Наметавон гуфт, ки Толибон як гурӯҳи мазҳабӣ ҳастанд, аммо ба рӯшанӣ метавон гуфт, ки онҳо як гурӯҳи қавмӣ ҳастанд.

Муаллиф: Шамсурраҳмон Фурӯтан (Афғонистон)

Ҳамон тавр, ки гуфта шуд, барои дарки беҳтари мавзӯъ, чаҳор муаллифаро баррасӣ хоҳем кард. Дар бахши аввали ин мақола ба калимаи «Толибон» ва иборати «Иморати исломӣ», ба унвони муаллифаи якум пардохта шуд. Дар ин бахш, амалкарди Толибон нисбат ба ақвоми ғайриафғон/ғайрипаштун ба унвони муаллифаи дувум, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

МУАЛЛИФАИ ДУВВУМ: Амалкарди Толибон нисбат ба ақвоми ғайриафғон/ғайрипаштун дар Афғонистон

Толибон дар тӯли давраи ҳокимияти худ, нисбат ба ақвоми ғайрипаштун дар Афғонистон рафторҳои бисёр табъизомезе доштаанд. Онон дар панҷ соли давраи аввали ҳокимияти худ ва ҳамчунин дар даври дувуми ҳокимияташон, нисбат ба ғайриафғонҳо/ғайрипаштунҳо рафторҳо ва амалкардҳое доштаанд, ки ба сурати комил бо усули исломӣ созгорӣ надошта ва танҳо дар чорчӯби мантиқи натсионализми афғонӣ/паштунӣ қобили табйин аст.

Ба унвони намуна, метавон ба наҳваи тақсими қудрат дар Афғонистон ишора кард. Толибон дар ин муддат талош кардаанд қудрати сиёсиро ба сурати комил дар инҳисори қавми афғон/паштун қарор диҳанд.

“Институти мутолеоти Ховари Миёна дар гузорише бо баррасии таркиби қавмии раҳбарони аршади Толибон, саҳми ҳар қавм аз қудрат дар Афғонистонро баровард кардааст. Тибқи ин гузориш, тоҷикҳо 5%, узбекҳо 3% ва ҳазораҳо 0,5% дар раҳбарии ҳукумати Толибон нақш доранд. Бар асоси бароварди ин гузориш, беш аз 90 дарсад аз таркиби қавмии давлати Толибонро паштунҳо ташкил медиҳанд” (Ироф, 1403).

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҷамъияти афғонҳо/паштунҳо дар Афғонистон ҳудуди 33 то 35 дарсад аст (Донишномаи милал, 2024), дар ихтиёр гирифтани беш аз 90 дарсад қудрати сиёсӣ тавассути онҳо ва маҳрум кардани ҳудуди 65 дарсад ҷамъияти кишвар аз қудрат ба далели қавмияташон, як ҳаракати комилан натсионалистӣ-фашистӣ талаққӣ шуда ва бо арзишҳои исломӣ комилан мухолиф аст.

Ин рафторҳо бо ҳеҷ навъ ислом ҳамхонӣ надорад ва фақат дар чорчӯби андешаҳои қавмии натсионалистҳои афғонӣ қобили тавҷеҳ аст.

“Институти таҳқиқотии Ховари Миёна дар гузорише дар бораи ҳузури ақвоми ғайрипаштун дар ҳукумати Толибон навишт, ки тоҷикҳо панҷ дарсад, узбекҳо се дарсад ва ҳазораҳо ним дарсад дар раҳбарии ин гурӯҳ ҳузур доранд. Ин ниҳод гуфта беш аз 90 дарсад сарони Толибон паштун ҳастанд. Тибқи ин пажӯҳиш, 40 тан аз раҳбарони тарози аввали Толибон аз вилояти Қандаҳор ҳастанд ва ҳеҷ зан ва ҳазорае дар кобинаи ин гурӯҳ ҳузур надорад” (Афғонистон Интернешнл, 1403).

Ҳатто шавоҳид нишон медиҳанд, ки Толибон афғон/паштунҳоеро, ки аз лиҳози фарҳангӣ бо ақвоми дигар мушобиҳатҳое доранд ё забони ононро балад ҳастанд, ба номи ақвоми дигар сабт мекунанд, то иддаои ҳузури ақвоми дигар дар ҳокимияти худро беҳтар тавҷеҳ кунанд. Теъдоди андаке аз афроди ғайриафғон/ғайрипаштун, ки дар сохтори ҳокимияти Толибон ҳузур доранд, салоҳияти тасмимгирӣ надоранд ва ҳузурашон бештар ҷанбаи намодин ва символик дорад. Дар воқеъ, тасмимгирандагони аслӣ, Толибони афғон/паштун ҳастанд.

“Толибон, ки бештар ба унвони як созмони қавмии мутааллиқ ба паштунҳои Афғонистон шинохта мешаванд, дар авоили султа бар Афғонистон шиор доданд, ки давлате муташаккил аз ҳамаи ақвоми ин кишвар ташкил медиҳанд; аммо бо гузашти замон, мушаххас шуд, ки на танҳо давлати фарогир ва бо ҳузури намояндаҳои ҳамаи ақвом шакл нагирифт, балки ин гурӯҳ, ба сурати якравия бо фарҳанг, забон ва намодҳои таърихии бақияи ақвом ба ҷанг бархостанд. Бинобар ин, бисёре аз коршиносон ба далели инҳисори қудрат, адами ҳузури мутаносиби соири ақвом дар сохтори тасмимгирӣ ва сиёсатҳои эъмолшуда, Толибонро бештар як созмони қавмӣ-қабилаии паштун медонанд” (Индепендент Форсӣ, 1401).

Ташкили ҳукумати фарогир ва ҳузури ақвоми ғайриафғон/ғайрипаштун дар сохтори сиёсӣ ва амниятии Толибон, амре дур аз имкон аст. Онон ба ҳеҷ гурӯҳе ба ҷуз қавми худ ҳақ қоил нестанд ва ба ҳамин далел, бештар аъзо, ҷангҷӯён ва раҳбарони аршади Толибон аз қавми паштун ҳастанд. Ин нигаришҳо бештар бархоста аз сохтори фарҳангии ҷомеаи қабоилӣ аст. Толибон як ҷараёни фикрӣ-динӣ нестанд, ки ба арзишҳои он мутааҳҳид бошанд; тамоми аъмол ва рафтори онон мунтабиқ бо арзишҳои қавмӣ ва қабилаӣ аст.

“Таъкиди ман ин аст, ки Толибонро наметавон ба сурати як падидаи фарҳангӣ ва фикрӣ таҳлил кард. Асосан Толибон як ҷунбиши бекитоб ва бефарҳанг аст. Толибон бештар ба суннатҳои қабилаӣ ва ҳимоятҳое, ки аз берун ҷазб мешавад, муттакӣ ҳастанд. Агар ба Толибон ба унвони як қишри сиёсӣ бингарем, абъоди қабилаӣ ва минтақаии ин гурӯҳ нисбат ба буъди мазҳабии он бештар буда ва хостгоҳи қабилаӣ ва қавмии ин гурӯҳ муҳим аст. Толибон ногузир намехоҳанд, ки рӯпӯши идеологии худро яксара канор бигузоранд, зеро идеология барои тавҷеҳи як низом ниёз аст, аммо воқеият ин аст, ки Толибон шариатро ба идеология табдил карда ва аз он барои мақосиди сиёсии худ истифода мекунанд. Табъан ин гурӯҳ мехоҳад нерӯҳои худро бо тавҷеҳи идеологияи мазҳабӣ дар саҳна нигаҳ дорад, аммо моҳияти он бештар ба арзишҳои қабилаӣ устувор аст. Ба назари ман, ҳамеша дастури кори қавмӣ, ё ба иборате гегемонияи қавмӣ, бахши аслии стратегияи ин гурӯҳро ташкил медиҳад. Толибон ҳамеша бар масоили қавмӣ ва ҳатто, ба қавли худ, “анъаноти қавмӣ” таъкид намудаанд. Шариат меҳвари аслии рӯйкардҳои Толибон нест. Дар оғоз, мо бештар фикр мекардем ин гурӯҳ як ҷунбиши шариатгаро аст, ки бар масоили қавмӣ таъкид надорад, вале гузари замон ва рафтори Толибон дар давраҳои ахир ва шинохти бештаре, ки аз ин гурӯҳ пайдо шуд, нишон медиҳад, ки Толибон воқеан фосилаи бисёр зиёде бо шариатгароӣ доранд ва бештар як ҷунбиши қабилаӣ ҳастанд, ки бо як рӯпӯш аз шариат ҳаракат мекунад” (Амирӣ, 1399).

Бо таваҷҷуҳ ба тавзеҳоти боло, метавон гуфт, ки Толибон рафторҳои қавмӣ ва натсионалистӣ доранд. Онон дар ин маврид аз ҳамаи ҳокимони Афғонистон, ки ба сурати аланӣ афкори натсионализми афғонӣ/паштунро дунбол мекарданд, ифротитар ҳастанд. Онон як ҳукумати комилан қавмиро шакл додаанд ва ба ҷуз афғонҳо/паштунҳо, қавми дигаре дар сохтори ҳукумати онон ҷойгоҳи муҳиме надорад. Ҳатто дар бархе маворид, ақвоми дигарро ба далели тафовутҳои фарҳангӣ ва забонӣ шиканҷа ва муҷозот мекунанд. Онон дар ин муддат талош кардаанд кишварро комилан паштунизатсия/афғонизатсия намуда ва тамоми масоили Афғонистонро бо арзишҳои фарҳангии афғонҳо/паштунҳо мунтабиқ созанд.

Ин рафторҳо ва тасмимот ҳеҷ иртиботе бо усули дини ислом надорад ва дар ислом ҳамаи ақвом, гурӯҳҳо, нажодҳо, мазоҳиб ва ғайра баробар ҳастанд. Бинобар ин, наметавон гуфт, ки Толибон як гурӯҳи мазҳабӣ ҳастанд. Аммо ба рӯшанӣ метавон гуфт, ки онҳо як гурӯҳи қавмӣ ҳастанд. Чун онҳо комилан мунтабиқ бо арзишҳои қавми афғон/паштун амал мекунанд ва амалкарди онҳо фақат бо мантиқи натсионализми афғонӣ/паштун қобили тавҷеҳ ва табйин аст.