Тайи шаш моҳи гузашта, анвоъи ҷиноёт дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, аммо ҷиноёти марбут ба ифротгароӣ ва терроризм афзоиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 20 июл – Сангар (баргирифта аз иттилооъоти чопшуда дар нашрияҳои Тоҷикистон). Дар гузашта, мақомот ва коршиносон пешбинӣ мекарданд, ки пас аз рӯйи кор омадани Толибон дар Афғонистон, “шохаҳои хобида”-и созмонҳои террористӣ ва ифротӣ дар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ фаъолитҳои худро ташдид кунанд.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки афзоиши ҷиноёти марбут ба терроризм ва ​​ифротгароӣ дар ин кишвар ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон марбут намешавад, балки ба рӯйдодҳои моҳҳои май ва июн дар Вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон марбут мешавад.

Ҳамон тур, ки Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон дар як конфронси матбуотӣ эълом кард, афзоиши ҷиноёти марбут ба ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе бо рӯйи кор омадани Толибон надорад.

Вай гуфт: “Мо тамоми иттифоқоти дохили кишварро сабт кардаем. Аммо мо ин воқеиятро сабт накардаем, ки фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ натиҷаи вазъияти Афғонистон аст”.

Ба гуфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, тайи шаш моҳи гузашта, 261 узви созмонҳои террористӣ ва ифротӣ боздошт шудаанд, ки аз ин теъдод 64 нафар навҷавон ҳастанд. Ва 14 гурӯҳи ҷинояткори созмонёфтаи муташаккил аз 100 нафар ба далели ин ҷиноёт боздошт шуданд. Ҳамзамон 44 узви созмонҳои ифротӣ ва террористии мустақар дар хориҷ аз кишвар дастгир ва таҳвил дода шуданд, ки 41 нафар аз Русия ва се нафари дигар аз Миср, Қазоқистон ва Туркия буданд.

Пеш аз ин, додситонии кулли Тоҷикистон гузориш дода буд, ки тайи шаш моҳи гузашта, ниҳодҳои амниятии ин кишвар 720 ҷинояти муртабит бо терроризм ва и​фротгароиро шиносоӣ ва сабт кардаанд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 106 маврид бештар аст.

Ба таври куллӣ дар ним соли ҷорӣ 12 ҳазору 482 ҷурм дар Тоҷикистон ба сабт расидааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл, яъне 1396 ҷурм камтар аст. Ҳама анвоъи ҷароим, ба истиснои ҷароими марбут ба терроризм ва ​​ифротгароӣ коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти дохилӣ муддаӣ ҳастанд, ки ин афзоиш ба далели амалиёти зиддитеррористӣ дар қаламрав Бадахшони Тоҷикистон аст, ки дар моҳҳои май то июн анҷом шуд.

Шодӣ Ҳафиззода, раиси Раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, афзоиши кашфи ҷароими муртабит бо терроризм дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта бо амалиёти зиддитеррористӣ дар Бадахшон муртабит аст.

Вай гуфт: “Дар ҷараёни ин амалиёт чандин иқдом бо моҳияти ифротӣ-террористӣ тавассути гурӯҳҳои ифротӣ ва террористи анҷом шуд, ки тавассути мақомот шиносоӣ ва сабт шуд”.

Пеш аз ин, Ситоди байнимақомотии амният ва назми умумӣ дар Бадахшон гузориш дода буд, ки дар ҷараёни ин амалиёти зиддитеррористӣ, дар маҷмӯъ 16 нафар аз афроди муқовамати мусаллаҳона хунсо, 220 нафар дастгир ва барои 53 нафар парванда ҷиноӣ ташкил шудааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин амалиёт як афсари гурӯҳи вежаи зиддитеррористии “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон ба ҳалокат расид, 13 сарбози дигар ба шиддат маҷрӯҳ шуданд ва чаҳор сарбози нерӯи вежаи ОМОН-и вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар натиҷа як ҳодисаи ронандагӣ ба шаҳодат расиданд. Ин амалиёт дар 18 май оғоз шуд ва дар 18 июн мақомот эълом карданд, ки Ситоди байнимақомотии амният ва назми умумӣ дар Бадахшон ба поён расидааст.

Бар асоси эъломи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, 3000 шаҳрванди ин кишвар ба далели ҷиноёти ифротӣ ва террористӣ ба таври расмӣ таҳти таъқиб ҳастанд. Тайи шаш моҳи гузашта, 109 нафар аз аъзои созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ва ширкаткунандагон дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ба дархости худ аз хориҷ ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд, ки 100 нафар аз Русия, 7 нафар аз Туркия ва як нафар аз Қазоқистон ва Миср будаанд.

Аз соли 2015, бо кӯмаки вазорати умури дохилии Тоҷикистон, 792 тан аз аъзои созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ва ширкаткунандагон дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ба кишвари худ бозгаштаанд.