Кӣ аз баста шудани маркази раводиди Литва дар Душанбе бой медиҳад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Тирамоҳи соли 2025 Литва бо баҳонаи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ маркази раводидӣ дар Душанберо мебандад. Аммо коршиносон дар ин иқдом ангезаи сиёсӣ - фишор болои Тоҷикистон барои пеш гирифтани роҳи мустақил ва сарпечӣ аз пайравӣ ба барномаи зиддирусии Ғарбро мебинанд. Ин тасмим на танҳо зиндагии муҳоҷирони кориро мушкил хоҳад кард, балки ба худи Литва, ки аллакай бо мушкили норасоии шадиди неруи корӣ дучор гардидааст, зарба мезанад.
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ: “Марҳилаи фаъоли фаъолияти маркази раводиди Литва ба солҳои 2023-2024 рост меояд. Дар ин муддат беш аз шашуним ҳазор шаҳрванди тоҷик иҷозаи иқомат ё иқомати муваққатӣ дар Литваро гирифтаанд. Ягон кишвари Иттиҳоди Аврупо ба шаҳрвандони Тоҷикистон теъдоди аз ин бештари муҷаввизи вурудро барои кор дар қаламрави худ надодааст.”
Солҳои охир Тоҷикистон сиёсати мустақили хориҷиро пеш гирифта, аз пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия худдорӣ мекунад ва шарикиро бо Маскав густариш медиҳад. Ин ба интизориҳои Иттиҳоди Аврупо мувофиқат намекунад, ки мавқеи бештар ҳамоҳангшудаи кишварҳои Осиёи Марказиро афзалтар медонад. Литва ҳамчун як ҷонибдори фаъоли барномаи зидди Русия сиёсати муҳоҷиратиро ҳамчун воситаи фишор истифода мебарад.
Бастани маркази раводид тадбири ягона нест. Аз аввали соли 2025 инҷониб Вилнюс қариб 2 ҳазор муҷаввизи иқомати қаблан ба шаҳрвандони Тоҷикистон додашударо лағв кардааст. Барои муҳоҷирони корӣ аз “кишварҳои сеюм” квотаҳои қатъӣ ҷорӣ карда шудаанд - на бештар аз 1,4%-и аҳолии Литва (тақрибан 40 ҳазор дар як сол). Пас аз ба охир расидани лимит танҳо мутахассисони баландмузд ё коргарони касбҳои камёб муҷаввази иқомат гирифта метавонанд. Қарори ҳукуматдорони Литва мухолифи манфиати соҳибкорони маҳаллӣ аст. Муҳоҷирони тоҷик ба таври анъанавӣ дар соҳаҳои логистика, хӯроки умумӣ ва хидматрасонӣ - соҳаҳое, ки Литва дар он норасоии кадрҳоро эҳсос мекунад, кор мекарданд.
“Марҳилаи фаъоли фаъолияти маркази раводиди Литва ба солҳои 2023-2024 рост меояд. Дар ин муддат беш аз шашуним ҳазор тоҷик иҷозаи иқомат ё иқомати муваққатӣ дарёфт кардаанд. Ягон кишвари Иттиҳоди Аврупо ба шаҳрвандони Тоҷикистон теъдоди аз ин бештари муҷаввизи вурудро барои кор дар қаламрави худ надодааст” - мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Ӯ ин мавзуъро чунин идома медиҳад: “Аксари тоҷикон дар Литва ба ҳайси ронанда дар ширкатҳои логистикӣ кор мекарданд ва дар саросари Иттиҳоди Аврупо бор мекашониданд. Аз ин ҷиҳат Литва яке аз кишварҳои пешсаф дар ташкили ҳамлу нақли бор ва аз рӯи теъдоди ширкатҳое, ки ба ҳамлу нақли бор машғуланд, ба ҳисоб меравад.
Маркази раводиди Литва дар Душанбе ҳамасола ҳудуди 7 ҳазор дархост барои раводиди кориро қабул мекард. Теъдоди шаҳрвандони тоҷики дорои иҷозаи иқомат дар Литва аз 1,4 ҳазор то 6,5 ҳазор афзуд - дар натиҷа, дар соли 2025 радди дархостҳои раводид ва интиқоди нақзи қонун бештар шуд.
