Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки 29 ба 30 ноябр дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор шуд, суханронӣ кард.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

 

Дар ибтидо дуруд мефиристам ба рӯҳи тамоми шуҳадои мардуми Афғонистон, алалхусус, ба шуҳадое, ки дар ин як соли гузашта, ки ба хотири иззат, озодӣ ва адолат ҷонҳои ширини хешро фидо карданд. Рӯҳашон шод ва ёдашон гиромӣ бод!

Ташаккурӣ менамоям аз Маркази мутолиоти стратегии Афғонистон ба хотири тадовуми ҷаласоти муҳимми конфронси амниятии Ҳирот. Дар айни ҳол лозим аст аз Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон низ ба хотири мизбонии ин конфронси муҳим ташаккурӣ намоям. Ҷо дорад, ки аз ҷаноби раис соҳиби ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз ибтидо бо дарки дуруст ва шинохти дақиқ аз авзоъи Афғонистон таъкид бар пайдо шудани роҳҳали сиёсӣ ва барқарории сулҳу сабот дар Афғонистон таъкид доштанд, сипосгузорӣ намоям.

Бо вуҷуди чолишҳои ҷиддӣ, ки кишвари мо бо он рӯбарӯст, хушҳолам, ки даҳумин даври “Гуфтугӯҳои амнияти Ҳирот” дар шаҳри зебои Душанбе, ки иртибототи отифӣ ва тамаддунӣ бо шаҳри таърихии Ҳирот дорад, тавассути донишмандон, полисисозон ва дипломатҳо баргузор мешавад. Ин гуна гуфтугӯҳо реша дар фарҳанги куҳан ва муштараки ин минтақа дошта ва талоши муштарак барои ҷустуҷӯи роҳҳал дар Қалби Осиё мебошад.

Сӯҳбати мухтасари хешро аз солҳои ахири қабл аз суқути Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз мекунам. Дар муддати як солу ними гузашта чандборӣ шунидем ва хондем, дӯстони берунии мо гоҳе суқути ҷумҳуриятро ба унвони як шок ва сюрприз эълом карданд, дар ҳоле, ки шавоҳиди шароит ва суқуту фоҷиаи 15 августи соли 2021 солҳо қабл аз суқут низ ба вузӯҳ дида мешуд.

Дар басо маҷолис бо ҳайатҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, шахсиятҳо ва раҳбарони миллии Афғонистон, масъулини ҳукуматӣ ин нигарониҳоро борҳо шарик сохтем, аммо, мутаассифона, бино бар адами таваҷҷуҳи ҷиддӣ дар он замон ва расидагӣ ба ин нигарониҳои мо шоҳиди фоҷиаи 15 август ва аз даст рафтани озодӣ, иззат, амният ва сармояҳои модиву маънавии як кишвар будем.

Пас сюрпризе вуҷуд надошт ва ба вузӯҳ суқут пешбинӣ мешуд ва қобили ҷилавгирӣ буд. Аммо хушбинии казоӣ ба ваъдаҳои Толибон, ба унвони мисол, раҳоии 5000 ҳазор зиндоние, ки бо замонати баъзе кишварҳо анҷом шуд, ки қарор буд ба суфуфи ҷанг напайванданд. Аммо ҳамаи мо шоҳид будем, ҳамаи он нерӯҳо бар хилофи тааҳҳуд ба ҷанг баргаштанд.

Баъд аз суқути ҷумҳурият ва дар натиҷаи тасхири низомии Кобул ва идомаи сиёсати зӯру хушунати Толибон, муқовимати мардон ва занони Афғонистон дар ашколи мухталиф ба ҷӯш омад.

Ҳуззори гиромӣ!

Аз ибтидо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон талоши худро барои ҳалли мусолиматомези мушкили кишвар ва боз кардани дарвозаҳои гуфтугӯ бо Толибон амалӣ кард. Чӣ аз тариқи ҳайатҳои мухталиф дар дохили кишвар ва чӣ дар нишастҳо дар беруни кишвар٬ аммо, мутаассифона, таҷрибаи гуфтугӯ ва сӯҳбати мо низ бо Толибон ҳамчун сӯҳбатҳои минтақа ва ҷаҳон ҷуз ноумедӣ чизи дигаре набуд. Онҳо ба ҳеҷ унвон тағйир накардаанд ва ҳанӯз ба сиёсати такравӣ٬ таҳаҷҷур ва сиёсати истибдодии хеш таъкид доранд.

Хоҳарон ва бародарон!

Дар 28 соли гузашта, Толибон арзишҳои исломӣ, фарҳангиву инсонӣ ва усули мундариҷ дар маншури Милали Муттаҳид ва Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башарро, ки Афғонистон яке аз аъзои он мебошад, ба таври ҳадафманд нақз кардаанд. Қатъномаи Маҷмаъаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди Афғонистон, ки се ҳафта пеш ба тасвиб расид, “нигаронии амиқи худро нисбат ба таҳаввулот ва навасонот дар Афғонистон аз замони тасаллути Толибон то акнун нишон медиҳад”. Ин қатънома изъон медорад, ки Толибон кишварро ба шароити вахим мувоҷеҳ хоҳанд кард.

Ин бор дар қисмати тадовуми шароити сахти феълие, ки мардуми Афғонистон дар он қарор дорад, низ нигарониҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки басо мавориди онро иштироккунандагони мӯҳтарами иҷлоси амниятӣ дар ду рӯзи гузашта матраҳ сохтанд ва лозим медонам, ки нукотеро ман низ дар ин ҷо бо шумо шарик созам.

