Гузориши ҷамъӣ аз ҳамалоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар моҳи августи соли 2024
Нависанда: “Хабаргузории Муқовимат”
Дар моҳи августи соли 2024, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон силсилае аз амалиётҳои муваффақиятомезро алайҳи гурӯҳи террористии Толибон дар вилоятҳои мухталифи кишвар тарҳу иҷро намудааст. Ин амалиётҳо, ки бо диққат ва маҳорати хосе барномарезиву анҷом шудаанд, заработи қобили таваҷҷуҳеро ба нерӯҳои Толибон ворид карда, нишондиҳандаи тавоноиҳои тактикӣ ва қудрати иҷроии ин Ҷабҳа мебошад.
Теъдоди маҷмӯии амалиётҳо:
Дар тӯли моҳи августи соли ҷорӣ, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 27 амалиёти муваффақиятомезро дар шаш вилояти кишвар алайҳи гурӯҳи террористии Толибон ба анҷом расондааст.
Теъдоди амалиётҳо ба тартиб дар ҳар вилоят:
- Кобул: 11
- Ҳирот: 8
- Бодғис: 3
- Фароҳ: 3
- Тахор: 1
- Парвон: 1
Арқоми маҷмуии талафот ва захмиҳо:
Талафоти маҷмӯӣ: 83 тан
Куштаҳо: 51
Захмиҳо: 32
- Кобул: 38 тан (22 кушта ва 16 захмӣ)
- Ҳирот: 21 тан (19 кушта ва 2 захмӣ)
- Бодғис: 9 тан (4 кушта ва 5 захмӣ)
- Фароҳ: 7 тан (3 кушта ва 4 захмӣ)
- Тахор: 6 тан (2 кушта ва 4 захмӣ)
- Парвон: 2 тан (1 кушта ва 1 захмӣ)
Навъияти амалиётҳо:
Амалиётҳо умдатан шомили ҳамалоти чирикӣ ва каминҳои ҳадафманд буда, ки бо диққати боло алайҳи мавозеи Толибон, аз ҷумла фармондеҳиҳо, посгоҳҳо, васоити нақлия ва таҷаммуоти ин гурӯҳ анҷом шудаанд. Аҳдофи амалиётҳо шомили куштан ва захмӣ кардани аъзои калидии Толибон ва ҳамчунон тахриби таҷҳизоти низомии онон будааст.
НУҚОТИ ҚУВВАТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ АМАЛИЁТҲО
- Стратегияи дақиқ ва муассир: тамоми амалиётҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо барномарезии дақиқ анҷом шуда ва нишондиҳандаи қобилиятҳои боло дар тарроҳиву иҷрои амалиётҳои низомии печида аст.
- Муваффақияти амалиётҳо: тамоми амалиётҳо бидуни ворид шудани осебе ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба поён расидааст.
- Аҳдофи барҷаста: бархе аз аҳдофи барҷастаи амалиётҳо шомили муовинини истихборот, фармондеҳони маҳаллӣ ва аъзои аршади низомии Толибон буда, ки талафоти сангине ба ин гурӯҳ ворид кардааст.
- Ҳифозат аз ғайринизомиён: Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тавонистааст амалиётҳои худро бидуни осеб расондан ба мардуми ғайринизомӣ ва бо ҳифзи амнияту ҷони афроди мулкӣ анҷом диҳад.
- Вилояти Кобул: бештарини теъдоди амалиёт дар вилояти Кобул анҷом шуда, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз аъзои Толибон дар пойтахти Афғонистон шудааст.
- Вилояти Ҳирот: Ҳирот низ шоҳиди амалиётҳои мутааддид ва муваффақи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки мунҷар ба талафоти чашмгире бар гурӯҳи террористии Толибон шуда, будааст
Амалиётҳои муваффақонаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нишондиҳандаи тааҳҳуд ва тавонмандии неруҳои ин Ҷабҳа дар муқобила бо гурӯҳи террористии Толибон аст. Ин амалиётҳо натанҳо талафоти сангине ба Толибон ворид карда, балки сабаби тақвияти эътимод ва рӯҳияи рӯзафзуни мардум барои ҳимоят аз муқовимати миллӣ мешавад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамчунон мутааҳҳид ба ҳар гуна мубориза то озодии кишвар ва мардум аз зери султаи режими золиму террористии Толибон мебошад.