Хабари рӯз

Чаро ва чӣ гуна Покистон Толибон - артиши ниёбатии АйЭсАй (ISI)-ро аз даст дод?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополотика, махсус барои "Сангар"

Изҳороти тозаи нахуствазири Покистон мабнӣ бар ташкили ҳукумати машрӯъ дар Афғонистон гумоназаниҳои зиёдеро барангехтааст. Масалан, ин ки оё воқеан Покистон чунон дар монда ва заиф шуда, ки аз чунин мавқифи заиф дар пайи эҷоди тағйир дар вазъияти феълии Афғонистон аст? Ва ё ин ки Покистон боз ҳам дар ҳоли анҷоми як бозии истихборотии ҷадид барои камоӣ кардани фурсат барои тадовум ва бақои Толибон дар қудрат аст.

Толибон умдатарин нерӯи ҷангиву ниёбатӣ дар хидмати аҳдофи стратегии Покистон будаанд. Асоси таъсиси ин гурӯҳ, ба манофеъи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии Покистон иртиботи мустақим дорад. Ҳоло чӣ тавр баъд аз муваффақият дар майдони Афғонистон, ки баъд аз чиҳил сол насиби Покистон шуда, ин кишвар хостори таъсиси як ҳукумати машрӯъ аст? Асосан дар ташкили ҳукумати машрӯъ, кадом манофеъи Покистон, таъмин мешавад, ки Толибон қодир ба таъмини он нестанд?

Як чиз возеҳ аст, ки Покистон аз баъди таъсисаш, бо тамоми низомҳои сиёсии Афғонистон, мушкил доштааст. Масъалаи марзӣ, гидрополитик дар мавриди оби дарёи Кунар, умқи стратегии ин кишвар, ки шомили сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ мешавад, рақобат бо кишварҳои минтақа, бозорҳои Афғонистон ва расидан ба бозорҳои Осиёи Марказӣ барои колоҳои покистонӣ ва дастрасӣ ба энержии Осиёи Марказӣ барои Покистон аз аҳдофи умда маҳсуб мешаванд. Ҳоло чӣ чизе боис шуда то ин кишвар, аз Толибон рӯйгардон шавад? Нигоранда бо баррасии чанд эҳтимол, изҳороти ахири нахуствазири муваққати Покистонро, чунин арзёбӣ мекунам:

Аввал - мумкин Покистон аз контроли комил бар Толибон ва ҳидояти ин гурӯҳ дар ростои таъмини манофеъи худ, маъюс шуда бошад. Зеро ҳоло Толибон бо равиши ҳушмандона, дар талоши эҷоди равобит бо кишварҳои қудратманд, монанди Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Чин, Русия ва Ҳинд ҳастанд. Ин кор чандон бар вифқи муроди Покистон пеш намеравад. Дар зимн, иншиоб дар даруни Толибон иҷоза медиҳад то бозигирони мухталиф аз минтақа ва фароминтақа, ин гурӯҳро барои аҳдофи дарозмуддати сиёсиашон, ба хидмат бигиранд. Чунин коре, дигар ба манфиати Покистон нест;

 Дувум - эҳтимол дорад, ки Покистон бо роҳандозии ин бозии ҷадиди сиёсӣ дар талош бошад то роҳро мутобиқи нақшаи роҳи ҷадиди Милали Муттаҳид, ки дар он бар ташкили ҳукумат ва Қонуни Асосии фарогир ва мубаддал шудани Афғонистон ба узви фаъоли ҷомеаи байнулмилал таъкид шудааст, барои нақши фаъоли худаш ҳамвор созад. Чун Покистон дарк карда, ки режими Толибон мумкин барои муддати тӯлонӣ давом наоварад ва мумкин нақшаҳое аз ҷониби қудратҳои бузург дар роҳ бошад. Биноан, мехоҳад худро бо сиёсатҳои қудратҳои бузургу минтақа ҳамнаво нишон диҳад. Дар нигоҳи покистониҳо, дар чунин марҳалае пуштибонии комил аз гурӯҳи Толибон бефоида аст;

