Бозии тозаи иттилоотии Покистон перомуни Афғонистон чист?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Пас аз он ки Толибон дар Афғонистон ба қудрат баргаштонда шуданд, тасаввури ом бар ин буд, ки Покистон ҳоло роҳаттар ба умқи стратегии худ расидааст. Ҳатто бисёриҳо Покистонро молики биломунозеаи Афғонистон пас аз Амрико унвон доданд. Аммо вахомати авзоъ, таҳарруки бесобиқаи Таҳрики Толибони Покистон ва гурӯҳҳои муттаҳиди он, ҳаҷми баланди ҳамалоти ҷангҷӯёни балуч ва фишори афзояндаи иқтисодӣ, буҳрони сиёсии ношӣ аз барканори Имронхон ва таҳрими ҳизби вай, ки вокунишҳоеро ба думбол дошт, таварруми шадиди пулӣ ва уфти арзиши калдори покистонӣ дар баробари арзи хориҷӣ, мизони баланд ва бесарупои бидеҳиҳои хориҷӣ, адами ҳарфшунавии Толибони Афғонистон аз Покистон мабнӣ бар ворид сохтани фишор бештар бар ТТП ва камранг шудани нақши Покистон дар бозии Афғонистони пасоамрикоӣ, ин кишварро маҷбур ба бозтаърифи дидгоҳояш дар мавриди Афғонистон кардааст. Ба ҳамин хотир аст, ки идораи иттилоотии Покистон, ки мағзи мутафаккири сиёсатгузориҳои он маҳсуб мешавад, тарфандҳои ҷадидеро имтиҳон мекунад, то камокон бо ҳифзи манофеи роҳбурдиаш дар доираи бозӣ перомуни Афғонистон бимонад.
Покистон аз ҳар тариқе мехоҳад нигарониаш аз дарки Афғонистон, ки мумкин ҳар лаҳза дар домани Ҳинд, Эрон, Русия ва Чин ба таври мутлақ суқут кунад, рафъ шавад. Ба ин тартиб, чанде қабл шоеоти мабнӣ бар ташкили меҳвари ҷадиде аз бақоёи ҷумҳурият дар Покистон пахш шуд. Ҳоло Покистон мегӯяд, ки неруҳои истихборотии пешини Афғонистонро бознмегардонад. Зоҳиран гуфта шудааст, ки Покистон маъмурони истихборотии пешин Афғонистонро ба далели хатарҳое, ки дар кишвари худ бо он рӯбарӯ ҳастанд, ихроҷ намекунад.
Покистон, ки ҳомии бузурги Толибон, мудири барномаҳои амалиётӣ ва ҷангӣ бар зидди неруҳои амниятии давлати ҷумҳурият дар Афғонистон буд ва тавассути машвараҳои истихборотӣ ва лобигариҳои сиёсӣ, Амрикоро мутақоид кард, то Афғонистонро ба Толибон бисупорад, ҳоло тасмим гирифтааст, то бо истифода аз ин корт бозии ҷадидеро дар меҳвари бозӣ перомуни Афғонистон созмонидеҳӣ кунад. Покистон бо ин тарфанди ҷадид мехоҳад, то манофеи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсиашро ҳифз кунад ва ҳам дар меҳвар боқӣ бимонад ва ҳатто ҳар гуна эҳтимоли заифи бесуботии сиёсӣ ва амниятиро мунтафӣ бисозад. Дар ҳоле ки ҳукумати муваққати Покистон ихроҷи як миллиону ҳафтсад ҳазор муҳоҷири “ғайриқонунӣ”-и афғонистониро аз саросари Покистон оғоз карда ва ба эътирозоти байналмилалӣ дар ин замина таваҷҷуҳе накардааст, ин кори Покистон, таҳлилҳо ва тахминҳоеро дар ин маврид матраҳ месозад, ки шуморавор ба он мепардозем:
Аввал - эъмоли фишор болои Толибон, то аз берун шудан аз мадори бозии созмондеҳишуда тавассути Покистон, иҷтиноб кунанд. Дар сурате, ки Толибон чунин иштибоҳеро муртакиб шаванд, Покистон аз қабл мехоҳад, гузинаи дувумро барои эъмоли фишори бештар бо айни ҳамон тактикаи ҳимоят аз Толибон дар ихтиёр дошта бошад. Неруҳои истихборотии Афғонистон, ки баъд аз суқути давлати ҷумҳурият ба Покистон паноҳ бурдаанд, дорои таҷрибаи ғании кори амалиётиву истихборотианд ва озмудашуда ҳастанд ва бо рӯҳияи зиддитолибонӣ ҳамвора омодаи рӯёрӯӣ бо Толибон. Ин худ як тактикаи пешгирӣ аз ҳар хел саркашии Толибон аст, ки мумкин дар оянда манобеи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Покистонро бо хатар мувоҷеҳ созад;