Имрӯз Афғонистон табдил ба як маркази омӯзишӣ ва сарбозгирӣ барои гурӯҳои террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ ва як зиндони калон барои мардуми он табдил шудааст, ки ин дар натиҷаи мустақими аъмоли Толибон аст.

Мардуми Афғонистон, кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ медонанд, ки талошҳои пайгири онҳо дар ростои тарғиби Толибон барои тағйир натиҷа надодааст. Толибон бар хилофи омӯзаҳо ва боварҳои исломӣ ва арзишҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ равишҳои ифротӣ ва золимонаи худро болои мардуми мо таҳмил кардаанд.

Тавре ки ҳама медонед, шаҳрвандони кишвари мо, ба вежа занон, аз ҳуқуқи ибтидоии хеш маҳрум шудаанд. Буҳрони башарӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ домангири мардуми мо шудааст. Ҳадафи мо ин аст, ки ҳама шаҳрвандони Афғонистон - зану мард - аз ҳуқуқи комил ва баробар, бархӯрдор бошанд. Бинобарин, мо бар иловаи тамаркуз бар омӯзиши духтарон, бар иъодаи ҳуқуқи асосии тамоми мардуми Афғонистон, ки ҳаққи омӯзиши хуб як бахши он аст, таъкид намуда ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мехоҳем то дар ин росто талошҳои ҷиддӣ ва амалӣ намоянд. Мардуми Афғонистон лоиқ ба маротиби бештар аз он чӣ ҳастанд, ки тақозо мешавад. Мардуми мо лоиқи зиндагии иззатманд, озод ва мустақил ҳастанд ва ҳақ доранд, ки худашон дар таъйини сарнавишташон нақши асосӣ дошта бошанд.

Ҳаводиси наздик ба шонздаҳ моҳи гузашта дар Афғонистон ва ёфтаҳои коршиносони ду рӯзи Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот дар шаҳри Душанбе ҳокӣ аз он аст, ки Толибон дар иддаои худ барои овардани сулҳу сабот дар кишвар шикасти комил хӯрда ва қодир ба идораи авзоъ нестанд.

Ҷобаҷоӣ, таълимот ва сарбозгирии гурӯҳҳои террористии минтақаӣ ва байналмилалӣ, кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, террор ва нопадид шудани низомиён ва коркунони давлатӣ, боздоштҳо, шиканҷа ва муҳокимаи саҳроӣ, кӯчи иҷборӣ, ҷиноёти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият, наслкашӣ ва ноамниву набуди қонун дар Афғонистон ба таври бесобиқае рӯ ба афзоиш аст, ки ҳамаи инҳо таҳдидҳои ҷиддӣ ба мардуми Афғонистон, ба минтақа ва ба ҷаҳон мебошад.

Барнома ва тамосҳои ҷудо-ҷудои кишварҳо бо Толибон ба хотири мақосиди тактикии амниятиашон, на танҳо роҳгушоӣ барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа набуда, балки дар дарозмуддат хатари тақобули манофеъ ва тадовуми ҷангу нооромиро бештар месозад.

Ҳарчанд дар моҳҳои ахир талошҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар форматҳои мухталиф ба хотири ҳалли буҳрони Афғонистон шакл гирифт, ки мо аз он истиқбол мекунем, аммо боварамандем, ки ҳамоҳангӣ ва тадовум ба хотири расидан ба як иҷмоъи умумӣ барои ҳалли мушкили Афғонистонро зарурӣ медонем.

Мо ҳалли муъзалот ва нигарониҳои матраҳшударо дар таомулҳои тактикии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бо Толибон намебинем. Балки ҳалли мушкили асосии Афғонистон, нигарониҳои мутааддиди минтақа ва ҷаҳонро дар эҷоди як меканизми ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ва таъсиси низоми сиёсии ғайримутамаркиз, машрӯъ ва мунтахаб дар ин кишвар медонем.

Густариши муқовимат ва истодагии бонувон дар дохили Афғонистон ва шаклгирии иҷтимоъот, эътирозот ва ҷараёнҳои мухолифи Толибон дар берун аз кишвар нишондиҳандаи норизоятии ҷиддии мардум ва нухбагони кишвар аз вазъияти мавҷуд аст.

Шояд тафовути дидгоҳ дар рӯйкарди мавҷуд бошад, аммо дар усул ҳама‎и ҷараён‏ҳо хостори тағйир аз вазъияти мавҷуд ба вазъияте ҳастанд, ки мардум дар таъйини сарнавишташон нақши асосӣ дошта бошанд, ки шаклгирӣ ва фаъолияти Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон дар Анқара, конфронси шахсиятҳои миллӣ дар Вена ва нишасти амниятии Ҳирот дар Душанбе нишондиҳандаи ин талошҳост.

Бовари мо бар он аст, ки таркибе аз муқовимати муассири сиёсӣ, маданӣ ва низомӣ, дар баробари Толибон, ки шомили фидокориҳои зиёде аст, шароити воқеъбинонаро барои музокироти маънодор, мусолиҳа ва дарёфти роҳҳалҳои доимӣ барои муъзали бунёдини Афғонистон мусоид месозад. Дар ин росто бар хилофи назарияи классик дар қисмати музокира аз мавқифи қувват ва ё мавқифи заъф, мо мантиқан ба музокира аз мавқифи арзишҳо, усул ва виқор ҳастем.

Агарчи алоқамандам, ки ба ҷузъиёти бештар нукотеро, ки арз кардам, бипардозам, аммо...

Аз ҳамкорӣ ва талоши муштараки ҳамаи шумо барои як Афғонистони озод, обод ва мустақил ташаккурӣ мекунам.