Толибон ба Амонуллохони “муртад” на фақат ҳамчун ба намоди аслии натсионализми афғонӣ эҳтиром доранд, балки сиёсати “афғонсозӣ” – и ӯро пеш мебаранд.

Муаллиф: Шамсурраҳмон Фурӯтан (Афғонистон)

Барои дарки беҳтари мавзӯъ, чаҳор муаллифаро мавриди пажӯҳиш ва баррасӣ қарор додаем. Дар бахши аввали ин мақола ба калимаи “Толибон” ва иборати “Иморати исломӣ” ба унвони муаллифаи якум, дар бахши дувум амалкарди Толибон нисбат ба ақвоми ғайриафғон/ғайрипаштун ба унвони муаллифаи дувум ва дар бахши севуми ин мақола дар мавриди амалкарди Толибон нисбат ба занони Афғонистон ба унвони муаллифаи севум суҳбат кардем. Дар бахши чаҳорум, ҳамсӯӣ ва ҳимояти мутақобил миёни натсионалистҳои афғонӣ/паштун ва Толибон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

МУАЛЛИФАИ ЧАҲОРУМ: Ҳамсӯӣ ва ҳимояти мутақобил миёни натсионалистҳои афғон/паштун ва Толибон

Раҳбарони қавмгарои афғон/паштун, монанди Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисони ҷумҳури пешини Афғонистон ва соири натсионалистҳои афғон/паштун, монанди Залмай Халилзод ва ҳамчунин бахши қобили таваҷҷуҳе аз нухбагони сиёсии афғон/паштун, дар мавориди мутааддиде ба сурати мустақим ё ғайримустақим аз Толибон ҳимоят кардаанд. Онон на танҳо дар даврони зимомдории худ Толибонро “бародар” хитоб карда ва бо онон ҳамнавоӣ кардаанд, балки дар ҳоли ҳозир низ дар баробари рафторҳои нопазируфтании Толибон сукут мекунанд ва ҳатто дар мавориди зиёде барои ин гурӯҳ лоббигарӣ мекунанд.

“Ҳамнавоиҳо ва пуштибониҳои Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ бо Толибон дар муддати зимомдориашон, беҳтарин санад барои исботи ин амр аст, ки ҳамаи сиёсатмадорони қавми паштун дар пайи инҳисорӣ кардани қудрати сиёсӣ ҳастанд. Сукути чеҳраҳои саршиноси паштунтабор дар баробари сиёсатҳои ғайриинсонӣ ва ҷиноёти ҳавлноки Толибон изофа бар иллат шудааст ва дар мавориде ба унвони санаде аз иттиҳод ва ҳамоҳангӣ миёни ҳамаи нухбагони паштун талаққӣ мегардад” (Мансур, 1401).

Карзай дар мавориди мутааддиде аз Толибон ҳимоят карда ва ононро “нерӯи худӣ” ва “бародарони норозӣ” хитоб кардааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ Толибонро душман нахондааст.

“Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, мегӯяд Толибон нерӯҳои худӣ ҳастанд. Ӯ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо телевизиони Би-би-сӣ гуфтааст, ки Толибҳо афғон ва бародарони мо ҳастанд. Мо ҳам афғон ҳастем. Онҳо ба унвони як нерӯи афғонӣ омада ва як минтақаеро гирифтаанд, ҳеҷ ишколе надорад" (Иттилооти рӯз, 1395).

Ҳомид Карзай ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ду раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, бо иттиҳомоти ҷиддӣ мабнӣ бар тасҳили бозгашт ё ҳимоят аз Толибон дар ҷараёни суқути низоми ҷумҳурӣ мувоҷеҳ ҳастанд; ҳарчанд рӯйкард ва нақши ҳар як аз онон тафовутҳое доштааст (Рӯзбеҳ, 1405).

Бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, ки Карзай на танҳо дар тамоми давраи ҳокимияти худ аз Толибон дифоъ карда буд, балки дар даврони пас аз тавофуқи Давҳа ва солҳои поёнии ҳукумати ҷумҳурӣ низ, бо умед ба ин ки дар як давлати муваққат ё эътилофӣ ҷойгоҳе касб кунад, ҳимояти худро аз Толибон афзоиш дода ва тасоҳули зиёде нисбат ба онон нишон дод. Ӯ ҳатто бар хилофи тавофуқи Давҳа, аз Толибон даъват кард, ки вориди Кобул шаванд.

“Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури асбақи Афғонистон, дар мусоҳиба бо Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки Толибон Кобулро тасарруф накарданд, балки пас аз хориҷ шудани Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон, ӯ Толибонро даъват кард, то вориди Кобул шаванд” (Дойче Велле, 1400).

