси амнияти компютер) – и Аврупо аст, ки ҳамчунин на тавассути муассисоти муҷози миллӣ, балки тавассути донишгоҳҳо ва ширкатҳои бузурги фановарии иттилоотӣ эҷод шудааст. CSIRT як анҷумани байналмилалии гуруҳҳои вокуниш ба ҳаводис ва амниятии FIRST – ро низ роҳандозӣ кард.

Тимҳои вокуниш ба ҳаводиси сайберӣ аз кишварҳои мухталиф дар ин анҷуман иборатанд аз: Нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида, вазорати дифоъи Амрико, Агентии таҳқиқоти дифоъи Иёлоти Муттаҳида, созмонҳо ва агентиҳои давлатии Бритониё ва Олмон. Аммо Русия ахиран аз FIRST ҳазф шуд.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин як сохтори амнияти иттилоотии байналмилалиро ба ҷаҳон ироа медиҳад. Ин ки давлатҳо то чӣ ҳад метавонанд истиқлоли рақамӣ ва иттилоотии худро дар чорчӯби он ҳифз кунанд ва ин ки оё онҳо омода ҳастанд амнияти сайберии худро ба ширкатҳои хусусӣ ва сохторҳои низомӣ ва шабҳинизомии Иёлоти Муттаҳида биспоранд, мавриди савол аст.

Тарафи дигари қазия мумкин аст сиёсӣ бошад. Ҷаҳони кунунӣ нишон медиҳад, ки як давлат бо чӣ суръате метавонад аз дӯсти Иёлоти Муттаҳида ба душмани он табдил шавад. Ва пас аз он ин кишвар чӣ бояд бикунад вақте кулли низоми иттилоотии он таҳти контроли Амрико бошад?

Аммо берун аз низоми амнияти иттилоотии байналмилалӣ низ қарор доштан ғайримумкин аст. Оё ҷойгузине вуҷуд дорад?

Гузинаи дигаре барои ҳамкории эҳтимолии байналмилалӣ дар ҳазфи таҳдидоти сайберӣ тавассути Русия пешниҳод шуд. Ба ибтикори ин кишвар, дар чаҳорчӯби Созмони Милал як Гуруҳи кории СММ дар мавриди масоили амниятии истифода аз фанноварии иттилоотӣ ва иртибототӣ таъсис ёфт, ки ба ихтисор OEWG номида мешавад. Имрӯза ин платформа танҳо механизми музокира дар мавриди амнияти иттилоотии байналамилалӣ аст, ки тавассути Созмони Милал ба расмият шинохта шудааст.

Ба унвони бахше аз ин ибтикор, тарафи русӣ эҷоди нуқоти тамоси миллии таҳти назорати ҳар давлат ва гунҷондани онҳо дар феҳристи умумиро пешниҳод мекунад.

Асли амалкарди ин нуқоти тамос мушобеҳи асли CERT аст, аммо ҳамкорӣ на тариқи гурӯҳҳои амнияти иттилоотии сабтшуда аз сӯи Иёлоти Муттаҳида, балки тавассути ниҳодҳои муҷози миллӣ, ки аз сӯи ҳар давлат - нуқот тамос - контрол мешавад. Ҳамзамон, ҳама ҳамкориҳо таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид анҷом хоҳад шуд.

Илова бар ин, ба унвони бахше аз ҳамкории нуқоти тамос, илали ҳаводиси роёнаӣ равшан ва ҳамалоти роёнаӣ баррасӣ шуда, манобеъи онҳо шиносоӣ ва аз даргирӣ дар фазои иттилоотӣ ҷилавгирӣ мешавад.

Дар асл, ҳар кишвар, ба истилоҳ, истиқлоли иттилоотиро ҳифз мекунад, сохтореро барои тазмини амнияти иттилоотии таҳти контроли давлат эҷод намуда, ҳамчунин сохторе барои ҳамкории байналмилалӣ барои муқобила бо иттилоот ва ҳамалоти сайберӣ таъсис медиҳад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!