Дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон дар вилояти Панҷшер як теъдоди бузурги “Толибон” куштаву захмӣ шуданд.

ПАНҶШЕР, “Сангар”, Ҳасиб Сангарӣ. Ин ҳамла рӯзи сешанбе, 18 январ, дар вулусволии Руха иттифоқ афтодааст.

Як манбаъ дар қароргоҳи Руха ба хабарнигори “Сангар” гуфт, соат 8-у 15 дақиқаи субҳи он рӯз нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ болои корвони мутарҳои низомии “Толибон” дар бозори рустои Бахшихели Руха як ҳамлаи ғофилгирона анҷом доданд, ки дар пайи он 13 толиб ба ҳалокат расида, 4 тани дигарашон ба ҳалокат расидаанд.

“Ҳамла аз ин қарор буд, ки як ренҷери “Толибон” дар ҷавори мақбараи Фахруддин Шайхонӣ мавриди ҳамлаи инфиҷорӣ қарор гирифт. Толибоне, ки дар як посгоҳ дар рубрӯи лисаи Руха қарор доштанд, фавран ба интиқоли куштаву захмиҳо шитофтанд, ки дар ин ҳангом ҳамлаи дигар болои онҳо сурат гирифт. Аксари талафот ҳам аз ҳисоби ҳамин нерӯҳои кӯмакии “Толибон” буд”, - гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, “Толибони ҳозир дар минтақа хашмгин шуда, асабӣ шуданд ва ба чаҳор тарафи худ тирандозӣ карданд ва ба озору азияти дӯкондоророну мардуми маҳалл пардохтанд.

“Бино ба гузорише, ки мо гирифтем, дар ин ҳангом як ҷавон, ки Ямо ном дошт ва дар бозори Бахшихел дӯкондор буд, мавриди лату кӯб бо мушту лагад қарор мегирад ва феълан ҳам захмӣ аст. “Толибон” дар Бахшихел ва ҳам қарияи ҳамсояаш Дархел талошӣ хона ба хона карданд”, - гуфт манбаъ.

Қаблан расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз куштори 40 толиб дар масҷиди рустои Хин ва ҳам амалиёте дар Оноба хабар доданд, ки бино ба иттилои ҳамсуҳбати “Сангар” хабари козиб аст.