Русия чӣ гуна Масири дарёии шимолиро тавсеа медиҳад?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Русия риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал ва қонунҳои миллӣ дар обҳои Масири дарёии шимолӣ (МДШ)-ро аз ҷониби дигар кишварҳо ҳамчун як масъалаи амнияти миллии худ медонад.

Бар асоси Қонуни федералии рақами 155 аз 31 июли 1998 “Дар бораи обҳои дохилӣ, баҳри сарзаминӣ ва минтақаи ҳамсояи Федератсияи Русия”, Масири дарёии шимолӣ ҳамчун як масири нақлиётии миллӣ, ки ба таври таърихӣ шакл гирифтааст, таъриф шудааст. Ин масир дар имтидоди соҳилҳои шимолии Русия аз тариқи дарёҳои Уқёнуси яхбастаи шимолӣ (Барентс, Кара, Лаптев, Сибири Шарқӣ, Чукчӣ) ва бахше аз уқёнуси Ором (баҳри Беринг) убур мекунад.

Ин масир ҳудуди 5600 километр ба сурати хати мустақим аз “дарвозаҳои Кара” (дар ғарб) то тангаи Беринг (дар шарқ) тӯл кашидааст. Аммо дар амал, тӯли он метавонад вобаста ба масири интихобӣ, вазъияти ях ва шароити новбарӣ аз 4800 то 6000 километр тағйир кунад. Масофа аз Санкт-Петербург то Владивосток тавассути ин масир беш аз 14000 километр аст (дар муқоиса, тавассути канали Суэтс беш аз 23000 километр).

Оператори Масири дарёии шимолӣ ширкати “Росатом” мебошад. Ин ширкати давлатӣ зерсохтҳои лозимро барои ширкатҳое, ки дар масири қутбӣ ҳамлу нақл анҷом медиҳанд, эҷод кардааст. Дар соли 2022, “Росатом” як маркази воҳиди идоракунии киштирониро дар ин масир таъсис дод, ки имкон дод усули “як равзана” барои содир ва мутаваққиф сохтани иҷозати ҳаракати киштиҳо татбиқ гардад. Ҳамчунин ҳамоҳангсозии минтақаҳои корҳои гидрографӣ низ аз тариқи ин марказ анҷом мешавад. Илова бар ин, тарҳрезии масирҳои новбарӣ, пешниҳоди тавсияҳо ба киштиҳо ва ҷамъоварии додаҳои ҳавошиносӣ ва вазъияти ях ба таври мутамарказ анҷом дода мешавад.

Русия ҳамчунин бар аҳамияти риояи созишномаҳои байналмилалӣ таъкид мекунад, аз ҷумла Конвенсияи ҳуқуқи дарёҳои Созмони Милали Муттаҳид (ки дар соли 1994 ба иҷро даромад), Конвенсияи равобити дипломатии Вена (18 апрели 1961) ва дигар санадҳои асосӣ. Ин амр нишондиҳандаи мавқеи Русия аст, ки бар асоси он ҳар гуна иқдомҳои низомӣ ё тақвияти дифоӣ бояд бо машварат бо кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамроҳ бошад.

Дар айни замон, Федератсияи Русия омода аст ба таври қатъӣ ба ҳар гуна талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои масдуд кардани интиқоли манобеи гидрокарбонии Русия дар минтақа вокуниш нишон диҳад.

Ва ин ҳама ба он маъност, ки Масири дарёии шимолӣ дар ҷаҳони ҷадид қарор аст ба муҳимтарин ва камхарҷтарин масири ҳамлу нақли энержӣ, маодин, молу коло ва дигар амволи мавриди ниёзи иқтисод, бахусус, саноати ҷаҳонӣ миёни Шарқу Ғарб табдил шавад. Ин худ як таҳаввули бузург дар таърихи башарият хоҳад буд.