Хабари рӯз

Толибон бояд тасмим бигиранд, ки оё дар канори минтақа ва ҳамсоягони худ хоҳанд истод ё дар канори Амрико.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, шореҳи “Сангар”

Панҷумин нишасти Формати Маскав дар Қазони Русия бо судури баёнияе муштарак, тавъам бо лаффозиҳои маъмулу мутаорифи дунёи дипломатия ва сиёсати рӯз поён ёфт. Тақрибан ҳамаи иштироккунандагон ба ҷуз аз Тоҷикистон, бо дидгоҳҳои манфиатталбона, шиорҳои такрории мубориза бо терроризм, муқобила бо ДОИШ (чун дар дунёи имрӯзӣ, таърифи воҳиде бар сари терроризм вуҷуд надорад ва аз Толибони террорист минҳайси муттаҳид дар амри, ба истилоҳ, мубориза бо терроризм ном бурда мешавад), ташкили давлати фарогиру хости тазаррӯъомез аз Толибон барои ҳамкорӣ бо минтақа, дар ин нишаст иштирок доштанд.

Дар поён қатъномае содир шуд ва аъзои ин нишаст, бо умедҳои воҳӣ ва фарсангҳо дур аз воқеият, таваққӯъ карданд то ба воситаи Толибон аз шарри терроризми давлате, ки бонии терроризми минтақаӣ низ аст, халос шаванд. Ҷудо аз ин масъала, дар баёнияи поёнии ин нишаст омадааст, ки Толибон бояд бо иқдомҳои амалӣ собит кунанд, ки аз табдил шудани Афғонистон ба конуни терроризм, бесуботӣ ва густариши он дар минтақа ҷилавгирӣ мекунанд, дар ҳоле ки режими Толибон амалан дар хидмати барномаҳои мухилли амниятӣ ба воситаи корти терроризм қарор гирифтааст.

 Русия, Ҳинд, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон аз аъзои Формати Маскав ҳастанд. Ҳамчунон намояндагони кишварҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар ва Туркия ба унвони аъзои нозир дар ин нишаст иштирок кардаанд. Вазорати хориҷаи Русия қаблан эълом кардааст, ки Толибон ба унвони меҳмон дар ин нишаст даъват шудаанд. Қаблан низ Замир Кобулов гуфта буд, ки вазири хориҷаи Русия, Серей Лавров бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, дидор нахоҳад кард чун вай танҳо минҳайси меҳмон дар нишасти Формати Маскав иштирок хоҳад кард, на минҳайси узви фаъол ва дидорҳои мутаорифу тасмимгириҳои инчунинӣ, мунҳасир ба аъзои фаъол аст на онҳое, ки танҳо ҷиҳати истеъмоъи баҳсҳо, дар инчунин нишастҳо иштирок мекунанд ва дар муровидоти маъмул ва судури қатъномаҳо саҳме надоранд.

Ба ҳар ҳол, агарчи нишасти имсоли Формати Маскав, бо аъзои бештаре нишон аз як густурдагии тафоҳум дар қиболи афзоиши ҳамкории минтақаӣ дар хусуси масоили доғи амниятӣ ва сиёсӣ дорад, аммо ҳамон тавре ки пешбинӣ мешуд, инчунин нишастҳо танҳо дар ҳадди як қатънома боқӣ мемонанд ва таъсири чандоне бар шикастондани бунбастҳо надоранд. Ҳол ба баррасии чанд маврид аз натиҷагириҳои нигоранда, ки ҷузъиёти ин сафар, раванди иштироки аъзои он ва мӯҳтавои қатъномаи содиршударо мурур кардам, мепардозем:

  - Дар нишасти кунунӣ, рӯҳияи тундтар ва таҳоҷумитар нисбат ба вазъияти таҳти контроли Толибон ба истиснои Чин, ки манофеъи роҳбурдии иқтисодиву сиёсӣ бо Толибон пайдо карда, вуҷуд дошт. Тақрибан ҳама аъзои ин нишаст норизоиятии худро аз вазъияти феълӣ эълом карданд ва коркарди дусолаи режими Толибонро номуқаннаъ донистанд. Ин ба худии худ, нишон медиҳад, ки минтақа муҳосиба карда, ки бо Толибон наметавон барои дарозмуддат кор кард ва умеде ба ин гурӯҳ дошт;

- Аъзои иштироккунандаи ин нишаст бо баёнияҳо ва судури қатънома, ба гунаи талвеҳӣ аз вазъияти бади амниятии Афғонистон, рушду афзоиши қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳастаҳои террористӣ ва бузург шудани хатари терроризм, ки ба гунаи рӯзафзун амнияти минтақаро таҳдид мекунад, ибрози норизоиятӣ карда ва зимнан таъйид карданд, ки бонии терроризм дар Афғонистон ва бистарсози заминаҳои ноамнӣ барои амнияти минтақа, режими Толибон ҳастанд ва агар дар дарозмуддат вазъият тағйир накунад ва Толибон мутаваҷҷеҳи ҳақоиқ нишванд ва камокон ба ҳимоят аз терроризм идома диҳанд, минтақаву аъзои ин нишаст, фикри бадили онро низ ғайримумкин намедонанд. Ин мавзӯъ ба сароҳат нишон медиҳад, ки минтақа мутаваҷҷеҳи моҳияти аслии гурӯҳи террористии Толибон шуда ва иқдомоти эҳтимолиро низ аз назар дур надорад;