Севум - масъалаи оби Кунар барои Покистон бисёр муҳим аст. Дар зимни он, масъалаи расидани колоҳои покистонӣ ба бозорҳои Осиёи Марказӣ ва амнияти энержии Покистон, ки бояд аз Осиёи Марказӣ таъмин шавад, аз масоили муҳим ва ҳаётӣ барои Покистон ва иқтисоди осебпазири он аст. Ахиран Толибон бо чиноиҳо қарордоди як банди обиеро дар Кунар тамдид карданд ва мехоҳанд, оби Ҳилмандро ҳидоят кунанд. Агар ин барнома иҷроӣ шавад (нархи байналмилалии як метр мукааб об 2 доллар гузошта шудааст), метавонад манфиати бузурги иқтисодиро барои режими таҳти таҳрими ин гурӯҳ фароҳам оварад. Аз ин ки Афғонистон имкони фурӯши 30 миллиард метр мукааб обро дар сол дорад, агар нархи байналмилалие, ки 2 доллар астро дар назар бигирем, мешавад 60 миллиард доллар дар сол ба даст овард. Бар илова, агар банди барқи рӯи дарёи Кунар обод шавад, обҳои зиёде мудирият шуда ва даромаду оиди миллии Афғонистон чанд баробар афзоиш меёбад. Ин дар ҳолест, ки солона аз Афғонистон ҳадди ақал 13 ило 15 миллиард метр мукааб об хориҷ мешавад, он ҳам бидуни мафоду қимати он дар мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ. Мизони мутавассити мавҷудияти обҳои сатҳии солонаи ҳавзаи дарёи Кобулу Кунар 17.1 миллиард метр мукааб буда, ки камтар аз 14% оби маҷмӯъи солонаи кишварро ташаккул медиҳад. Акнун аз ин миқдор об ҳудуди 5.4 миллиард метр мукааби он дар маърази истифода қарор гирифта ва боқимонда ҳудуди 11.8 миллиард метри мукааби он ба кишвари Покистон ворид мешавад;

Чаҳорум - Покистон аз худкифо шудани Толибон, ки ҳамвора дар контроли ин кишвар будаанд, башиддат ҳарос дорад. Манобеъи обӣ, роҳи транзитӣ аз тариқи Афғонистон дар минтақа, ки Толибон дар талоши эҷоди онанд, тамоси ин гурӯҳ бо Чин, таомул бо Амрико ва кишварҳои дигар, дар дарозмуддат Толибонро аз инҳисори комили Покистон берун мекашад ва сармоягузориҳои таърихии Покистонро нақш бар об мекунад. Биноан, талоши Покистон ҳамвора бар ҳифзи фишори лозим ва бамавқеъ болои Толибон аст то ин гурӯҳ камокон дар контроли ин кишвар боқӣ бимонад;

Панҷум - масъалаи паштунҳо ва тамоюлоти “лару бар”-и Толибон барои эҷоди як Паштунистони бузург барои Покистон ҳамвора мояи нигаронӣ аст. Биноан, талош ин кишвар бар он аст то Толибон камокон дар зери бори фишорҳои ин кишвар аз идеяи иттиҳоди паштунҳо дар он тарафи сарҳад худдорӣ кунанд.

Покистон ҳамвора нигарони манофеъи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худ дар Афғонистон аст ва мантиқи ҳимоят аз терроризм дар бист соли гузашта ва ҳатто қабл аз он аз гурӯҳҳои муҷоҳидин, ҳифзи ҳамин манофеъ будааст. Манофеъе, ки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии Покистонро тазмин мекунад ва адами таҳсили он мунҷар ба фурӯпошии сиёсӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ин кишвар дар шароити буҳронӣ мешавад;

Шашум - тарси Покистон аз идаи башиддат натсионалистии баъзе ҳалақоти мутаассиби паштун дар миёни Толибон аст. Агар ин ҳалақот фурсати муносибро пайдо кунанд, метавонанд дар ангезаи истиқлолталабӣ ва ҳаққи таҳаффузи паштунҳо, нақши муассиртареро бозӣ кунанд ва мунҷар ба бурузи мушкилоти амниятӣ ва сиёсии фаровоне барои низоми сиёсӣ ва амниятии Покистон шаванд. Биноан, барои ҷилавгирӣ аз иттиҳоди “лару бар” Покистон, тадовуми режими Толибонро ба манфиати хеш намебинад. Бисёриҳо аз сиёсати амниятии Покистон, ки сояи сангине бар дипломатияи ин кишвар андохтааст, башиддат интиқод мекунанд ва онро омили вахомати авзоъи амниятӣ, тақвияти гурӯҳи Толибон ва эҷоди зеҳнияти душмании мардуми Афғонистон дар баробари Покистон медонанд. Дар нигоҳи покистониҳо контроли Афғонистон ҳамвора авлавият будааст. Аммо ин сиёсат, натоиҷи маъкусе дар пай дошта ва мунҷар ба бурузи таҳдиди амниятӣ ба худи Покистон шудааст.

Огоҳон ҳадафи ин гуна иқдомот аз сӯи Покистонро фишор овардан болои ҳукумати Толибон унвон мекунанд, ки дар локи сиёсати амниятии Покистон дар қиболи Афғонистон гир кардааст. Сиёсати пур аз иштибоҳ ва фарозу фуруд, ки натиҷае ҷуз тарвиҷи ифротгароӣ, терроризм ва эҷоди шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ нашудааст. Ҳол дида шавад, ки ин изҳорот то чӣ андоза метавонад бар нигоҳу сиёсатҳои покистониҳо дар қиболи Афғонистони таҳти контроли Толибон, бақои ин гурӯҳ дар қудрати сиёсӣ ва тасмим бар ҳимоят ва ё адами ҳимояти он, таъсир бигузорад ва мунҷар ба тағйири парадигма дар сиёсати Покистон дар қиболи Афғонистон шавад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!