Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли Толибон, аз ҳузури ДОИШ дар ҷангҳои Панҷшеру Андароб ва фатҳнопазир будани ин манотиқ суҳбат кардааст
КОБУЛ, 07 апрел – Сангар, Фарзом Козимӣ. Вай ин нукотро дар ҷаласаи сареъи фармондеҳони аршади Шабакаи Ҳаққонӣ ва Толибони тими Мулло Бародар баён кардааст.
Қорӣ Фасеҳуддин, ки худ дар ҷангҳои дараи Панҷшер ва Андаробҳо ҳузур дошт, пас аз бозгашт ба Кобул ба раҳбарони раддаи аввали Толибон гуфтааст, дар ҷангҳои Ҳиндукуш ҷангиёни ДОИШ низ дар либоси муқовиматгарон вориди майдони ҷанг шудаанд.
Як манбаъ дар вазорати дифоъи Толибон ба хабарнигори сомонаи Сангар гуфт, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Толибон гуфтааст, фатҳи дараҳои Панҷшер ва Андаробҳо, ки ҳамагӣ аз куҳҳои саъбулубур иборатанд, аслан имкон надорад.
“Шӯравӣ муваффақ набуд, дар давраи аввал Толибон низ ин қалъаҳои табииро тасхир накардаанд. Ба ҷуз Худованд ҳеҷ нерӯе нест, ки Ҳиндукушро фатҳ кунад. Ҷанги мо дар Панҷшеру Андаробҳо талафоти ҷонии бештарро ба бор хоҳад овард ва харҷи беҳудаи пулу вақт аст”, - гуфтааст Қорӣ Фасеҳуддин.
Аммо нуктаи дигаре, ки раҳбарони Толибонро шокӣ карда, сахт ба андеша водор намудааст, гузориши сардори Ситоди кулл дар бораи ҳузури ҷангиёни ДОИШ дар сафи нерӯҳои муқовимат аст. Вай гуфтааст, азбаски ҷабаҳоти муқовимат ҳоло ба камбуди пулӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ДОИШ тавонистааст дар миёни фармондеҳон ва сарбозони онҳо нуфуз карда, пулҳои ҳангуфтро дар ихтиёрашон гузорад, то онҳо Толибонро бештар мавриди ҳамла қарор диҳанд.
“ДОИШ бар ивази иҷрои ҳар ҳамла ва амалиёт пул медиҳад. Аммо он чӣ барои раҳбарони Иморат, бахусус, Шабакаи Ҳаққонӣ нигаронкунанда аст, тағйири қавоиди бозӣ аст. Онҳо бар ин фикранд, ки ДОИШ-ро таҳти назорат доранд, аммо боз кадом нерӯи дигарест, ки онро ба майдон андохтааст. Тамоми фармондеҳони ӯзбеки Толибонро, ки аз шимол барчида шуданд, ҳамагӣ ба далели ҳамкории онҳо бо Туркия ва эҳтимоли пайвастани онҳо бо ДОИШ барканору зиндонӣ шуданд”, - гуфт манбаъ.
Ҳамсуҳбати Сангар мегӯяд, суҳбатҳои Қорӣ Фасеҳуддин ба раҳбарони Толибон сахт кора кард ва онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки дар ҷанги худ бо ҷабҳаҳои муқовимат ва ДОИШ аз тамоми имконот кор хоҳанд гирифт, аммо чӣ кор хоҳанд кард, маълум нест.
Ҷаласаи изтирории раҳбарони низомии Толибон бо ҳузури Мулло Яъқуб, вазири дифоъ, Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохила, Мавлавӣ Амирхон Ҳаққонӣ, фармондеҳи қули урдуи 209 “Фатҳ” дар Шимол, Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ, Ҳоҷӣ Молихон, муовини Қорӣ Фасеҳуддин ва чанд фармондеҳи дигари аршад дар маҷлисгоҳи вазорати дифоъи Толибон баргузор шудааст.
Қорӣ Фасеҳуддин пас аз хатми ҷангҳои ахири Панҷшер, ки аз якум то чаҳоруми апрел идома дошт ва талафоти сангинеро барои Толибон боқӣ гузошт, ба таври оҷил ба Кобул рафт ва дар ҷаласаи фавқ гузоришгари асосӣ буд.
Пас аз Панҷшер Толибон ҳазорҳо тан аз нерӯҳои гуруҳи лайзерӣ, “Бадрӣ”, “Қитъаи сурх”, қулли урдуи “Ал-фатҳ” – и Мазори Шариф, толибони маҳаллӣ ва ҳамзамон террористҳои хориҷии ҳозир дар вилояти Бағлонро ба Андаробҳову Хустҳо эъзом кардаанд.
Ин нерӯҳо дар аввалин ҷангҳои худ дар дараи Қосону Дараи Хайри вулусволии Деҳ Салоҳ шикаст хӯрданд, аммо дар саросари ин вулусволӣ, ҳамзамон вулусволиҳои Бануву Пули Ҳисори Андаробҳо ва Хусту Фиринги Хустҳои Бағлон ба талошиҳои хона ба хона ва ранҷу озори мардум даст задаанд.
“Ҳеҷ кас мантиқи кори онҳоро намефаҳмад. Онҳо ба нерӯҳояшон расман фармон додаанд, ки хонаҳоро талошӣ кунанд. Дар ҳоле ки хуб мефаҳмад, ҷангиёни муқовиматгар дар кӯҳҳостанд. Дар сари инҳо чӣ гап аст, Худо медонаду худашон” – гуфт манбаъ.
Гузоришҳои ҳузури нерӯҳои ДОИШ дар ҷангҳои Ҳиндукуш паёми хуше барои нерӯҳои зиддитолибонӣ, қабл аз ҳама, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки дар Панҷшеру Андаробҳо ҳузур доранд, надорад, зеро ин нерӯҳо ҳеҷ ваҷҳу ҳадафи муштарак бо ин созмони террористии бадномшуда дар ҷаҳон надоранд.
Аз сӯи дигар, дар ҳоли сиҳат доштани гузориши Қорӣ Фасеҳуддин ва тасфия нашудани суфуфи ҷабаҳоти зиддитолибонӣ аз ҳузури ДОИШ, тағйири куллие дар вазъи ҷанги Афғонистон пеш хоҳад омад, ки барояш ҳеҷ таърифе дигаре, ба ҷуз “ҷанги ҳама алайҳи ҳама” пайдо намешавад.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст