Аз соли 1403 то кунун 78 тан дар Пактиё худкушӣ кардаанд

Гузориши ихтисосии хабаргузории “Бозгашт”

Афғонистон, ҷое, ки зиндагии рӯзмараи мардум бо фақр, бекорӣ ва маҳдудиятҳои таҳмилӣ гиреҳ хӯрдааст, афзоиши бепешинаи худкушӣ, бавежа дар манотиқи паштуннишини кишвар, нишон медиҳад, таҳаммули фарҳанги суннатӣ, ки гурӯҳи Толибон дар пайи тарвиҷу таҳмили он ҳастанд, дар канори фақр ва бекорӣ, омили аслӣ будааст.

Ёфтаҳои таҳқиқии ин гузориш нишон медиҳанд, ки ҳатто ҷавонони рустоӣ дар манотиқ паштуннишини Афғонистон тавони таҳаммули шароити иҷтимоӣ, ки тавассути гурӯҳи Толибон таҳмилшударо надоранд, аз ҳамин рӯ барои фирор аз вазъияти мавҷуд даст ба худкушӣ мезананд.

Ин ҷо зиндагӣ барои духтарон фақат нафас кашидан аст, аммо ман дигар наметавонм нафас бикашам

Бар бунёди ёфтаҳои ин гузориш, ахиран духтари ҷавон қабл аз худкушӣ дар Пактиё ба хонаводааш навишта буд: Ин ҷо зиндагӣ барои духтарон фақат нафас кашидан аст, аммо ман дигар наметавонам нафас бикашам!.

Ривояти ӯ танҳо намунае аз фишорҳои тоқатфарсои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст, ки бо сиёсатҳои маҳдудкунанда ва таҳмилӣ болои мардум вазъ шудаанд. Бар бунёди ёфтаҳои ин гузориш, аз оғози соли 1403 то поёни моҳи сунбула/шаҳривари 1404, дар вулусволӣ/шаҳристонҳои мухталифи вилояти Пактиё 78 мавриди худкушӣ ба сабт расида, ки аз ҷумла 33 мавриди он марбут ба занон - духтарон ва 45 мавриди дигари он писарони ҷавону мардони миёнсол будаанд.

 Дар тозатарин маврид дар моҳи саври соли ҷорӣ, ду ҷавон ба исми Аллоҳнур ва номзадаш ба далели надоштани пули издивоҷ ва бекорӣ худкушӣ карданд. Фоҷиае, ки умқи буҳрони иқтисодӣ, фарҳанги суннатии ҳоким ва фишорҳои иҷтимоиро ошкор месозад.

 “Ман меравам, аммо ту ин видеоро ба модари ман нишон бидеҳ

Ёфтаҳои ин гузориш нишон медиҳанд, ки вулусволӣ/шаҳристонҳои Ҷонихел, Зурмат ва Аргуни вилояти Пактиё ба шумули маркази ин вилоят дар якуним сол, гувоҳи худкушиҳои пайиҳами ҷавонон ва навҷавонон будаанд. Ахиран навори тасвирии як навҷавони 12-сола, ки пас аз гуфтугӯ бо бародараш дар рустои Работ аз марбутоти вулусволӣ/шаҳристони Ҷонихел худашро ҳалқовез кард, нишон медиҳад, ки қабл аз худкушӣ бо модараш видоъ карда ва ба кӯдаки дигар гуфта буд: Ман меравам, аммо ту ин видеоро ба модари ман нишон бидеҳ. Навори тасвирии ин саҳнаҳо нишондиҳандаи умқи ноумедии ҷавонон нисбат ба ояндаи норавшан аст, ки дар пайи таҳмили шароити Афғонистон дар сояи гурӯҳи Толибон эъмол шудааст.

Фақру бекорӣ: мероси сиёҳи Толибон

Бар бунёди ёфтаҳои ин гузориш, тадовуми ҳокимияти гурӯҳи Толибон на танҳо ба фақри мардум коҳиш надодааст, балки доманаи он бо гузашти ҳар рӯз густурдатар шудааст. Мавриди мушобеҳи рӯйдоди худкушӣ, ки тавассути хабаргузории “Бозгашт” мустанад шуда, марбут ба як ҷавони пактиёӣ ба номи Қудратулло аст. Наздикони ӯ гуфтаанд, Қудратулло аз ду сол бадин сӯ бекор буд ва пайиҳам думболи дарёфти кор мегашт, аммо муваффақ нашуд. Ба гуфтаи наздикони Қудратулло, пас аз ду соли ноумедӣ, саранҷом дар рустои Алихел, вулусволӣ/шаҳристони Аргуни ин вилоят худашро ҳалқовез кард.

 Дар ҳамин ҳол, огоҳони иҷтимоӣ мегӯянд, илова бар буҳрони иқтисодӣ, фарҳанги суннатии ҳоким дар манотиқи ҷанубии паштуннишини Афғонистон, ҳамчунон боиси афзоиши худкушиҳо шудааст. Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, ахиран дар рустои Мурғӣ, шаҳристони Бармали ин вилоят, як духтари ҷавон ва номзадаш ба далели адами тавоноӣ дар пардохти тӯёна, ба зиндагии худ поён доданд. Ба гуфтаи огоҳон, хонаводаҳо маболиғи ҳангуфти пул барои издивоҷ таъйин мекунанд, ки бисёре аз ҷавонон тавони пардохти онро надоранд, барои таъмини он маҷбур ба коргарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мешаванд. Ин фишорҳо боиси афзоиши хушунатҳои хонаводагӣ ва маргҳои ношӣ аз худкушӣ мешавад.

Ривояти дурӯғини Толибон ва ҳақиқати ҷомеаи Афғонистон дар мавриди афзоиши худкушӣ

Пас аз афзоиши рӯйдодҳои худкушӣ, гурӯҳи Толибон бештар ин рӯйдодҳоро пинҳон мекунанд. Дар мавориде, ки сухангӯёни ин гурӯҳ маҷбур ба таъйиди он мешаванд, илали онро танҳо “хушунатҳои хонаводагӣ” унвон мекунанд, дар ҳоле ки ин ривоят танҳо бахше аз ҳақиқат аст.

Фишори иқтисодӣ, издивоҷҳои иҷборӣ бо фармондеҳони куҳансоли гурӯҳи Толибон, маҳдудиятҳои шадиди иҷтимоӣ, бекории камсобиқа ва нотавонӣ дар таъмини махориҷи хонавода, воқеитарин далоили афзоиши омори худкушӣ дар Афғонистон ҳастанд. Гурӯҳи Толибон бо пинҳонкорӣ ва ироаи ривоятҳои яксӯя талош мекунад, тасвири воқеии буҳрони инсонӣ дар Афғонистонро махфӣ намуда, шароити кишварро таври дигар ҷилва диҳанд.

Афзоиши бепешинаи худкушӣ дар Афғонистон, бавежа дар манотиқи паштуннишин, гувоҳи буҳрони амиқи иҷтимоӣ аст, ки ҳатто ҷавонони рустоии паштунро аз сиёсатҳои маҳдудкунандаи гурӯҳи Толибон ноумед карда ва ба хашм овардааст. Мавҷи худкушиҳо дар Пактиё, фақри густурда, бекорӣ ва фишорҳои фарҳангӣ, тасвири воқеии режимеро нишон медиҳанд, ки тавон ва иродае барои беҳбуди зиндагии мардумро надорад.