Ҳамчунон ҳамнавоиҳои мукаррар ва ҳамфикрӣ миёни Толибон ва натсионалистҳои афғонӣ/паштун фақат ба ин маворид хулоса намешавад ва дар заминаҳои дигар низ барҷаста аст. Толибон ба арзишҳои натсионализми афғонӣ/паштун бовари амиқ доранд ва дар амал аз онҳо пайравӣ мекунанд. Онҳо ба намодҳои натсионализми афғонӣ/паштун сахт бовар доранд ва ба онҳо эҳтиром мегузоранд ва ба риояти онҳо пойбанд ҳастанд. Ба унвони намуна, Толибон ба Амонуллохон, подшоҳи собиқи Афғонистон, ки намоди аслии натсионализми афғонӣ маҳсуб мегардад, эҳтиром доранд.

Онҳо солона бар сари қабри эшон гул мегузоранд ва муносибатҳои марбут ба давраи ҳукумати эшон, аз ҷумла “солгарди истиқлоли Афғонистон”-ро таҷлил мекунанд; дар ҳоле ки аз лиҳози ақоиди динӣ, миёни Толибон ва Амонуллоҳ тафовут вуҷуд дорад. Аммо баръакс, Толибон ба намодҳои ақвоми дигар тавҳин мекунанд ва онҳоро тахриб мекунанд. Ба унвони намуна, онҳо мукарраран ба марқади Аҳмадшоҳ Масъуд рафта ва видеоҳое аз тавҳин ва тахриби марқади эшонро мунташир кардаанд.

«Видеое аз тахриби санги мазори Аҳмадшоҳ Масъуд дар фазои маҷозӣ мунташир шуд, ки хашми густурдаи мардуми Афғонистонро барангехт. Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маҳбуби муборизоти зиддиистеъморӣ дар қарни бистум аст. Масъуд мутааллиқ ба қавми тоҷик ва сокини Панҷшер буд, аммо ба иллати корномааш дар ҷараёни набард бо таҷовузи Шӯравӣ ба Афғонистон, дар миёни бақияи ақвом, аз ҷумла узбекҳо, ҳазораҳо, туркманҳо ва паштунҳо низ маҳбубият дорад. Толибон дар нахустин бархӯрд бо оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд, ки дар маркази Панҷшер қарор дорад, аксҳо ва намодҳоеро, ки ба ёдбуд аз ӯ сохта шудааст, тахриб карданд. Чандин бор тасовир ва видеоҳое аз рақсу овозхонии аъзои Толибон бар сари мазори Масъуд, беҳурматӣ ба оромгоҳи ӯ ва пора кардани аксҳои Масъуд мунташир шуд» (Индепендент Форсӣ, 1401).

Чунин рафторҳо реша дар нигаришҳои қавмгароёна дошта ва фақат тавҷеҳи қавмӣ метавонад дошта бошад. Илова бар ин, онҳо ҳамчунон асирҳоеро, ки мутааллиқ ба ақвоми дигар ҳастанд, ба далели нафрати қавмӣ мекушанд. Дар бисёре аз маворид ҳатто ҷанозаҳои онҳоро ба сурати ваҳшиёна пора-пора мекунанд. Дар бархе маворид, бархе аъзои бадани кушташудагони мутааллиқ ба ақвоми дигарро қатъ карда ва ба намоиш мегузоранд. Бо лагад бар сару сурати ҷанозаҳо мезананд ва ё бо беҳурматии тамом аз ин ҷанозаҳо филмбардорӣ карда ва дар фазои умумӣ мунташир мекунанд.

Ҳамаи ин маворид сад дар сад бо дастуроти исломӣ мухолиф аст ва дар мутуни аслии дини ислом ба сурати ошкоро таҳрим шуда ва анҷоми чунин аъмоле дар миёни мусулмонони воқеӣ собиқа надорад. Аммо чунин рафторҳо дар миёни ҷавомеи қабилаӣ собиқа доранд ва дар чорчӯби арзишҳои қавмӣ ва қабилаии афғонҳо/паштунҳо қобили тавҷеҳ аст. Онҳо дар даргириҳои қабилаӣ ин аъмолро анҷом медиҳанд. Дар аксари маворид, агар манофеи онҳо аз тарафи қабилаи мухолиф таҳдид шавад ё нисбат ба онҳо ҳисси нафрат ва интиқом дошта бошанд, анҷоми чунин аъмоле маъмул аст. Яъне дар сурати ниёз ба эҷоди тарс дар қабилаи мухолиф ё эҳсоси нафрат ва интиқом нисбат ба афроди қабилаи мухолиф, бидуни ҳеҷ мулоҳизае ин аъмолро анҷом медиҳанд.

