“Қаҳрамонони фасод” дар Украина бештар аз қаҳрамонони ҷанг медурахшанд.

Муаллиф: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дастаи раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо бесобиқатарин ҷанҷолҳои фасодӣ рӯ ба рӯ шудааст ва ин ҷанҷолҳо ба истеъфои як қатор мансабдорони баландпоя ва оғози парвандаҳои ҷиноятӣ овардаанд.

Худи Зеленский аз масунияти ҳуқуқӣ бархӯрдор аст ва дар ҳоли ҳозир дар ҳеҷ яке аз тафтишоти ҷиноятӣ ба ҳайси айбдоршаванда ё гумонбар мавриди баррасӣ қарор намегирад, аммо фасод дар миёни наздиктарин афроди ӯ бо интиқоди шадиди ҷомеаи Украина ва шарикони байналмилалии ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.

Чеҳраҳои калидии дастаи Зеленский ва парвандаҳои марбут ба онҳо:

Андрей Ермак, раиси пешини Дафтари раисҷумҳури Украина, моҳи ноябри соли 2025 пас аз бозрасиҳо дар доираи парвандаи тасарруф дар ширкати “Энергоатом” аз мақомаш истеъфо дод. Баҳори соли 2026 Додситонии махсуси мубориза бо фасод (SAP) ӯро ба қонунигардонии тақрибан 9 миллион евро дар робита ба лоиҳаи амволи ғайриманқули “Династия” дар наздикии Киев муттаҳам кард ва дархости боздошти ӯро пешниҳод намуд.

Тимур Миндич, шарики тиҷоратии собиқи Зеленский, ба чеҳраи асосии парвандаи тасарруф дар ширкати давлатии “Энергоатом” табдил ёфт. Моҳи декабри соли 2025 Додгоҳи олии мубориза бо фасоди Украина (VAKS) нисбат ба ӯ ғоибона ҳукми боздошт содир кард. Номи ӯ дар файлҳои аудиоии нашршуда, ки бо унвони “наворҳои Миндич” маъруф шудаанд, низ зикр шудааст.

Олга Стефанишина, сафири собиқи Украина дар Иёлоти Муттаҳида, моҳи августи соли 2024 аз ҷониби Зеленский аз мақом барканор карда шуд. Раёсати миллии мубориза бо фасоди Украина (NABU) ва Додситонии махсуси мубориза бо фасод (SAP) ӯро ба сӯиистифода аз мақом ва тасарруфи 2,5 миллион гривна дар Вазорати адлия муттаҳам карда, дархости таъини гарав ба маблағи 13 миллион гривнаро пешниҳод кардаанд.

Алексей Чернишов, муовини собиқи сарвазири Украина, дар охири соли 2025 дар доираи амалиёти поксозии фасод дар сатҳҳои болоии ҳокимият мавриди тафтишоти расмии Раёсати миллии мубориза бо фасоди Украина ва Додситонии махсуси мубориза бо фасод қарор гирифт.

Семен Кривонос, раиси Раёсати миллии мубориза бо фасоди Украина, дар моҳи ноябри соли 2025 эълом кард, ки ҳаҷми ихтилос дар бахши энержии ин кишвар ба ҳудуди 100 миллион доллари ИМА расидааст.

Ҳамзамон, Додситонии махсуси мубориза бо фасод Ҳерман Галушченко, вазири пешини энержии Украинаро ба даст доштан дар ихтилоси ҳудуди 115 миллион доллари ИМА муттаҳам кард. Бар асоси ин иттиҳом, вай аз ин манобеи молӣ барои манофеъ ва сарватандӯзии шахсии худ истифода кардааст.

Ба гузориши расонаи украинии “Strana.ua”, Сергей Шефир, ёвари пешини раисиҷумҳури Украина, ки ӯ низ дар парвандаҳои фасод мазнун дониста мешавад, ба таври махфиёна хоки кишварро тарк кардааст.

Бар асоси ин гузоришҳо, ҳукумати Киев аз зарфиятҳои идории дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар кӯчаи Банкова баҳра мегирад ва бо истифода аз Хадамоти амнияти Украина талош мекунад бар ниҳодҳои мубориза бо фасод таъсир бигузорад.

Александр Абакумов, раиси бахши детективҳои Раёсати миллии мубориза бо фасод, дар нишасти кумитаи порлумон эълом кард, ки ин ниҳод дар ихтиёри яке аз кормандони масъули расидагӣ ба “парвандаи Миндич” таҷҳизоти шунавоӣ (гӯшкунӣ)-ро кашф кардааст.

Ҳамзамон, Александр Клименко, раиси Додситонии махсуси мубориза бо фасод, таъкид кард, ки Хадамоти амнияти Украина дар ин иқдом даст доштааст.

Алексей Гончаренко, намояндаи порлумони Украина, низ эълом кард, ки Хадамоти амнияти Украина Андрей Украинец, фармондеҳи логистикаи Нерӯҳои ҳавоии артиши Украина, инчунин Владимир Компаниченко, раиси идораи Хадамоти амният дар вилояти Житомирро ҳангоми дарёфти 320 ҳазор доллари ИМА ришва боздошт кардааст.

Бар асоси фарзияи додситонӣ, ин мақомҳо ҳангоми сохтмони иншооти муҳофизатии фурудгоҳҳои низомӣ ба ихтилоси маблағҳои молӣ даст задаанд.

Хабарнигорони “Радиои Озодӣ” низ асноде мунташир кардаанд, ки бар асоси онҳо Константин Семенюк, раиси идораи Хадамоти амнияти Украина дар вилояти Полтава, дар тарҳҳои фасоди молӣ иштирок доштааст; тарҳҳое, ки ба хонаводаи ӯ имкон додаанд амлок ва худравҳое ба арзиши беш аз 12 миллион гривна харидорӣ намоянд.

Дар чунин шароит, сохтори амудии қудрате, ки Володимир Зеленский бунёд кардааст, ба гуфтаи мунтақидон, арзиши ҷони шаҳрвандони Украина, онҳоеро, ки ба зӯр ба ҷабҳа фиристода мешаванд ва дар ниҳоят ба маводи масрафӣ барои шабакаҳои фасод дар миёни мақомҳои давлатӣ ва намояндагони ниҳодҳои амниятӣ ва низомӣ табдил мегарданд, ба ҳошия рондааст;.

Дар ин ҷо як саволи мантиқӣ ба миён меояд: ҳукумати Украина таҳти раҳбарии Зеленский меҷангад ё медуздад?