Хабари рӯз

Чаро Афғонистон як гузаргоҳи иқтисодӣ нест, балки майдони рақобати амниятӣ аст?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Бозшиносии мавқеият ва ҷойгоҳи Афғонистон дар бозиҳои феълӣ мусталзими шинохти чанд мавридест, ки бояд ба онҳо ба гунаи муҷаррад пардохта шавад. Он чӣ ки возеҳ аст, як бозии чандтарафа, беқоида ва ба дур аз манофеъ Афғонистон аст, ки боиси ташдиди буҳрон дар ин кишвар шудааст. Ин вазъият ба нафъи Толибон тамом шуда ва ҳар рӯз мӯҷиби истеҳкоми пояҳои қудраташон мегардад.

Чун дарки иштибоҳ аз вазъияти феълии Афғонистон ба вуҷуд омада, биноан, бояд бидонем, ки Афғонистон ҳавзаи тақсими манофеъ нест, ки қудратҳои бузург ба асоси манофеи хосашон дар он тасмим бигиранд. Дар иваз ин кишвар ҳавзаи тақобули манофеъи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ  аст, ки мунҷар ба шох ба шох шудани қудратҳои меҳвар ва фароминтақа дар он шудааст.

Иллати он ин аст, ки ин ҷуғрофия хусусияти ҷӯр омадан барои қудратҳои даргирро надорад. Биноан, тақобулу тасодум ба моҳияти воқеии буҳрони миёни онҳо мубаддал шудааст. Илова бар ин, бар хилофи тасаввури омма, Афғонистон ҷуғрофияи ҳосилхез барои қудратҳои минтақаву ҷаҳон надорад, бал ин кишвар ҳамонанди коди кимиёвӣ барои ҳосилхезии соири ҷуғрофия ва перомуни худ короии мусбати худро тасбит кардааст.

Буъди амниятии қазияи Афғонистон нақши асосиро дар таомулоти амниятӣ ва сиёсии минтақа бозӣ мекунад. Биноан, талошҳои сулҳҷӯёна аз тарафи ҳеҷ як аз кишварҳо ва авомили дахил барои ҳалли муъзали Афғонистон, муассиру муфид нахоҳад буд. Чун буъди амниятӣ бар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ сояи сангине андохтааст, пас таомул перомуни Афғонистон, ки бар минтақа таъсир дорад, бештар амниятӣ аст, то таомули фаъоли сиёсӣ ва ҳамгироӣ дар сатҳи минтақа. Ин хусусияти амниятӣ боис шуда, то бозигарони қудратманде вориди бозӣ шаванд ва Афғонистон камокон дар меҳвари рақобати онҳо боқӣ бимонад. Ин рӯёрӯӣ бештар ҷанбаи низомиву амниятӣ дорад, то рӯйкардҳои сиёсиву дипломатӣ.

Бар хилофи фаҳми мутаориф, ки муъзали Афғонистонро ба манобеи зерзаминии ин кишвар рабт медиҳанд ва тасаввур мекунанд, ки қудратҳои дахил дар қазияи Афғонистон тамаъи маодини Афғонистонро дар сар доранд, мавқеияти ҷуғрофиёии Афғонистон ва ба истилоҳ, манобеи сарзаминӣ, аносири геополитикӣ ва геостратегӣ омили таъйинкунанда дар ин тамаъзадагии ин қудратҳое аст, ки бедалел дар қазияи Афғонистон шариканд ва ба бозии чандтарафаи амниятисозӣ идома медиҳанд.

Ба ин асос, кишварҳои қудратманди минтақа ва фароминтақа, ҳеҷ гоҳ ба нияти хайрхоҳона дар Афғонистон ҳузур надоштаанд, бал ҳузури онҳо истифодаи сарзаминӣ аз мавқеияти Афғонистон аст, то барандаи майдони рақобатҳои амниятӣ бошанд.

Омили дигар дар ташдиди буҳрон дар Афғонистон, истеъдоди аҷиби ин кишвар дар парвариши тундравӣ, ҳаракатҳои инқилобиву сиёсатзадагӣ ва аносирест, ки метавонанд боиси эҷоди шабакаҳои ҷангӣ ва падидоварии ниёбатиҳо дар ин кишвар шаванд. Ин истеъдод зарфияту заминаи муносиб барои тундравии мазҳабӣ, сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистонро фароҳам оварда ва боис шуда, то ин кишварро бештар шомили бозиҳои амниятӣ месозад.

Биноан, ҳамон тавре, ки ки қаблан зикр шуд, муаллифаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақаӣ дар он нақши камрангтаре дар таҳаввулоти Афғонистон доранд ва ба ҳамин асос аст, ки алорағми мавқеияти Афғонистон, ки метавонад минҳайси як убургоҳи муҳим барои иқтисод, сулҳу суботи минтақа бозӣ кунад, Ҷанубро бо Шимол ва Ғарбро бо Шарқ (Осиё) пайванд бизанад, ин нақш ба майдони рақобатҳои манфии амниятӣ рух бадал кардааст.

Дар идома маҳсур мондани Афғонистон дар миёни низомҳои амниятии минтақа, бозхӯрди бисёр ваҳшатноке доштааст. Ҳанӯз ҳам ҳеҷ кадом равзанаи умед барои берун шудани Афғонистон аз ин махмасаи аҷиби амниятӣ суроғ нест. Кишварҳои шомил дар ин низомҳои амниятӣ ҳеҷ кадом ҳозир нестанд аз манофеи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худ ба нафъи сулҳу субот дар Афғонистон истифода кунанд. Ин адами алоқамандӣ барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ин кишварро ба майдони рақобат мубаддал сохта ва кишварҳои перомунӣ ногузир барои ҳифзи манофеашон ба гузинаҳои амниятӣ ва ҷангӣ рӯй овардаанд.

 Барои берун шудан аз вазъияти феълӣ лозим аст, то ибтидо як иҷмои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии минтақаӣ рӯи Афғонистон шакл гирад. Дар қадами баъдӣ табдили нақши амниятии кишварҳо ба нақши сулҳомезтар ва бо тавассул ба муаллифаҳои рақобатҳои иқтисодӣ, метавонад ба беҳбуди вазъият кӯмак кунад. Тавофуқ рӯи нақши меҳварии Афғонистон ба унвони убургоҳи иқтисодӣ ва пайвандзанандаи иқтисоди минтақаӣ метавонад ба сулҳу субот Афғонистон ва минтақа кӯмаки фаровоне кунад. Дарки нодурусти ношӣ аз нақши маодини Афғонистон дар буҳрони кунунӣ, то ҳадди зиёде таваҷҷуҳи аслӣ ба моҳияти воқеии буҳронро ба самт номатлубе аз таҳлил ба инҳироф кашондааст.

Моҳияти аслии буҳрон ва ваҷҳи рақобат миёни қудратҳои минтақа ва фароминтақа, мавқеияти сарзаминии Афғонистон аст, то тамаъи ночиз ба маодини Афғонистон, ки манофеи иқтисодӣ ва молии он ба маротиб камтар аз зарарҳои он аст. Бетараф сохтани Афғонистон дар шароити кунунӣ мумкин нест, ило ин ки Афғонистон ҷуз аз яке аз низомҳои амниятии минтақа шавад ва тааҳҳуди устувори онро барои таъмини суботу сулҳ дошта бошад, ило ин ки кишварҳои минтақа барои сулҳу суботи Афғонистон, тасмим бигиранд ва ин кишварро ҷамъи минтақаи ҳоил ва орӣ аз рақобати манфӣ ҳисоб кунанд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!