Ҳокимият дар шимоли Афғонистон ба созмони истихбороти Покистон (ISI) мунтақил шудааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ амалан бо Покистон ҳаммарз ҳастанд ва дар ояндаи наздик ҳамсоягони ҷадиде хоҳанд дошт - покистониҳо.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Гузориши оперативие, ки аз Кобул ба сайти Сангар дода шуда, ҳовии ҷузъиёти такондиҳанда аст.

Агарчи дар гузашта иддаоҳое вуҷуд дошт, ки тамоми барномаҳои амалиётии Толибон* дар Ровалпинди, мақарри АйЭсАй таҳия шудааст ва ин гурӯҳ танҳо як муҷрии афғонист, аммо субути каме барои ҳимоят аз ин иддаоҳо ироа шуд. Ва ин тасодуфи нест. Дар тамоми ин солҳо, АйЭсАй он гуна кор кард, ки чандон ба чашм наомад.

Бар асоси гузориши ахир, раҳбарии ҷанг дар шимол - Панҷшер, Андароб ва Балхоб тавассути генералҳои покистонӣ аз як дафтар дар соҳаи Вазир Акбархони шаҳри Кобул анҷом мешавад.

“Умури шимол аз сӯи генералҳои бознишаста ва фаъоли покистонӣ идора мешавад. Тамоми раҳбарони ниҳодҳои интизомӣ ва мулкӣ, бавежа волиён, вулусволҳо, руасои пулису амнияти шаҳристонҳо ва вилоётро Шабака Ҳаққонӣ* ба пешниҳод ё машвараи онҳо таъйин мекунад. Мулло Яъқуб, вазири дифоъ низ зери назари онҳо кор мекунад. Масоили таъмини амалиёти размӣ низ бо машвараи онҳо ҳал мешавад. Шимол амалан таҳти ҳокимият Покистон аст”, - омадааст дар гузориш.

Дар гузашта гузоришҳое мунташир шуда буд, ки Покистон бо дар ихтиёр гирифтани контроли тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ғайринизомӣ, бавежа идораҳои амниятии шаҳристону вилоятҳо, қудратро дар саросари кишвар ба Шабакаи Ҳаққонии таҳти контроли АйЭсАй мунтақил кардааст. Ин вазъият норизоиятии Мулло Ҳайбатуллоҳ – “амир ул-муъмнин”-ро барангехт, зеро амалан қудрат аз даст ӯ рафта буд. Вай дар посух, Шӯрои уламои исломро, ки дар ҳар вилояту шаҳристон як намоянда бо қудрати болотар аз воливу вулусвол дорад ва ҳама ниҳодҳо тобеъ ӯ хоҳанд буд, таъсис кард.

Бо ин ҳол, қудрати воқеӣ дар дасти генералҳои покистонӣ аст. Бар асоси гузоришҳо, ин генералҳо робити миёни толибони паштун ва ғайрипаштун низ ҳастанд ва нақши муҳимме дар ҳалли ихтилофоти байни онҳо доранд.

 “Ҳамкории байни толибони тоҷику ӯзбек, монанди Қорӣ Фасеҳуддин ва Махдуми Олим аз тариқи АйЭсАй бо толибони паштун барқарор шудааст. Хонаводаи бархе аз онҳо (аз ҷумла Қорӣ Фасеҳуддин ва Салоҳуддин Айюбӣ) дар шаҳри Кветтаи Покистон минҳайси гаравгон зиндагӣ мекунанд. Ба таври куллӣ, толибони ғайрипаштун таҳти тазмини АйЭсАй бо толибони паштун шарик ҳастанд. Маълум нест Мавлавӣ Маҳдии ҳазора чӣ нисбате бо истихбороти Эрон дорад, аммо далели барканорӣ ва сипас, талош барои нобудии ӯ тавассути Толибон, ихтилофи ӯ бо Шабакаи Ҳаққонӣ, ба таври дақиқтар, бо Покистон будааст. Ӯ раиси идораи шаҳристони Балхоби мансубшуда аз сӯи Шабакаи Ҳаққониро мавриди зарбу шатм қарор дод. Илова бар ин, Шабакаи Ҳаққонӣ ва Покистон мехоҳанд бар даромади маъдани зуғолсанг дар минтақаи Дараи Сӯфи Боло, ки дар дасти Маҳдӣ буд, контрол дошта бошанд. Имрӯза тамоми зуғолсанги ин маодин бо қимати поин ба Покистон содир мешавад”, - омадааст дар гузориш.

