Сафири Русия дар Тоҷикистон аз нокоромадии Толибон дар амри таъмини амнияти марзҳо ва иҷрои барномаҳои иқтисодӣ дар Афғонистон суҳбат кард.

Душанбе, 18 дек – Хабаргузории “ТАСС” (Русия) - “Сангар”. Семён Григорев ба тозагӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки Толибон ҳанӯз қодир ба таъмини амнияти марзҳо нестанд.

Вай гуфтааст, ифротгароён дар соли 2023 борҳо талош карданд, ки аз Афғонистони таҳти султаи Толибон ба Тоҷикистон нуфуз кунанд, вале муваффақ нашуданд.

Григорев дар ин мусоҳиба гуфтааст: “Мо ҳеҷ пешрафти хосеро дар ваъдаҳои Толибон дар бахши таъмини амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон намебинем.”

Мавсуф тавзеҳ додааст: “Дар тӯли соли ҷорӣ, ифротгароён дар талоши нуфуз ба хоки Тоҷикистон аз марзи Афғонистон буданд, ки хушбахтона, тамоми ин ҳамалот басуръат тавассути нерӯҳои амниятии Тоҷикистон саркӯб шуданд.”

Григорев тасреҳ кардааст, ки Афғонистон дар ҳавзаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳам рӯ ба суқут аст ва ин кишвар ба маънои воқеии калима дар остонаи як буҳрон инсонии шадид аст.

Ин дипломати русӣ аз афзоиши беравияи қочоқи маводи мухаддири санъатӣ аз Афғонистони таҳти султаи Толибон низ ибрози нигаронӣ кардааст.

Григорев аз ускони иҷбории муҳоҷирони ихроҷшуда аз Покистон ба вилоёти шимолӣ низ интиқод карда ва гуфтааст, ки ин масъала боиси тағйири таркиби ҷамъият дар ин манотиқ мешавад.

Вай гуфтааст, ки мумкин аст аносири террористӣ дар миёни оворагон вуҷуд дошта бошанд.

Сафир Русия тасреҳ кардааст, ки кишвараш тамоми талоши худро барои ҷилавгирӣ аз ҳамалот ба муттаҳидони худ, ки яке аз онҳо Тоҷикистон аст, анҷом хоҳад дод.

Гуфтанӣ аст, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Русия аз вазъияти ҷорӣ дар Афғонистони таҳти султаи Толибон ризоят надоранд ва давоми онро ба суди густариши терроризм медонанд.

Чанде қабл генерал Анатолий Сидоров, раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, низ бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти ҷорӣ дар Афғонистон гуфта буд, ки Толибон бар кулли кишвар контрол надоранд.

Гурӯҳи Толибон ба нигаронии дунё бавежа давлатҳои минтақа бобати густариши хатари терроризм посухи мусбат надодааст.