Як террористӣ чеченӣ эътироф кардааст, ки ҳамлаҳо ба шиаён дар Афғонистон бо дастури Раёсати умумии истихбороти Толибон анҷом мешавад.
КОБУЛ, 23 сентябр – “Сангар”, Фарзом Козимӣ. Ин эътироф ин воқеиятро таъйид мекунад, ки ДОИШ дар Афғонистон таҳти контроли Толибон кор мекунад.
Як зиндонии тоза озодшуда аз қайди Толибон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Пойгоҳ” гуфтааст, ки дар мавриди террору куштори аҳли ташайюъ дар Афғонистон чизҳои зиёд дар зиндон шунида, аз ҷумла ривояти инфиҷори маргбори масҷиди шиъаҳо дар вилояти Кундуз (инфиҷори масҷиди шиаён дар Сайидободи шаҳри Кундуз, ки 8 октябри соли 2021 инттифоқ афтода, бино ба иттилои расмӣ, беш аз 150 куштаву захмӣ ба ҷо гузошт – “Сангар”).
Ин зиндонӣ, ки ба далели амниятӣ худро “М. Зоҳид” муаррифӣ карда, мегӯяд, рӯзе Абдуллоҳ Чеченӣ, ки муттаҳам ба инфиҷори масҷиди аҳли ташайюъ дар Кундуз буд, дар зиндон ба вай чунин ҳикоят кардааст:
“Се сол пеш ман ва Мавлавӣ Салоҳуддин Бадахшониро раиси истихбороти Тахор ба дастури Абдулҳақ Васиқ, раиси умумии истихбороти Толибон вазифа дод то масҷиди аҳли ташайюъро дар вилояти Кундуз ҳадафи бомбагузории ваҳшатнок қарор диҳем. мо тибқи дастур вазифаро анҷом додем, ки дар натиҷаи инфиҷори муҳиб дар ин масҷид, дасти кам 317 нафар кушта шуданд,” гуфт Абдуллоҳ Чеченӣ.
Вай афзуд, ин инфиҷори маргбор мунҷар ба вокунишҳои шадиди дохилӣ ва хориҷӣ, бахусус Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд ва Толибон дар пайи он моро боздошт карданд.
“Мо дар додгоҳи Толибон ба ҷурми худ эътироф кардем ва ҳатто касоне, ки моро дастур доданд то чунин кореро анҷом диҳем, низ гуфтем, додгоҳи ин гурӯҳ, ҳукми бароти моро содир кард, аммо беш аз ду сол мешавад дар зиндони Толибон ба сар мебарем ва ҳеҷ чизе дар мавриди мо гуфта намешавад ва бесарнавишт ҳастем”, - гуфт Абдуллоҳи Чеченӣ.
Ин ривоят дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки пеш аз ин низ чандин асноду шавоҳид берун шуда буд ва нишон медод Толибон зери номи ДОИШ шиъаҳоро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд. Дар тозатарин ҳамла афроди ДОИШ болои бошандагони Дойкундӣ, яке аз наздикони қурбониён гуфтааст, ки муҳоҷимон нахуст худро Толибон муаррифӣ карданд.
Қаблан як идда сиёсатмадорони Афғонистон, аз ҷумла Амруллоҳ Солеҳ, раиси пешини истихборот ва муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, гуфта буд, ки Толибон амалиёти террористии худро дар саросари ҷаҳон ба номи ДОИШ анҷом медиҳанд.
Дар гузашта ин иддаоҳо ҳам пеш омада буд, ки ҳамалоти ДОИШ дар Афғонистон, Покистон, Эрон ва Русияро онҳое ба номи ДОИШ анҷом додаанд, ки дар марокизи омӯзишии Толибон дар Афғонистон омода шуда буданд.