“Ба хонаҳои худ баргардед ва оилаҳои худро бесарпараст нагузоред. Бидонед, ки шумо таҷовузгар ҳастед ва агар кушта шавед, ҳаром мемиред. Агар бар намегардед, бидонед, ки масъулият ва гуноҳи хунатон болои худатон аст ва гуноҳу масъулияти бесарнавиштии оилаҳоятон ба дӯши худатон аст”.

 

ЭЪЛОМИЯИ КУМИТАИ ФАРҲАНГИИ ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТИ МИЛЛИИ МУҚИМИ ПАНҶШЕР

(барои аъзои гурӯҳи Толибон*, ки барои ҷанг ба Панҷшер омадаанд/меоянд)

 

Ба номи Худованди шуҳадои содиқин

Ҳамватанони азиз, салому алайкум ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳу

Ба умеди пазириши тоъоту ибодоти ҳамаатон дар ин рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон.

Ҳамватанони азизе, ки аз гӯшаву канори Афғонистон дар суфуфи гурӯҳи Толибон барои ҷанг ба Панҷшер эъзом мешавед! Инро бидонед, ки бузургони шумо, шуморо барои расидан ба аҳдофи пасту ғайриинсониашон, чӯби сӯхт ва олаи даст қарор додаанд. Худашон дар қасрҳои муҷаллал ва бистарҳои гарму нарм ва дар миёни неъматҳои гуногун ва дар канори хонаводаҳояшон зиндагӣ мегузаронанд ва шуморо барои ҷанг ба Панҷшер равона месозанд, дар ҳоле ки авлодҳои худашон (духтару писар) дар беҳтарин макотиб ва донишгоҳҳои ҷаҳон дарс мехонанд ва таҳсил мекунанд. Агар ҷанг дар Панҷшер ҷиҳод аст, пас чаро бачаҳои худро барои ҷанг намефиристанд ё худашон намеоянд?!

Бузургони шумо ҳукуматро ба василаи куштори мардуми бегуноҳ ба даст овардаанд ва ҳокимияти онҳо (, ки на раъйи мардумро доранд ва на байъаташонро) аз назари ислом ғайримашрӯъ аст.

Барои итмоми ҳуҷҷат ва адои масъулият, ба шумо мерсонем,ки: дар вилояти Панҷшер ҳеҷ кофире вуҷуд надорад, ки шумо бо вай ҷиҳод кунед. Ҳама мусулмонанд ва калимагӯ ва намоз мехонанд ва ба асоси қавоиди ислом "ҳар мусулмоне, ки калимаи мубораки “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадан расулаллоҳ”-ро бигӯяд, куштани вай ҳароми қатъӣ аст".

Бинобарин шумо, ки хуни мардуми Панҷшер ва таҷовуз ба амволу ҳуқуқашонро ҳалол дониста ва барои куштани мардуми мусулмону бегуноҳ, аз гӯшаҳои дур ба ин ҷо омадаед, дар ҳақиқат худатонро мубоҳалдам (ба кушта шудан раво) намудаеду хунатонро ҳалол сохтаед ва мо ба асоси ояҳои Қуръонӣ ва аҳодиси Набавӣ салаллоҳу алайҳи васаллам, ки зайлан зикр мегардад, маҷбур ва мукаллаф ҳастем то аз ҷон, номус, иззат ва ҳарими худ дифоъ намоем.

Худованд ҷалла ҷалолаҳу дар ояи 194, сураи муборакаи “Бақара” фармудааст:

Тарҷума:

“Пас касе, ки ба шумо таҷовуз ва тааддӣ кард, шумо низ ҳамон тавр, ки ба шумо тааддӣ кардааст, ба ӯ тааддӣ намоед ва аз Аллоҳ парво бидоред ва бидонед, ки Аллоҳ бо парҳезкорон аст”.

Ҳамчунон дар ояи 39, сураи муборакаи дигар фармудааст:

Тарҷума:

“Иҷоза (и дифоъ аз худ) ба касоне дода мешавад, ки ба онон ҷанг (таҳмил) мегардад, чаро, ки ба эшон зулм шудааст (ва онон муддатҳои тӯлонӣ дар баробари зулми золимон шикебоӣ варзидаанд ва хуни дил хӯрдаанд) ва Худованд тавоно аст бар ин, ки эшонро пирӯз кунад”.

Ҳамчунон дар ояи 39, сураи муборакаи “Шӯро”ٰ фармудааст:

Тарҷума:

“Ва (биҳиштиён) касонеанд, ки агар зулму ситаме ба эшон шуд, интиқом мегиранд (ва зери бори зулм намераванд)”.

Ҳамчунон имом Муслим (р) ривоят намуда, ки яке аз саҳобагон аз Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам пурсиданд:

Агар касе (ба зулм ва тааддӣ) ба хонаи ман омад, ки моламро бибарад, чӣ кунам? Паёмбар (с) фармуд: "Моли худро ба вай мадеҳ! " Он саҳоба гуфт: Агар бо ман ҷанг ва муқотала кунад, чӣ кунам? Паёмбар (с) фармуданд: "Ту низ бо вай ҷангу муқотала кун! " Он шахс гуфт: Агар ӯ маро бикушад? Паёмбар (с) фармуд: "Ту шаҳид мешавӣ". Гуфт: Агар ман ӯро бикушам? Паёмбар (с) фармуд: "Ӯ ба дӯзах меравад".

Ҳамватанони азизе, ки дар сафи гурӯҳи Толибон бо мардуми Панҷшер меҷангед!

Мо мусулмонем ва ҳеҷ сарбози амрикоӣ ё НАТО дар Панҷшер вуҷуд надорад. Ҳашт моҳ аз ҳокимияти шумо гузашт ва шумо дар ин ҳашт моҳ анвоъи зулмҳо, аз куштори мардум гирифта то чури хонаҳои мардум, талошиҳои бемавриди шабона ва рӯзона, ғасби хонаҳо, ғасбу сӯзондани макотиб ва донишгоҳи Панҷшер ва мадориси мардум дареғ накардед ва мо дар ин ҳашт моҳ сабр намудем ва акнун косаи сабри мо ба сар расидаву мо ба ҳукми оёти қуръонӣ ва ҳадиси Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васаллам), ки фавқан тазаккур рафт, ҳақ дорем аз хун, номус, иззат ва ҳарими худ дифоъ намоем ва барои ҳифозат аз хонаҳо, макотиб ва дигар таъсисоти оммаламанфаъа даст ба кор шавем ва ба ёрии Аллоҳ дар ин роҳи муқаддас пирӯз хоҳем шуд.

Бинобарин барои ин ки назди Худо масъулияти худро адо намуда бошем, паёми худро ба шумо мерсонем,ки:

Ба хонаҳои худ баргардед ва оилаҳои худро бесарпараст нагузоред. Бидонед, ки шумо таҷовузгар ҳастед ва агар кушта шавед, ҳаром мемиред. Агар бар намегардед, бидонед, ки масъулият ва гуноҳи хунатон болои худатон аст ва гуноҳу масъулияти бесарнавиштии фомилҳоятон ба дӯши худатон аст.

Бо эҳтиром

Кумитаи фарҳанги Ҷабҳаи муқовамат миллӣ_Панҷшер

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст