
Ба муносибати фарорасии рӯзи таваллуд ва солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд (1 сентябри 1953 - 9 сентябри 2001), Қаҳрамони миллӣ ва устураи таърихи Афғонистон ва башарият, “Сангар” тасмим гирифтааст маҷмӯае аз мақолотро дар бораи ӯ ба нашр расонад.
Касоне, ки барои озодии башарият аз юғи истисмор, истеъмор, тарроризм ва ифротият мубориза кардаанд, дар дилҳо, дар хотираҳо ва дар устураҳо ҷовидон хоҳанд монд.
Зиндагии қаҳрамон пас аз маргаш оғоз мешавад!
***
Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ гуна ибодатро бо муқовимат пайванд дод?
Нависанда: Ҳафиз Мансур, сиёсатмадор ва нависанда, аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон
Аз чанд рӯз ба ин сӯ шуморе аз дӯстон ва ҳамкорони Аҳмадшоҳ Масъуд (раҳматуллоҳи алайҳ) ба муносибати 25-умин солгарди шаҳодати эшон тавассути расонаҳо ба зикри хотироти худ мепардозанд. Дар ин миён, муҳандис Муҳаммад Восил Бозиғ, яке аз муҷоҳидони собиқадор ва мӯсафед, бардоштҳои худро дар бораи шахсияти Масъуди шаҳид баён дошт.
Ӯ дар суханони ҷолиби худ гуфт: “Аҳмадшоҳ Масъуд нерӯи худро аз олами боло мегирифт. Ӯ монанди панели офтибӣ (нерӯи худро) аз соҳиби офтоб мегирифт”.
Ин нуктаи назар маро ба худ ҷалб кард ва маро бар он водошт, то тавзеҳе дар бораи он дошта бошам.
Бе тардид Аҳмадшоҳ Масъуд (р) нерӯи худро аз соҳиби осмону замин, Арш ва Курсии Илоҳӣ мегирифт, тавассути тавассул ба зоти муқаддаси Илоҳӣ қудрат меёфт ва бо таваккал ба Ӯ гом бармедошт. Аз мутолиаи ёддоштҳои шахсии Ҳазрати Масъуд ба ҳақиқати ин амр метавон пай бурд.
Ҳар гоҳе нуқсоне дар кор рух медод ва мушкиле пеш меомад, ба баррасии вазъият мепардохт ва дар он миён бори маломатро бар дӯши худ меандохт ва мегуфт, ки корҳояшро ба хубӣ анҷом надода, дар умур танбалӣ кардааст.
Худаш агар ба сурати шахсӣ ва дақиқ як масъаларо тафтиш накарда ва ҳатто гоҳе ба касе ҳарфи дурушттаре мезад, дар хифо изҳори надомат ва пушаймонӣ дошта ва аз Худованд талаби афв ва бахшиш мекард. Ӯ касолат ва танбалиҳои худро зодаи нотавонии руҳӣ ва малолати дарунӣ мешумурд, ки ба асари ғафлат аз зикр ва ниёиш буруз мекард.
Аҳмадшоҳ Масъуд (р) ба ҳақ як ориф буд; орифе аз ҷинси худ. Ман эшонро соҳиби тариқати ирфонии Масъудия медонам, ки бо тариқатҳои Қодирия, Нақшбандия, Чиштия, Мавлавия ва Санусия тафовути моҳиятӣ дорад.
Дар тариқатҳои суннатӣ, ба ҷуз Қубравия, ки имом ва пешвои он Шайх Наҷмиддини Кубро шамшер ба даст гирифта, дар баробари лашкари муғул ба майдони разм шитофт, инчунин дар Шарқ ва дар миёни мусулмонони африқоӣ тариқатҳои камтар маъруфе вуҷуд доштаанд, ки бар зидди мустамликадорони инглис ҷангида ва фидокориҳо нишон додаанд. Аммо дигар сӯфиён аз ҷиҳод бегона буда, дар хонақоҳҳои худ ба таълим ва иршод машғул буданд.
Масъуд миёни зикру ниёиш ва ҷиҳоди мусаллаҳона пайванд барқарор кард ва нишон дод, ки ин ду метавонанд бо ҳам созгор бошанд. Корномаҳои Ҳазрати эшон саршор аз чунин ҳолатҳо будааст. Сӯфиёни суннатӣ бештар аз хато ва гуноҳи хеш мегуфтанд ва аз ин ҷиҳат аз даргоҳи Илоҳӣ талаби афв ва бахшиш мекарданд. Дар дидгоҳи онҳо сифоти раҳмат ва бахшандагии Худованд (Раҳмон, Раҳим ва Ғаффор) барҷаста буданд.
Дар ҳоле ки Аҳмадшоҳ Масъуд бештар ба иззат, бузургворӣ ва қудрати Парвардигор (Азиз, Ҷалил ва Қодир) тавассул мекард; ин тафовути шеваи зиндагӣ ин ду тариқатро аз ҳам ҷудо месозад. Сӯфиёни суннатӣ бо гӯшагирӣ, инзивоҷӯӣ, чеҳраи заъфаронӣ ва зоҳири номураттаб, афтода ва гоҳе хаста зоҳир мешаванд. Аммо Масъуд бо симои пок, барҷаста, башошат, андоми варзишӣ ва сарфароз дар миёни лашкар ҳозир мегардид. Кулоҳи каҷ ва рафтори ҷаззобаш гувоҳи ин амр аст, ки ӯ бо иззат ва сарбаландии худ ва дигарон бештар меандешид.
Аз тафовутҳои ошкори ӯ бо соири ҳамразмонаш, бавижа собиқадорони наҳзати исломии Афғонистон, якеи дигар он буд, ки дигар аъзои наҳзати исломӣ дуоро баробари кор медонистанд. Аз ҳамин рӯ, бештар дар умури ибодоти шахсӣ ва азкори рӯзона пойбандӣ нишон медоданд. Бовари ин дӯстон ин буд, ки танҳо бо дуо ва ибодати шахсӣ метавон бар мушкилоти ҷиҳодӣ фоиқ омад ва гиреҳҳои мавҷудро кушод.
Аммо Масъуд дуо ва ибодатро заминасозии дарунӣ медонист ва онро барои мубориза кофӣ ва басанда намешумурд; бинобар ин, барномарезӣ мекард ва шабу рӯз ба таври хастанопазир талош меварзид. Ҳамин тафовути дидгоҳ буд, ки Масъудро дар ҷойгоҳи рафеъ ва дастнорас қарор дод.
Рукни чаҳоруми тариқати Масъудия он аст, ки Масъуд (р) мубориза бар зидди зулм ва истибдодро олитарин ибодат медонист. Аз ин рӯ, таъмини адолат дар миёни мардум, фароҳам овардани рифоҳ ва осоиш дар миёни онҳоро беҳтарин навъи ибодат мехонд. Ба ҷойи зикру авроди фаровон ва навофил, инро аз назари худ авлавият медод. Ин вижагии тариқати Масъуд онро бо ҷомеа пайванд зад ва онро сиёсӣ сохт; сиёсӣ ба маънои иҷтимоӣ будан, на чизе ғайр аз он.
Ҳосили сухан ин аст, ки муҳандис Муҳаммад Восил Бозиғ ба нуктаи муҳиме ишора кардааст ва аз назари ман, Аҳмадшоҳ Масъуд (р) муассиси тариқати Масъудия дониста мешавад, ки ин тариқат арконе дорад ва мо дар ин ҷо ба зикри чаҳор мавриди он пардохтем.
Рӯҳи ҳамаи бузургон шод ва ҷойгоҳи Масъуд (р) фирдавси барин бод!