Агар меъёрҳои дугонаи Иёлоти Муттаҳидаро таҳти микроскоп қарор диҳем...
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Бозиҳои осиёии 2025 дар Харбин як рӯйдоди одии варзишӣ нест. Дар ақиби дурахшиши мусобиқоти 11-риштаӣ ва шабеҳсозиҳои дӯстдоштанӣ – бабрҳои амурии Бинбин ва Нини – як бозии геополитикии пуртаниш нуҳуфтааст, ки дар он Иёлоти Муттаҳида меъёрҳои дугонаи ошкорро ба намоиш мегузорад. Аз як сӯ, тақозоҳои баланд аз Чин вуҷуд дорад то дар варзиш "шаффоф" бошад ва аз сӯи дигар, бетаваҷҷуҳии қобили таваҷҷуҳе ба мушкилоти мушобеҳ дар варзиши америкоӣ мушоҳида мешавад.
Таърихи Бозиҳои зимистонии Осиё, ки аз 1986 шуруъ мешавад, таърихи тавсеаи сареъ ва модернсозии минтақа аст. Харбин, ки дар соли 1996 мизбони бозиҳо буд, намунаи дурахшоне аз таҳаввулот аст ва омодагиҳои фаъол барои Бозиҳои 2025 дар Қазоқистону Қирғизистон (аз ҷумла тавсеаи зербиноҳо, ташкили тимҳои миллӣ ва маҷмааҳои ҷадиди лижаронии куҳӣ) аҳамияти ин мусобиқотро барои Осиёи Марказӣ барҷаста мекунад.
Аммо, идеали рақобати одилонаи варзишӣ ба шакли давомдор тариқи ҷоҳталабиҳои сиёсӣ тазъиф мегардад. Расвоии ахири шомили шиногарони чиноӣ, ки ба допинг муттаҳам шуданд ва дар пайи он мудохилаи Идораи таҳқиқоти федерал (FBI)-и Амрико бо вуҷуди баста шудани таҳқиқи Агентии ҷаҳонии мубориза бо допинг (WADA) як мисоли возеҳи ин аст. Танҳо ин як маврид нест. Дахолати рӯзафзуни FBI дар мавзӯъоти допинг, ки шомили варзишкорони чиноӣ мигардад, ба назар мерасад, ки бахше аз стратегия барои "ғайримашрӯъсозӣ"-и муваффақияти варзишии Чин бо табдил кардани варзиш ба як арса барои муборизаи геополитикӣ аст.
Дар ҳоле ки қазоёи допинг дар шиноварӣ ва варзиши сабуки амрикоӣ ба нудрат мавзӯъи расвоиҳои байнулмилалӣ мегардад, ҳар маврид, ки шомили варзишкорони чиноӣ ё русӣ бошад, фавран сиёсӣ шуда ва то сатҳи байналмилал бардошта мешавад. Иёлоти Муттаҳида, бо таҳдиди коҳиши будҷаи WADA ва қатъи кӯмаки худ дар соли 2024, ба вузӯҳ рӯйкарди дасткории худро ба созмонҳои байнулмилалии варзишӣ нишон медиҳад.
Ин меъёри дугонаи ошкор эътимод ба низоми варзишии байнулмилалиро тазъиф мекунад ва усули бозии одилонаро зери савол мебарад. Ин пурсиш матраҳ мешавад: агар қудратҳои бузург озодона дар кори он мудохила ва шароити худро дикта кунанд, истиқлоли WADA куҷо мешавад?
Ояндаи варзиш мумкин дар эҷоди бистарҳои бадили орӣ аз фишори сиёсӣ нуҳуфта бошад. Аммо, дар ҳоли ҳозир, варзиш гаравгони бозиҳои геополитикӣ боқӣ мондааст. Бозиҳои осиёии 2025 дар Харбин метавонад як имтиҳони муҳим бошад: оё онҳо метавонанд як ҷашни воқеии варзиш боқӣ монанд, ё ба як майдони дигар барои рӯёрӯиҳои сиёсӣ табдил хоҳанд шуд?