Дар як шаҳри Лубнон банер ё овезаҳое ба пуштибонӣ аз Владимир Путин насб шудаанд, ки дар онҳо аз ӯ “Абуалӣ” ном бурда шудааст
МАСКАВ, 05 март – Сангар, Толиб Алиев. Бино ба як аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Лубнон ва кишварҳои исломӣ ба нашр расидааст, аз Владимир Путин ба номи “Абуалӣ Путин” ёдовар шудаанд.
“Абуалӣ Путин. Мардони оташини вафодори Маскав” – навишта шудааст дар овеза.
Ин овеза дар шаҳри Зарория, воқеъ дар ҷануби Лубнон аксбардорӣ ва ба қавли бархе, аз сӯи ҷангиёни Ҳизбуллоҳ насб шудааст.
“Абуалӣ” ба маънои “падари Алӣ” аст. Арабҳо барои эҳтироми афрод ба онҳо куния ё тахаллус медиҳанд. Дар ибтидои куния маъмулан вожаҳои “абу”, “умм” ва ё “ибн” вуҷуд дорад. Аксаран куния бар асоси номи фарзанди бузург интихоб мешавад, масалан, Абуҳасан кунияи Алӣ ибни Абдумуталлиб, халифаи мусалмонон буд.
Азбаски Владимир Путин фарзанде ба номи “Алӣ” надорад, пас “Абуалӣ” куния ё тахаллусе ба хотири эҳтироми ӯст.
Дар ҳамин ҳол, Зарория як шаҳри хурд бо ҷамъияти 20 ҳазор нафар аст, ки аксарияти саканаи он пайрави мазҳаби шиа ҳастанд. Ҷолиб ин аст, ки аксарияти мардуми ин шаҳр дар гузашта аз Ҳизби коммунисти Лубнон ҳимоят мекард, ҳарчанд солҳои ахир аҳзоби шиа бештарин нуфузро дар миёни онон доранд.