Аввалин бор эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи занро Аҳмадшоҳи Масъуд дар дувуми июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе имзо намуд.

ДУШАНБЕ, 08 март – Сангар. Ин эъломия ҳеҷ гоҳ таҳаққуқ наёфт, аммо дар қонунҳои ҳукуматҳои тотолибонии Афғонистон нукоти аслии он ворид шуд. Аммо бо омадани Толибон ба қудрат эҳтимолан дигарбора берун овардани он эъломия аз ҷузвдони таърих зарурӣ бошад...

Ҳеҷ гоҳ ними дигари ҷомеаро, ки ҳамоно занон ҳастанд, фаромӯш накунем. Бигузоред худ бар сарнавишти хеш тасмим бигиранд.

Аҳмадшоҳи Масъуд

Дар давраи ҷиҳоду муқовамат дар манотиқи таҳти кунтрули Масъуд дар паҳлуи фаъолияти соири таъсисоти оммуламанфаа, макотиби духтарона низ фаъол буд.

Масъуд мӯътақид буд, ки қабеҳтарин ва зишттарин амали инсонӣ, истифода аз хушунат алайҳи зан мебошад. Дар сафари Аврупо дар муқобили парлумони Аврупо ва матбуот гуфт, занони Афғонистон бояд дар оянда ҳаққи таҳсил, ҳаққи кор ва ҳаққи раъй дошта бошанд.

"Ман инро вазифаи худ медонам, ки аз ҳамаи ҳуқуқи инсонӣ дар муқобили ифротгароӣ дифоъ намоям", - мегуфт ӯ.
Масъуд минҳайси раҳбари Муқовамати миллии Афғонистон ва фармондеҳи ҷиҳод, замоне иттилоъ ҳосил менамуд, ки касе аз суфуфи муҷоҳидин шавқи ба никоҳ гирифтани зани дувумӣ дорад, наметавонист таҳаммул кунад ва ба зудӣ ҷӯёи аҳвол мешуд.

Аввалин бор эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи занро Аҳмадшоҳи Масъуд дар дувуми июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе имзо намуд.

Ин эъломия ҳеҷ гоҳ таҳаққуқ наёфт, аммо дар қонунҳои ҳукуматҳои тотолибонии Афғонистон нукоти аслии он ворид шуд. Аммо бо омадани Толибон ба қудрат эҳтимолан дигарбора берун овардани он эъломия аз ҷузвдони таърих зарурӣ бошад...

Рӯзи байналмилалии зан муборак бод!