Чӣ аждаҳои зардро бо гегемонизми қавмӣ дар Афғонистон мепайвандад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Чин дар марҳалаи баъд аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон, ҳузури рӯзафзуну густурда дар ин кишвар доштааст. Қароин нишон медиҳанд, ки Чину Толибон бо дарки манофеи мутақобил дар ҷиҳати ин ҳузур ҳамгом ҳаракат мекунанд. Ин манофеъ дар ҷиҳатҳои сиёсӣ, амниятӣ ва умдатан иқтисодӣ дар як масир равон аст. Чиниҳо бо талош барои нуфузи густурда дар фазои геополитики минтақа, бахусус, ҷуғрофияи Афғонистон равобити наздик ва ҳамкории иттилоотӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро бо Толибон дар дастури кор қарор додаанд.
Мисдоқи ин ҳарфҳо талоши чиноиҳо барои дифоъ аз озодсозии захоири арзии Афғонистон, барасмиятшиносии гурӯҳи Толибон, вогузарии сафорати Афғонистон дар Пекин ва фиристодани сафири ҷадид дар Кобул, сармоягузории 320 миллион долларӣ рӯи манобеъи маъданӣ, монанди ҳавзаи Омударё, тафаҳҳусоти Шимол, миси Айнак ва дигар проектҳоест, ки аз лиҳози иқтисодӣ метавонад ба манфиати дипломатияи иқтисодии Чин тамом шавад ва ҳам дар ҷиҳати тақвияти режими толибонӣ муфид воқеъ гардад.
Паймони ошиқонаи Чин бо Толибон, ки ҳарду аз лиҳози амалкардӣ ва фикрӣ, тафовути фоҳише бо ҳам доранд, аҷибу нодир аст. Чини коммунист ва худонобовар бо як гурӯҳе, ки зоҳиран дар ҷиҳати аҳдофи диниву ақидатӣ дар ҳаракат аст, ҳеҷ ваҷҳи муштараке надорад. Дар ҳоле ки Толибон дифоъ аз ҳуқуқи дигар мусулмононро дар саросари ҷаҳон вазифаи худ медонанд, дар қисмати зулму ситами Чин болои мардуми уйғур, Кашмири таҳти идораи Ҳинд ва мусулмонони Мянмар, бетафовут ва ҳатто беғараз воқеъ шудаанд.
Чин бо дарки маҷбуриятҳои Толибон талош дорад, то ҷои пойи маҳкаме барои ояндаи ҳузури худ дар Афғонистон дошта бошад. Ин ҳузур ҳамзамон аст бо рақобатҳои гарми ин кишвар бо Амрико дар ҳавзаи Авруосиё, ки ба диди аксарият соҳибназарон шуои он Афғонистонро низ дар бар мегирад. Ба ин манзур, Чин бар иловаи муҳосибаҳои амниятӣ ва сиёсӣ, баровардҳои иқтисодӣ низ аз Афғонистони таҳти контроли Толибон дорад. Ин баровардҳо мунҷар ба он шудааст, ки баъд аз ба қудрат расонидани Толибон Афғонистон дубора дар проекти “Як камарбанд - як ҷода” шомил шавад ва нигоҳи манфиатталбонаи чиноиҳо нисбат ба заминаҳои тиҷорат, равнақи иқтисодӣ ва суди ҳосил аз барномарезиҳои иқтисодӣ дар ин кишвар бештар гардад.