- Хости ҷамъии аъзои ин гурӯҳ аз Толибон, мабнӣ бар риояи ҳуқуқи башар, занон, ташкили ҳукумати фарогир, саҳимсозии ақвом ва эҷоди заминаҳои инъитоф дар амри ҳукуматдорӣ, паёми муҳиме дошт. Яъне аъзои ин нишаст ба Толибон фаҳмонданд, ки барои касби машрӯъият ва барасмиятшиносӣ, ибтидо бояд машрӯъияти дохилӣ касб кард ва баъдан дар интизори касби машрӯъияти хориҷӣ ва байналмилалӣ буд;

- Аъзои фаъоли ин нишаст, сареҳан эълом карданд, ки мутарассиди вазъияти нобаҳинҷори Афғонистон ҳастанд ва хатар билқувваи терроризмро ҷиддӣ дар назар доранд. Ин паёме буд, ки Толибон бояд дарёфт кунанд, ки минтақа таҳаммули чунин моҷароҷӯиҳои сиёсӣ ва амниятиро надорад ва агар зудтар тағйири фикру амал надиҳанд, минтақа дар қиболашон, тасмим хоҳад гирифт;

 - Аъзои ин нишаст, ба гунаи аланӣ ҳузури дубора ва фаъоли Амрико дар таомулоту динамикаи амниятии минтақаро, ғайри қобили таҳаммул дониста ва изъон карданд, ки минтақа бояд дар мавориде ҳамчун Афғонистон тасмим бигирад ва иҷозаи бозгашти Амрико ба минтақа дода нахоҳад шуд. Чун минтақа ва аъзои ин нишаст, Амрикоро омилу сабабгори аслии буҳрони Афғонистон медонанд ва ҳузури дубораи онро дар ростои аҳдофи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худ, мусбат арзёбӣ намекунанд;

- Нишасти Формати Маскав ҳамонанди собиқ, бо лаҷоҷатҳо ва худсариҳои Толибон низ ҳамроҳ буд. Ин гурӯҳ, тавофуқ бо минтақаро рад карда ва изъон кардаанд, ки ҳукумати машрӯъи диниро ҳоким сохтаанд. Ба бовари ин гурӯҳ, ҳеҷ нусхаи хориҷӣ, ба ҷуз аз нусхаи Ровалпиндӣ, наметавонад мушкили Афғонистонро ҳал кунад. Ҳатто нигарониҳои минтақаро чандон воқеӣ нагузоштанд ва ба ҳарфҳои такрории гузаштаи худ, пофишорӣ доштанд.

Бо ин ҳол, он чуноне, ки пешбинӣ шуда буд, нишасти Формати Маскав, танҳо ҷанбаи намодин дар арсаи фаъолгирии дипломатӣ барои Русия буд. Русия дар шароити илтиҳоби ҷанги Украина, хост паёми қавие барои Амрикову ғарбиҳо бидиҳад, ки дигар таҳаммули ҳузурашонро дар минтақа надорад ва мутарассиди вазъият аст.

Ҳамчунон Русия дар талош аст то аз тариқи дипломатӣ ва эъмоли тактикҳои "татмиъ ва фишор", Толибонро водор ба ташкили ҳукумате бисозад, ки аз як тараф ваҷҳи комилу мутлақи толибонӣ ва террористии он ки ҷанбаи такқавмӣ низ дорад, бартараф шавад ва аз сӯи дигар, то ҳадди имкон, аз даргир шудан дар ҷабҳаи ҷанубӣ ва маҷбурияти ҳимоят аз гурӯҳҳои зидди Толибонро ба унвони гузинаҳои эҳтиётӣ, барои феълан маътал нигаҳ дорад.

Ин кор нишон медиҳад, ки талоши Русия ва муттаҳидинаш, асосан рӯйкарди амниятӣ надорад ва талош мешавад то қазия таҳти контроли Толибон, ба воситаи абзорҳои дипломативу сиёсӣ ва чунин кунишгариҳои мунҳасир ба фард, ҳаллу фасл шавад. Дар сурате ки Русия, минтақа ва аъзои ин нишаст ба ин натиҷа бирасанд, ки мушкили амниятии Афғонистон, роҳкори сиёсӣ надорад, рӯйкарди низомӣ ва ҳимоят аз равандҳои зидди Толибон, дар дастури кор қарор хоҳад гирифт. Ин рӯйкарди амниятӣ, дар асл умри режими Толибонро кӯтоҳ хоҳад кард ва арсаи доғе аз тақобул миёни Русияву Амрико хоҳад буд.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!