Дувум - Покистон нек медонад, ки бахше аз кадрҳои низомии низоми ҷумҳуриятро Эрон нигаҳ дошта, қисматеро Амрикову Инглис бо хеш доранд ва қарор аст, то дар ояндаи бозӣ аз инҳо истифода намоянд, махсусан, низомиҳое, ки аз вилоятҳои шарқиву ҷанубӣ ва ҳавзаи Қандаҳор ҳастанд, ба лиҳози забонӣ ба Покистон рафтаанду феълан дар зери контроли АйЭсАй нафас мекашанд. Инҳо метавонанд дар ояндаи бозӣ перомуни Афғонистон ба як барги баранда барои Покистон мубаддал шаванд. Дар зимн, ҳанӯз тахлияи иттилоотӣ аз афсарони иттилоотии Афғонистон, ки ба Покистон паноҳ бурдаанд, тамом нашуда ва Покистон мутаваҷҷеҳи ин масъала шудааст ва онро дар дастури кор дорад. Ба ин манзур, ахиран Тоҷмир Ҷавод, муовини идораи истихбороти Толибон, ба Исломобод сафар карда, то бо хусусияти барномаи ҷадиди АйЭсАй ошноӣ ҳосил кунад ва мутобиқи он дар Кобул иҷроот намояд;
Севум - аз замони эълони ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Покистон, ҷомеаи ҷаҳонӣ, ниҳодҳои ҳомии паноҳҷӯён ва созмонҳои муртабит бо Милали Муттаҳид, ки дар арсаи дифоъ аз ҳуқуқи паноҳҷӯён кору фаъолият доранд, дархостҳои мукарраре аз Толибон доштаанд, то паноҳҷӯёни афғонистонӣ, махсусан, он идда аз афғонистониҳоеро, ки дар маърази таҳдиди мустақими амниятӣ аз ҷониби Толибон қарор доранд, ихроҷ накунад. Покистон бо бакоргирии ин тарфанди ҷадид дар талош аст, то аз ҷомеаи ҷаҳонӣ имтиёзгирӣ кунад. Биноан истисно қоил шудан барои адами ихроҷ маъмурони истихборотии Афғонистон, як навъ имтиёзгирӣ барои Покистон маҳсуб мешавад, то ҳамон тавре, ки қаблан тазаккур ёфт, аз онҳо дар оянда истифода намояд ва ҳам аз кӯмакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ барои илтиём захмҳои носури иқтисодӣ, баҳра бибарад;
Чаҳорум - тарсу нигаронии Покистон пас аз барканори Имронхон аз қудрат тавассути кудатои сафеде, ки ба кӯмаки артиш созмондеҳӣ шуд, ин аст, ки мабодо доияи "лару бар" мунҷар ба бурузи бесуботии сиёсӣ дар дохили Покистон шавад. Камо ин ки Покистон эълон карда, ки то ҳоло 15 табааи Афғонистонро, ки умдатан бошандаҳои Қандаҳор буданд, дастгир карда, ки дар барномаҳои бесуботии амниятӣ бар зидди Покистон саҳим будаанд. Биноан, истифода аз корти истихборотиҳои ботаҷриба, ки бо рӯҳияи мубориза бар зидди Толибон солҳо анҷоми вазифа кардаанд, метавонад дар мавоқеъи буҳрон ба Покистон дар баробари ҳар хел иқдом аз тарафи паштунҳо кӯмак кунад;
Панҷум - Покистон бо ин тарфанд барномаи дигареро, ки гӯё "мо низомиҳоро ихроҷ намекунем" ва ба ин тартиб бо ин баҳона касонеро, ки ҳувияти худро муаррифӣ мекунанд ва аз собиқаи кори худ мегӯянд, дар ҳоле ки то ҳоло махфӣ буданд, низ ифшо шуда ва мутақоиби он ҳалқаи назорати АйЭсАй бар онҳо такмил шуда ва зери контроли комили АйЭсАй қарор мегиранд, чун низомиҳои собиқро АйЭсАй муртабит ба созмони иттилоотии Ҳинд (РОВ) медонад. Биноан ҳанӯз ҳам як навъ зеҳнияти тарсу эҳсоси хатар аз онҳо мабнӣ бар таҳаррукоти эҳтимолӣ дар дохили хоки Покистон ба ишораи Ҳинд дар назди Покистон маҳсус аст.
Ба сурат маҷмӯъӣ, метавон гуфт, ки тарфанди ҷадиди Покистон мабнӣ бар адами ихроҷи як идда зери номи кадрҳои истихборотӣ, ба сурати маҷмӯъӣ дар меҳвари манофеи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Покистон мечархад ва метавон онро як барномаи аз қабл созмондеҳишуда қаламдод кард.