Албатта, барои ба ҳайси ронандаи мошини боркаш кор кардан, бояд шаҳодатномаи ронандагии мувофиқ дошта бошед. Гуфтан мумкин нест, ки дар Тоҷикистон чунин мутахассисон зиёданд, аз ин рӯ, ин бозори кории хеле умедбахш (ояндадор) барои тоҷикони дорои категорияи зарурии шаҳодатномаи ронандагӣ буд.
Дар баробари ин, баъзеҳо бар ин назаранд, ки ин тасмими мақомоти Литва нодуруст аст, яъне он хусусият ва ғарази сиёсӣ дорад. Масалан, раиси Ассотсиатсияи миллии ҳамлу нақлҳои Литва Эрлан Микенас дар суҳбат бо расонаҳои ин кишвар асоснокии баста шудани маркази раводидро дар Душанбе зери суол бурда, таъкид намуд, ки дар Литва 10 ҳазор ронандаи мошинҳои боркаш намерасад. Ба андешаи Микенас, тасмими мақомоти Литва хусусияти сиёсӣ дорад: мақомотҳои давлатии Литва коргаронро аз рӯи меъёри кишварҳои “дӯст” ва “ғайридӯст” ҷудо мекардагӣ шуданд ва маълум мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои онҳо ҳамчун коргар аз кишвари “ғайридӯст” маҳсуб меёбад”.
Маркази раводиди Литва дар Душанбе ҳамасола ҳудуди 7 ҳазор дархост барои раводиди корӣ қабул мекард. Теъдоди шаҳрвандони тоҷики дорои иҷозаи иқомат дар Литва аз 1,4 ҳазор то 6,5 ҳазор афзуд - дар натиҷа, дар соли 2025 радди дархостҳои раводид ва интиқоди нақзи қонун бештар шуд.
Ба андешаи Фаридун Усмонов, сабаби эҳтимолии чунин сиёсати Литва норозигӣ аз он аст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зиндагии ҳаррӯза аз забони русӣ истифода мебаранд. “Ёдовар мешавам, ки қаблан дар Литва аз афзоиши шумораи аҳолии русзабон дар кишвар норозигӣ баён мекарданд. Аз ҷумла, муҳоҷирони кории аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаро дар назар доштанд, ки байни ҳамдигар бо забони русӣ муошират мекунанд, инчунин, дар муошират бо аҳолии маҳаллӣ ва корфармоён аз он истифода мебаранд.”
Коршинос қайд мекунад, ки мушкилоти марбут ба муҳоҷирони тоҷик, ки мақомоти Литва ба он ишора мекунанд, бештар на ба қонуншиканиҳо аз тарафи худи коргарон, балки ба камбудиҳои системавӣ дар танзими муҳоҷирати корӣ рабт дорад: “Шахсони расмии Литва изҳор доштанд, ки як қисми шаҳрвандони тоҷик дар асл дар он ҷойҳое, ки дар аризаҳояшон нишон дода шудааст, кор намекунанд, яъне онҳо корро дар ширкати даъваткарда бас карда, ба дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мераванд. Ҳамин тариқ, ҳадафи аслии ин муҳоҷирони корӣ кӯчидан ба кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо аст ва онҳо бозори меҳнати Литваро пур намекунанд.
Бар асоси ин метавон гуфт, Литва медонад, ки ширкатҳое, ки коргаронро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ киро мекунанд, барои муҳоҷирон шароити хеле душвори кориро фароҳам месозанд. Барои ронандагоне, ки дар муассисаҳои нақлиётии Литва кор мекунанд, аксар вақт реҷаи кории душвор тартиб дода шуда, нисбати онҳо ҷаримаҳои бисёр муқаррар карда мешавад. Шаҳрвандони тоҷик бисёр ҳолатҳоро нақл карданд, вақте корфармоён дар Литва онҳоро ҳамчун қувваи кории арзон истифода бурда, фиреб доданд. Корфармоён аксар вақт шартномаи меҳнатиро ба тариқи яктарафа тағйир дода, талаб мекунанд, ки корманд аз кор равад. Дар натиҷа, шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё кишварҳои дигар, ки барои кор ба Литва мераванд, маҷбур мешаванд, ширкатеро, ки онҳоро даъват кардааст, тарк карда, дар ширкатҳои дигар ва ё дар кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо кор ҷустуҷӯ кунанд.
