Агар Русия ба Аврупо ҳамлаи мушакӣ кунад, шояд яке аз аҳдофи аввалия Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ мешавад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Намояндагони Думаи давлатии Федератсияи Русия дар 13 майи 2026 дар дувумин ва савумин қироат, лоиҳаи давлатииеро тасвиб карданд, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия иҷоза медиҳад дар сурати боздошт, пайгарди кайфарӣ ё ҳар гуна таъқиби қазоии шаҳрвандони рус тавассути додгоҳҳои хориҷӣ — ки бидуни мушорикати Русия дорои салоҳият шудаанд — барои ҳимоят аз онон вориди амал шаванд. Ин қонун ҳамчунин шомили ниҳодҳои судии байналмилалие мешавад, ки салоҳияташон бар пояи муоҳидаи байналмилалӣ бо Русия ё қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал устувор нест.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, пештар дар тавзеҳи зарурати тасвиби ин қонун гуфта буд, ки “адолати ғарбӣ ба мошини саркӯб ва тасвияи ҳисоб бо мухолифон табдил шудааст.”

Ӯ таъкид кард: “Дар чунин шароит муҳим аст, ки ҳамаи иқдомоти лозим барои ҳифозат аз шаҳрвандони Русия дар хориҷ аз кишвар анҷом шавад.”

Ин мавзӯъ ба вижа ба тасмимоти Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ (ICC) марбут мешавад; додгоҳе, ки дар соли 2023 ҳукми боздошти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро содир кард. Ҳамчунин ин қонун шомили ниҳодҳои судие мешавад, ки аз сӯи бархе кишварҳо бидуни мушорикати Маскав эҷод шудаанд. Русия узви Асосномаи Рум нест ва салоҳияти ин додгоҳро ба расмият намешиносад.

Андрей Клинцевич, коршиноси масоили сиёсӣ ва низомӣ, дар тафсири аҳамияти ин қонун гуфт:

“Дар амал, ин қонун ба Русия ҳаққи посухи қаҳрӣ медиҳад; дар сурате, ки касе бихоҳад як шаҳрванди русро бар асоси ҳукми Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ё ҳар ниҳоди дигаре ки Маскав салоҳияти онро напазируфта, боздошт кунад.”

Вячеслав Володин дар соли 2023 низ гуфта буд:

“Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳ бояд ҳаққи анҷоми ҳар иқдомеро барои ҳифозат аз шаҳрвандони мо дошта бошад; дар сурате ки тасмимоти сохторҳои байналмилалӣ бо усули Қонуни асосии Русия дар тазод қарор гирад.”

Ӯ дар суханони худ ба қонуне дар Иёлоти Муттаҳида ишора карда буд, ки ба сурати ғайрирасмӣ “Қонуни ҳамла ба Гаага” номида мешавад; қонуне, ки бар асоси он ҳеҷ шаҳрванди амрикоӣ наметавонад бар пояи ҳукми Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ боздошт ё таҳвил дода шавад. Ин қонун ҳатто истифода аз нерӯи низомӣ барои ҳифозат аз шаҳрвандони амрикоӣ дар хориҷ аз кишварро муҷоз медонад.

Намунаи чунин иқдомоти Амрико низ пештар рух додааст. Нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳида амалиётеро дар Африқо анҷом доданд ва як шаҳрванди амрикоиро, ки дар шимоли Нигерия дар асорат нигаҳдорӣ мешуд, озод карданд. Вазорати хориҷаи Амрико ин амалиётро таъйид кард ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури вақти Амрико, дар шабакаи Twitter онро “пирӯзии бузурги нерӯҳои вижа” тавсиф кард.