Аз маҷмуъаи “Достонҳои тоҷикӣ ва афғонии ман”

Нависанда: Татяна Логунова-Нугайева, хабарнигори вижаи шабакаи ORT-и Русия дар Тоҷикистон ва Афғонистон дар даҳаи 90 мелодӣ

Пас аз он ки бо чархбол аз Кӯлоб ба Афғонистон, ба дараи Панҷшер расидем, шомгоҳ барои дидор бо Аҳмадшоҳ Масъуд роҳ уфтодем; дидоре, ки дар Тоҷикистон ба мо ваъда дода шуда буд.

Ҳамроҳ бо афроди Масъуд бо мошинҳо ба сӯи куҳҳо рафтем. Ҷода ногаҳон ба поён расид. Аз он ҷо ба баъд, танҳо як роҳе борик бар фарози партгоҳ вуҷуд дошт. Дар самти чап, садҳо метр пойинтар аз мо, рудхонаи Панҷшер хурушон буд. Торикӣ чунон ғализ буд, ки танҳо чизҳое дида мешуд, ки нури моҳ аз дили зулмат берун мекашид. Он замон ҳанӯз дарк накарда будам, ки роҳ рафтан дар торикӣ то чӣ андоза тарснок аст.

Пеши рӯи ман чанд роҳнамои афғон ва мутарҷим ҳаракат мекарданд ва пушти сарам, Борис Арамов, филмбардор, ва ду роҳнамои дигар меомаданд. Ҳудуди 30 қадам бардошта будам, ки поям лағзид. Санге аз зери кафшам ҷудо шуд ва ба пойин суқут кард. Фосилаи роҳ то рудхона тақрибан ба андозаи иртифоъи як сохтмони даҳтабақа буд. Як қадаме иштибоҳ ва ҳама чиз тамом...

Тарс тамоми вуҷудамро фаро гирифт. Он лаҳзаҳо модарамро ба ёд овардам ва бо худ фикр кардам чӣ хуб ки у намедонад духтараш акнун куҷост.

Истодам ва ба роҳнамоҳо гуфтам: тамом, дигар пеш намеравам, метарсам. Онҳо ором, аммо қотеъ посух доданд: дигар роҳи бозгаште нест. Бо эҳтиёт ва оҳиста ҳаракат мекунем.

Ба роҳам идома додам. Ҳар қадам бо душворӣ бардошта мешуд ва масир бепоён ба назар мерасид. Саранҷом дар пеши рӯ ғоре намоён шуд. Ин ҷо, ба далоиле амниятӣ, қароргоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд қарор дошт; тоҷике афғон ки замоне ҳамроҳ бо муҷоҳидинаш алайҳе неруҳои Шӯравӣ ҷангида буд ва акнун раҳбарии Эътилофи Шимолро дар мубориза бо Толибон бар уҳда дошт. Ҳамон касе ки дар он замон ӯро Шери Панҷшер меномиданд.

Гуфтугӯи мо бо Масъуд ба се забон анҷом шуд. Каме ба инглисӣ, андаке ба русӣ — ки ӯ то ҳудуде мефаҳмид — ва умдатан ба дарӣ, аз тариқи мутарҷим.

Ман аз ӯ дар бораи стратегияи Эътилофи Шимол ё барномаҳояш алайҳи Толибон напурсидам.

Дар иваз, сода гуфтам:

“Мебинед, дар зиндагӣ ҳар чиз мумкин аст. Ман дар Иттиҳоди Шуравӣ ба дунё омадам, ҳамон кишваре ки шумо алайҳи он ҷангидед”.

Ӯ бо оромиш посух дод:

“Бале, зиндагӣ чизи печидае аст. Ман ва муҷоҳидинам воқеан алайҳи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷангидем. Истихборот аз ҳар ду тараф кор мекарданд...”

Ва як моҷароро ба ёд овард. Чанд соат пеш аз як ҳамлаи ҳавоӣ, иттилооте расида буд, ки як афсар ироа карда буд; ин ки нерӯи ҳавоии Шӯравӣ қарор аст дараи Панҷшерро бомбборон кунад. Муҷоҳидини ӯ фурсат карданд худро омода кунанд, зуғол таҳия карданд, онро дар дастмолҳои худ рехтанд ва дастмолҳоро даври сураташон печиданд то дар миёни дуду гарду ғубор роҳаттар нафас бикашанд ва фақат зинда бимонанд.

Масъуд гуфт:

“Ҷангидан барои мо осонтар буд, мо куҳҳоро мешинохтем, мо дар хонаи худ будем.

Аз ӯ пурсидам:

“Шумо ҷангиданро ба унвони масири зиндагии худ интихоб кардед. Барои фарзандонатон чи орзуе доред?”

Ва ӯ падарона посух дод:

“Ман панҷ духтар ва як писар дорам. Барои духтарҳо осонтар аст, онҳо издивоҷ мекунанд ва зиндагии хонаводагии худашонро хоҳанд дошт. Аммо барои писарам орзу дорам роҳи дигареро дар пеш бигирад. Тактики ҷангиро монанди ман надонад. Дар як риштаи ғайринизомӣ таҳсил кунад, донишманд шавад ва он вақт ман ба ӯ ифтихор хоҳам кард”.

Ин суханон маро амиқан таҳти таъсир қарор дод. Ҷанговаре, ки орзу дорад писараш ҷангговар набошад. Инсоне, ки бараи фарзанди худ на ифтихор, балки сулҳ мехоҳад.

Дар он замон, Эътилофи Шимол ба шиддат ба кумак ниёз дошт; кумаки низомӣ, башардӯстона ва ҳамчунин пӯшиши руйдодҳо аз тариқи расонаҳо. Масъуд ба мо пешниҳод кард, ки аз урдугоҳи асирони ҷангии Толибон дидан кунем.

Рузе баъд, гуруҳи филмбардории мо ба тавсияи ӯ ба он ҷо рафт. Теъдоди нигаҳбонон ба тарзи шигифтаоваре андак буд, гуӣ ҳеч кас ба таври ҷиддӣ аз фирори асирон ҳарос надошт. Аммо ба назарам мерасид ки асирони Толибон ҳолати одӣ надоштанд; шояд таҳти таъсири навъе модда буданд, зеро бидуни ҳеч далеле мудом механдиданд.

Дар миёни асирон, як толиб ҷалби таваҷҷуҳ мекард. Ӯ намехандид. Ором истода буд; айнак ба чашм дошт, риш дошт ва як жокети иститорӣ пӯшида буд. Ба мо гуфтанд, ки ӯ 16 зан ва аз онҳо 23 фарзанд дорад. Номи ҳамаи занонашро ба ёд надошт, аммо номи фарзандонашро медонист; номи як-яки онҳоро.

Ман бо ӯ акс гирифтам. Охир куҷо метавон мардеро дид, ки 23 фарзанд дошта бошад?

Вақте аз ин урдугоҳ берун мерафтем, ба ин фикр мекардам, ки чӣ теъдод саргузашти инсонӣ, ҳарчанд мутааллиқ ба Толибон, он ҷо пушти симҳои хордoр боқӣ мондааст...

Дар бораи нависанда:

Татяна Логунова-Нугайева, хабарнигоре шинохташудаи рус ва хабарнигоре вижаи Канали Аввали Русия аст.

Ӯ ба далели фаъолияти ҳирфаии худ дар манотиқе ҷангӣ дар даҳаи 1990 шуҳрати густардае ба даст овард. Татяна яке аз фаъолтарине хабарнигороне буд, ки ҷанги дохилии Тоҷикистонро аз соли 1992 то 1997 пӯшиш медод.