Чиноиҳо дар арсаи сиёсӣ дар ҳавзаи Афғонистону минтақа, аз як дипломатияи пассив ва сиёсати мунфаилона, ба як сиёсати таҳоҷумӣ, ибтикорӣ ва ҷасурона рӯй овардаанд. Ин иқдоми чиноиҳо нишон медиҳад, ки Чин дар қадами нахуст бар ҳузур ва густариши нуфузаш Афғонистонро зери назар дорад. Афғонистоне, ки дар банди як гурӯҳи фашист ва гегемонхоҳи қавмӣ, ба саркӯбу нақзи густурдаи ҳуқуқи башар мепардозад ва боқӣ ҳам аз усули мутаорифи дунёи модерни инсонӣ надорад. Чиноиҳо аз ин ки побанди кадом арзише нестанд ва танҳо думболи манофеи худ мегарданд, тарҷеҳан бо ин гурӯҳ канор омадаанд ва таваҷҷуҳе ба вазъияти Афғонистони таҳти контроли терроризми қавмӣ надорад, зеро Чин дар ҳоли мушорикати бештар дар рӯйдодҳои минтақаиву байналмилалӣ аст ва шароити дохилии ин кишвар барояш чандон муҳим нест. Бинобар ин, Афғонистон акнун беш аз ҳар замони дигаре барои Чин муҳим аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Чин Афғонистони сулҳомезро барои суботи минтақаӣ зарурӣ медонад, конуни таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии Пекин қарор гирифтааст. Ин бовар, ки Чин ба унвони як қудрати қавӣ масъули ҳифзи сулҳ ва амнияти минтақа аст, омили дигарест, ки бар иқдомоти Чин дар Афғонистон таъсир мегузорад. Чиноиҳо бидуни маддиназардошти хусусият ва моҳияти Толибон дар қадами нахуст дар талоши амрикоизудоӣ аз минтақа аст. Дар муҳосиботи ин кишвар аввалин қадам барои ин кор, тақвият ва ҳамкории наздик бо Толибон аст, ки нагузоранд, Амрико дубора баҳонае барои ҳузур дар минтақа дошта бошад.
Ба ҳамин манзур, пас аз хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон, Чин аввалин кишвари хориҷӣ буд, ки мутааҳҳид ба кӯмакҳои башардӯстонаи изтирорӣ ба арзиши 31 миллион доллар ба Афғонистон шуд. Ҳамчунин Чин се миллион доза воксини Ковид-19-ро дар тӯли ҳамагирии коронавирус эҳдо кард.
Бо ин ҳама талош, савол халқ мешавад, ки ҳадафи Чин аз гарм сохтани равобит бо Толибон, думболи чӣ аст?
Аввал - Чин беҳтар метавонад бо системҳои бастаи сиёсиву истибдодӣ канор биёяд. Режими Толибон мисдоқи хуби ин муддаост. Ҳамон тавре, ки ин кишвар бо Куриёи Шимолӣ, Мянмар ва соири кишварҳое, ки дар як назми сиёсии сарбаста ва ба шакли диктаторӣ идора мешаванд, канор омада ва бо онҳо ҳамкории танготанг дорад. Чини коммунист бештар аз он ки як қутби арзишгаро бошад, манфиатталаб, сӯистифодаҷӯ ва башиддат муҳофизакор аст. Биноан, баъд аз хурӯҷи Амрико Чин саҳнаро мусоид дида ва кӯшиш мекунад бо гегемонизми қавмии Толибон канор биёяд ва ин кишварро баъд аз ҳузури Амрико ба иллати манофеъи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ дар контролу қабзаи худ дошта бошад;