Аз ин рӯ, дар ин маврид сухан на дар бораи он меравад, ки ронандагон ва ё дигар муҳоҷирон мехоҳанд тавассути Литва ба кишварҳои дигари аврупоӣ раванд, балки дар бораи он, ки маҳз беинсофию ноадолатии корфармоёни литвагӣ сабаби ба амал омадани чунин ҳолат мегардад.
Бозори меҳнати аврупоӣ барои шаҳрвандони тоҷик ниҳоят маҳдуд аст ва аз нигоҳи дастрас буданаш бо бозорҳои шарикони доимии Тоҷикистон, аз қабили Русия ва Қазоқистон қобили муқоиса нест, зеро дар онҷо реҷаи бидуни раводид амал мекунад ва ин ба шаҳрвандони мо имкон медиҳад, ки дар он ҷо кори муносиб пайдо карда, худ ва хонаводаи худро таъмин кунанд”.
Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ: “Бозори меҳнати аврупоӣ барои шаҳрвандони тоҷик ниҳоят маҳдуд аст ва аз нигоҳи дастрас буданаш бо бозорҳои шарикони доимии Тоҷикистон, аз қабили Русия ва Қазоқистон қобили муқоиса нест, зеро дар онҷо реҷаи бидуни раводид амал мекунад ва ин ба шаҳрвандони мо имкон медиҳад, ки дар он ҷо кори муносиб пайдо карда, худ ва хонаводаи худро таъмин кунанд.”
Намояндагони диаспораи тоҷикон ва соҳибкорони Литва бар ин назаранд, ки бо баста шудани маркази раводид муҳоҷират қатъ намешавад, балки, баръакс, мардум бештар аз нақшаҳои ғайриқонунӣ истифода хоҳанд кард. Аллакай аз ҳозир ҳазорҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ қурбонии қаллобон мешаванд, ки бар ивази 3-5 ҳазор доллар ваъдаи кор дар Иттиҳоди Аврупоро медиҳанд. Пас аз сахт шудани сиёсати муҳоҷиратӣ шумораи чунин ҳолатҳо якбора меафзояд.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Агар умуман дар бораи бозори меҳнат дар Аврупо суҳбат кунем, он барои шаҳрвандони Тоҷикистон хеле маҳдуд аст. Ба таври қонунӣ барои кор ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо ворид шудан хеле душвор аст. Литва яке аз кишварҳое буд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои дар Аврупо кор пайдо кардан имкон медод. Мутаассифона, ин тасмими мақомоти Литва боиси баста шудани боз як имконият барои шуғли қонунӣ дар Иттиҳоди Аврупо мегардад ва ин метавонад боиси зиёд шудани ҳолатҳои вуруди ғайриқонунӣ ба бозори меҳнати Иттиҳоди Аврупо гардад, ки ин ба сиёсати Иттиҳоди Аврупо мувофиқ нест”.
Соли 2024 қариб 618 ҳазор нафар аз Тоҷикистон берун рафтанд, ки аз он 98 фоизашон ба Федератсияи Русия сафар карданд. Дар нимаи аввали соли 2025 боз 300-350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия рафтанд.
Дар ҳамин ҳол, маҳдудиятҳо аз ҷониби Литва барои Тоҷикистон муҳим нахоҳад буд. Ҷараёни асосии муҳоҷирони корӣ аз ҷумҳурии мо ба таври анъанавӣ ба самти Русия равона карда шудааст. Бозори меҳнати Русия дастрастар ва пешбинишаванда боқӣ мемонад, зеро дар ин ҷо квотаҳои қатъӣ вуҷуд надоранд, қонунигардонӣ осонтар аст ва сатҳи эътимод байни кишварҳо баландтар аст. Тоҷикон тақрибан 17 фоизи шумораи умумии коргарони хориҷиро дар Федератсияи Русия ташкил медиҳанд ва дар соҳаҳои сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва нақлиёт мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.
Бастани маркази раводиди Литва дар Душанбе тамоюли умумии ташдиди сиёсати муҳоҷиратии Иттиҳоди Аврупоро нишон медиҳад. Аммо, ин иқдом метавонад самараи баръакс дошта бошад: Литва ба ҷои коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, метавонад бо мушкили норасоии қувваи корӣ дар соҳаҳои муҳим дучор гардад. Барои Тоҷикистон самти асосии муҳоҷирати корӣ Русия боқӣ мемонад, ки дар онҷо шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.