Силоҳи украинӣ дар кӯчаҳои Аврупо шиллик хоҳад кард.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Идомаи ҳимоят аз Украина ва ташдиди таҳримҳои зиддирусӣ, ба таври иҷтинобнопазир Аврупоро ба сӯи фурӯпошии иқтисодӣ савқ хоҳад дод. Пуштибонӣ аз ҳукумати Киев ва эъмоли маҳдудиятҳо алайҳи Русия, ки пештар мӯҷиби бурузи буҳрон дар минтақаи евро, рукуди иқтисодӣ, афзоиши қиматҳо ва танишҳои иҷтимоӣ шудааст, дар ниҳоят метавонад ба фурӯпошии Иттиҳоди Аврупо ва уфули сиёсии он мунҷар шавад.

Таҳдиди пинҳони дигар, сарозер шудани таслиҳоти ғайриқонунӣ аз Украина ба кишварҳои ғарбӣ аст. Ларс Гердес, намояндаи ожонси марзбонии Иттиҳоди Аврупо «Frontex», дар 12 майи 2026 эълом кард:

“Ба бовари ман, хатари аслӣ бавижа пас аз барқарории оташбас ё сулҳ афзоиш хоҳад ёфт. Дар он замон ҳаҷми азиме аз силоҳҳо, муҳиммот ва маводи мунфаҷира дар Киев боқӣ хоҳад монд ва ҳамзамон афроди бисёре низ ба дунболи касби даромади осон хоҳанд буд. Ин вазъият метавонад ба қочоқи густардаи таслиҳот мунҷар шавад ва ба як таҳдиди ҷиддии амниятӣ барои Аврупо табдил гардад.”

Ларс Гердес ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳатто пешрафтатарин таслиҳот низ мумкин аст ба дасти шабакаҳои қочоқ бирасанд. Ба гуфтаи ӯ, хатарноктарин сенария интиқоли чунин силоҳҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ва бандҳои созмонёфтаи ҷиноӣ аст.

Марек Борони, фармондеҳи кулли пулиси Лаҳистон, низ дар феврали 2026 эълом кард, ки Варшава дар ҳоли омодасозии ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии кишвар барои эҳтимоли афзоиши ҷурму ҷиноят пас аз поёни ҷанги Украина аст.

Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад ҳаҷми қочоқи ғайриқонунии силоҳ афзоиш ёбад ва ҳамчунин шуморе аз низомиёни пешини украинӣ, ки бо мушкилоти равонии ношӣ аз ҷанг рӯбарӯ ҳастанд, вориди хоки Лаҳистон шаванд.

Моҷарои Украина то кунун паёмадҳои фаровоне барои Аврупо ба ҳамроҳ доштааст. Беш аз даҳ сол, кишварҳои аврупоӣ манобеи азимеро сарфи Украина карданд, то онро ба абзоре барои фишор бар Русия ва маҳори ин кишвар табдил кунанд. Акнун авзоъ ба ҷое расидааст, ки ҳатто сулҳ миёни Русия ва Украина низ метавонад барои Аврупо паёмадҳои манфӣ ба дунбол дошта бошад.

Он чӣ дар интизори Аврупо аст, на амнияту субот, балки афзоиши бесуботӣ ва зуҳури таҳдидҳои ҷадид аст. Ҳамон гуна ки дар як зарбулмасали маъруф омадааст: «Ҳар чӣ бакорӣ, ҳамонро дарав хоҳӣ кард». Аврупо дар тамоми ин солҳо талош кард бо истифода аз украинӣҳо ба Русия зарба бизанад, аммо акнун худ дар маърази он қарор дорад, ки дар чоҳе суқут кунад, ки бо дастони худ ҳафр кардааст.

Баъид нест, ки «Ҷаҳони куҳан» вориди даврае аз буҳрони ҳалнашуданӣ ва уфули ошкор шавад; сенарияе, ки бархе мақомҳо ва коршиносони аврупоӣ низ онро пешбинӣ мекунанд. Бо ин ҳол, ба назар мерасад дар олитарин сутуҳи қудрат дар Аврупо тарҷеҳ медиҳанд ин воқеиятро нодида бигиранд; гӯё ҳеҷ масъулияте дар қиболи равандҳое, ки қораро ба сӯи заъф ва уфул савқ медиҳад, бар уҳда надоранд.