Дувум - манофеъи иқтисодии Чин аз дарки бозорҳои Афғонистон, маодин ва манобеъи зеризаминӣ, нақши тасҳилкунандаи ин кишвар дар татбиқи барномаҳои иқтисодии Чин дар сатҳи минтақа, манофеъи амниятӣ, нуфузу густариши соҳаи эъмоли сиёсатҳои тавсеаталабонаи он кишвар Чинро бештар аз пеш ба Толибон алоқаманд месозад. Чин бо маддиназардошти ин ки бояд тақвияти равобити иқтисодии худ бо Осиёи Марказӣ, Ҷануби Осиё ва Ховари Миёнаро дар авлавият қарор диҳад, Афғонистонро аввалин гом дар ин масир медонад. Бо таваҷҷуҳ ба топографияи мунҳасир ба фарди Афғонистон, ки умдатан аз кӯҳҳо, манотиқ ва дараҳо ташкил шудааст, Чин ё ҳар кишвари қудратманде наметавонад бо рӯйкарди классик, ки мӯътақид ба истифода аз қудрати низомӣ ва ишғол барои дастёбӣ ба аҳдоф аст, ба манофеъи геостратегӣ даст ёбад. Бинобар ин, Чин бо истифода аз рӯйкарди геоиқтисодӣ аҳдофи геостратегии худро омода мекунад. Ин рӯйкарди чиноиҳо, короӣ ва муассирияти бисёре доштааст;
Севум - Чин барои ифои як нақши фаъол дар арсаи дипломатӣ ва сиёсати минтақаӣ ба фазои амну муҳити орӣ аз шаррандозиҳои руқабояш ниёз дорад. Ин нақш наметавонад бидуни мадди назар гирифтани таҳдидоте, ки дар сатҳи минтақа мутаваҷҷеҳи манофеи ин кишвар аст, иҷроӣ шавад. Биноан, баровардҳои амнияти миллӣ ва муқобила бо таҳдидоте, ки мутаваҷҷеҳи он аст, барои чиниҳо дар қадами нахуст қарор дорад. Чиноиҳо мехоҳанд ба ҳар тариқе, ки шуда, Афғонистонро орӣ аз муҳиту авомиле бисозанд, ки ба гунаи эҳтимолӣ битавонад бар алайҳи манофеи амниятии ин кишвар аз ҷониби руқабояш истифода шавад;
Чаҳорум - чиноиҳо дар талошанд, то бо истифода аз ҳарбаҳои иқтисодӣ, як мудели занҷираи гегемонии тавъам бо тамҳидоти идеологиро дар сатҳи минтақа омода бисозанд. Барои ин кор, қадами нахуст минҳайси нахустин иқдоми озмоишӣ, Афғонистон хоҳад буд. Чун ин кишвар баъд аз хурӯҷи Амрико ва суқути низоми ҷумҳурият, дар як билотаклифии сиёсӣ ба сар мебарад ва фоқиди як низоми машрӯъ аст, ки битавонад узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ маҳсуб шавад. Ба ин лиҳоз фурсати пешомада барои чиноиҳо тилоӣ ҳисоб шуда, мунҳасир ба замони худаш аст. Ин ҳалқаи гегемонии иқтисодӣ, ки бо муаллифаҳои амалгарои иқтисодӣ низ пайванди маҳкаме дорад, метавонад ба басту қивоми бештар ҷойгоҳи Чин дар мақоми як қудрати гегемон кӯмаки фаровоне намояд;
Панҷум - Чиноиҳо дар мавриди Афғонистон машвараҳои Покистонро ҳеҷ гоҳ нодида намегиранд. Ин машвараҳо, ки аз ҷониби покистониҳо барои чиноиҳо дода мешавад, дар ҷиҳати манофеи муштараки ҳарду кишвар дар Афғонистони таҳти контроли Толибон аст. Покистон мехоҳад ба воситаи сармоягузориҳои Чин, кӯмакҳои ин кишварро дар ҷиҳати таҳкими низоми толибонӣ, густариши нуфузи худаш ва эҷоди фазои бурд-бурд дар майдони ин кишвар, муҳайё созад.
Нақшу аҳамияти ҷуғрофиёӣ ва геополитикии Афғонистон дар канори ҳамсоягӣ бо Чин унсури муҳимме дар ҷиҳати барномаҳои ояндаи Чин дар ин ҷуғрофия дорад. Ин нақш танҳо мунҳасир ба Афғонистон намемонад, аммо метавонад аввалин иқдом дар ҷиҳати ин стратегияи баландпарвозонаи Чин маҳсуб шавад.
Аждаҳои зард бо муҳосиботи дақиқ вориди майдон шудааст. Сармоягузориҳои ҳангуфт, нуфузи фарҳангӣ, талош дар ҷиҳати ба вуҷуд овардани ҳалқаҳои идеологӣ ба воситаи ҳарбаҳои иқтисодӣ, талош дар ҷиҳати амрикоизудоӣ, муҳофизат аз манофеъи баландмуддати Чин дар Афғонистону минтақа, истифода аз манобеи табиӣ ва зеризаминии Афғонистон, бозорёбӣ барои тавлидоти чиноӣ дар бозорҳои Афғонистон, аз ҷумла аҳдофи баландмуддату миёнамуддати ин кишвар дар амри ҳамкорӣ бо Толибон ва талош барои ҳузур дар Афғонистон маҳсуб мешавад.