Бар асос ин гузориш, панҷ генерали покистонӣ дар дафтари АйЭсАй дар Вазир Акбархон ҳузур доранд, ки номи чаҳор тан аз онон мушаххас аст: Амҷад Иқбол, Амир (Холид Ҳанафӣ, вазири феълии амр ба маъруфу наҳй аз мункари Толибон, яке аз ҷосусони хоси ӯст), Шаҳзод ва Ваҳид.

Инфиҷори маъбади сикҳои Ҳинд ба ҳидояти АйЭсАй ва ҳимояти Шабакаи Ҳаққонӣ тавассути созмони террористии Лашкари Тайибаи* мустақар дар Кобул анҷом шуд. Дар ин гузориш омадааст, ки ҳадаф тарсондани Ҳинд буд, ки дар талош буд сафорати худро дар Кобул боз кунад.

18 июни соли ҷорӣ бар асари чандин инфиҷор ва тирандозӣ дар маъбади сикҳои Ҳинд дар Кобул, 2 тан кушта ва 7 тан захмӣ шуданд. Сафорати Ҳинд дар 24 июн дар Кобул ифтитоҳ шуд.

Дар ин гузориш аз ҳамлаи террористӣ ба маъбади сикҳо дар Кобул ба унвони яке аз амалиётҳои печида ёд шудааст, ки бо маслиҳати се тараф - АйЭсАй, Шабакаи Ҳаққонӣ ва Лашкари Тайиба - ва дар пӯшиши вокуниш ба беҳурматӣ нисбати Паёмбари Ислом дар Ҳинд тарроҳӣ шудааст..

“Асли мавзӯъ ба вазъияти дохилии Покистон бармегардад. Ин кишвар таҳти фишори мушкилоти иқтисодӣ аст. Қурби доллар ҳар рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Як кило равған ба 600 калдор расидааст, ки собиқаи таърихӣ надорад. Мардум мушавваш ҳастанд. Шӯришёни балуч ва TTP (Таҳрики Толибони Покистон) дар ҳоли ташдиди ихтилофоти дохилӣ ҳастанд. Чин барқро қатъ кард ва ҳама масруфи пакка кардан (шамол додан) - и якдигаранд. Аз сӯи дигар, Ҳинд барнома дошт, ки бо замонати доктар Абдуллоҳ ва меҳвари Қандаҳор ба Кобул бозгардад. Покистон аз ҳама тараф таҳти фишор аст ва ба ҳар роҳ, аз ҷумла анҷоми амалиётҳои террористӣ, сигналҳоеро ба азҳони мардуми норозӣ дар қаламрави худ мефиристад. Покистон мушкилоти дохили худро бо хуну ғами мардуми Афғонистон ҳал мекунад. Ва ин вазъ 40 сол аст, ки идома дорад", - омадааст дар гузориш.

Дар бахше дигар аз он омадааст, ки панҷоҳ хонавода аз афсарону мутахассисони покистонӣ ба далели гармои ҳаво ё мушкилоти дохилии Покистон вориди Кобул шудаанд. Онҳо зиндагии ҷадидеро дар минтақаҳои Ширпуру Вазир Акбархон ва дар хонаҳои фирориёни ҷумҳурӣ оғоз карданд.

Нуктаи дигари марбут ба мавзӯъи генералҳои покистонӣ дар Кобул, танзими фаъолияти террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст. Бар асоси ин гузориш, ин генералҳо ҳастанд, ки ба Шабакаи Ҳаққонӣ дастур медиҳанд, ки ба кадоме аз террористҳои Осиёи Миёна ё уйғурҳои чинӣ шиноснома диҳанд ва ба чӣ касоне надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ин танҳо гӯшае аз фаъолиятҳои истихбороти низомии Покистон дар Афғонистон, ба вежа дар шимоли он аст. Дар 10 моҳи гузаштаи ҳукумати Толибон дар Афғонистон, Покистон раванди интиқоли тамоми созмонҳои террористии мустақар дар Вазирстони Шимолии агентии Хайбар Пухтунхворо ба шимоли Афғонистон такмил кард. Ин пруса аз соли 2013 шурӯъ шуд.

Барномаҳои дигар интиқоли "мадориси ҷиҳод" ва паштунҳову балучҳои покистонӣ ба манотиқи шимоли Афғонистон аст, ки амалан дар ҳол анҷом аст. Аз ин хотир, кишварҳои Осиёи Марказӣ на танҳо амалан бо Покистон ҳаммарз ҳастанд, балки дар ояндаи наздик ҳамсоягони ҷадиде хоҳанд дошт - худи покистониҳо.

“Сангар” дар рӯзҳои оянда ҷузъиёти ин тарҳҳоро ироа хоҳад кард.

*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.