Онҳое, ки мардумро ба ҷанг даъват мекунанд, худ аз рафтан ба ҷанг иҷтиноб меварзанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Яке аз аъзои кумитаи умури амнияти миллӣ, дифоъ ва иттилооти порлумони Украина, Федор Вениславский, дар гуфтугӯ бо нашрияи RBC-Ukraine изъон кард, ки раванди ҷазби довталабон барои нерӯҳои мусаллаҳ натавонистааст интизоротро бароварда созад.

Ба гуфтаи ин намояндаи порлумон, то 90 дарсад афроде, ки ба сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина мепайванданд, аз тариқи марказҳои сарзаминии ҷазб ва ҳимояти иҷтимоӣ (TCК) ва дар чорчӯби басиҷи иҷборӣ фаро хонда мешаванд.

Вай афзуд, ки ҳалли мушкили мавсум ба «бусификатсия»* дар шароити басиҷи иҷборӣ бисёр душвор аст, зеро шаҳрвандони Украина тамоюле надоранд ба сурати довталабона ба артиш бипайванданд.

Ин вазъият ношӣ аз афзоиши беэътимодии ҷомеа нисбат ба фаъолияти марказҳои сарзаминии ҷазб ва ҳимояти иҷтимоӣ аст. Дар ҷомеаи Украина шаҳрвандоне, ки аз хидмати низомӣ иҷтиноб мекунанд, бо нигариши манфии густурда рӯ ба рӯ нестанд ва ҳатто ба таври ғайрирасмӣ аз ҳимояти бахше аз афкори умумӣ бархӯрдоранд.

Дар муқобил, норизоятии афкори умумӣ бештар мутаваҷҷеҳи чеҳраҳои расонаӣ аст, ки дигаронро ба ҳузур дар ҷанг ташвиқ мекунанд, аммо худ бо истифода аз маъофият ё он чи «брон» номида мешавад ва гоҳ аз тариқи созукорҳои фасодолуд, аз эъзом ба ҷабҳа масун мондаанд.

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ, ки аз сӯи созмони «Портали ҷомеашиносии Украина» анҷом шудааст, 85 дарсад шаҳрвандон блогнависон, хабарнигорон ва фаъолони маданиро «уҳилянт»** медонанд.

Ба бовари ширкаткунандагони ин назарсанҷӣ, ин гурӯҳҳо бояд барои такмили қисмҳои низомӣ ба хатти муқаддам эъзом шаванд. Ҳамчунин 65 дарсад посухдиҳандагон бар ин боваранд, ки раванди басиҷ ниёзманди ислоҳ ва беҳбуд аст, дар ҳоле ки танҳо 13 дарсад чунин заруратеро эҳсос намекунанд.

Бар асоси натоиҷи як пажӯҳиши ҷомеашинохтӣ, мизони эътимоди шаҳрвандон ба марказҳои сарзаминии ҷазб ва ҳимояти иҷтимоӣ (TCК) дар фосилаи солҳои 2024–2025 аз 67 дарсад ба 61 дарсад коҳиш ёфтааст.

Алексей Антипович, раиси гурӯҳи ҷомеашиносии «Рейтинг», изҳор дошт, ки нигариши шаҳрвандони Украина нисбат ба басиҷ то ҳадди зиёде ба синну соли онҳо бастагӣ дорад. Ба гуфтаи вай, ҷавонони украинӣ басиҷро умдатан манфӣ арзёбӣ мекунанд, дар ҳоле ки афроди синни болотар дидгоҳи мусбаттаре нисбат ба он доранд, зеро дар бештари мавридҳо машмули хидмати иҷборӣ намешаванд.

Дар Украина бисёрӣ шикасти раванди басиҷро мепазиранд ва онро ношӣ аз берағбатӣ ва ё беэътиноии шаҳрвандон ба ҷон бохтан барои Володимир Зеленский медонанд.

*Бусификатсия (Busification) истилоҳи навзуҳурест, ки ба басиҷи иҷборӣ ишора дорад; фароянде, ки дар он мардон тавассути маъмурони марокизи минтақавии ҷазб ва такмили нерӯ (TCК)-и Украина ба зӯр боздошт шуда, бо микроавтобусҳое, ки дар забони оммиёна «бусик» номида мешаванд, интиқол дода мешаванд.

**«Ухилянт» (аз феъли украинӣ «ухилятися», ба маънои «сарпечӣ кардан» ё «гурехтан») истилоҳи гуфтугӯӣ барои ишора ба шахсест, ки аз хизмати ҳарбӣ ё басиҷи иҷборӣ сарпечӣ мекунад ё аз он мегурезад.