Дар чунин ҳолате, арзишҳои динӣ низ комилан дар ҳошия қарор гирифта ва ҳеҷ таъсире наметавонанд дошта бошанд. Толибон ҳам дар воқеъ бахше аз қабоили ибтидоӣ ҳастанд, ки бо ҳамон зеҳният ва арзишҳои қабилаӣ вориди Кобул шуда ва қудратро дар ихтиёр гирифтаанд. Онҳо ба арзишҳои қабилаӣ ва қавмии хеш мутааҳҳид ҳастанд ва мехоҳанд ин арзишҳоро бар ҳамаи мардуми Афғонистон, ба вижа ғайрипаштунҳо/афғонҳо, татбиқ кунанд.

Дарвоқеъ, бо вуруди натсионализми афғонӣ ва ҳамчунин ҳокимияти Толибон дар ҳоли ҳозир, сохтори фарҳангӣ ва қабилаии афғонҳо/паштунҳо дучори таҳаввули ҷиддӣ нашудааст, балки қабила бузургтар ва қудратмандтар шуда ва номи қавмро ба худ гирифтааст. Натсионалистҳои афғонӣ бо ҷамъ кардани чандин қабила дар канори ҳам, қавми афғонро ташкил додаанд. Ин қабоил дар ҳоли ҳозир ҳамчунон бо номҳои ҷудогона ёд мешаванд, аммо ба сурати куллӣ "афғон" номида мешаванд. Ин қавм, ё ҳамон чанд қабила, бо пӯшидани либоси идеологияи нозизм-натсионализм, натсионализми афғониро шакл доданд. Яъне бо ин равиш, арзишҳои қабилаӣ мунсаҷимтар шуда ва афроди қабоил муттаҳидтар шудаанд.

Ҳоло ҳамон қабоил бар Афғонистон ҳоким шудаанд ва аъмолу рафторашон ҳам қабилаӣ аст. Аммо як иштибоҳи шинохтии ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ин иштибоҳ ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон шинохти дақиқе надорад ва ба ҳамин далел, интизороти як гурӯҳи маданиро аз онон дорад. Далели аслии ин адами шинохти дуруст ҳам ин аст, ки натсионалистҳои афғонӣ, ба хотири иштироки табориашон бо Толибон, барои онҳо лоббӣ карда ва бо интишори иттилооти ғалат, ҷомеаи ҷаҳониро дучори иштибоҳи шинохтӣ кардаанд.

Ҳамчунон Толибон дар рости ҳимоят аз сиёсатҳои Амонуллохон ва Маҳмуд Тарзӣ, аз бунёнгузорони аслии натсионализми афғонӣ, заминҳои ақвоми ғайриафғон/ғайрипаштунро ғасб карда ва ба паштунҳо медиҳанд. Ин сиёсат дар замони Амонуллохон иҷроӣ шуд. Амонуллохон муқарраротро таҳти унвони “Низомномаи ноқилин” танзим карда ва бо ин равиш, теъдоди зиёде аз паштунҳоро аз ҷануб ба шимоли кишвар мунтақил кард. Ӯ заминҳои ақвоми ғайриафғон/ғайрипаштунро ғасб карда ва ба афғонҳо/паштунҳо вогузор кард. Дар ҳоли ҳозир, Толибон ҳам ҳамон сиёсатро бо ҷиддияти бештар дунбол мекунанд ва бо равишҳои мухталиф, заминҳои ақвоми ғайриафғон/ғайрипаштунро бо зӯр мегиранд ва ба афғонҳо/паштунҳо вогузор мекунанд.

Нуктаи дигар, Толибон дар рости пайравӣ аз сиёсатҳои натсионалистҳои афғонӣ, ба дунболи ҳазфи забони форсӣ ва ҷойгузин кардани забони пашту ҳастанд. Забони форсӣ забони фарҳангӣ ва иртиботии ҳамаи ақвоми Афғонистон аст ва ҳудуди 77 дарсад мардуми Афғонистон, ҳатто бахше аз афғонҳо/паштунҳо, ба форсӣ суҳбат мекунанд. Ба сурати мушаххас, ҳудуди 67 дарсад мардуми Афғонистон ғайриафғон/ғайрипаштун ҳастанд ва бо забони пашту ошноӣ надоранд. Забони пашту як забони ибтидоӣ буда ва ҷавобгӯи ниёзҳои мардуми Афғонистон нест.

“Дар даврони султаи Толибон бар Афғонистон, иқдомҳои ин гурӯҳ алайҳи забон, фарҳанг ва таърихи ақвоми ғайрипаштун ба тадриҷ моҳияти амалкарди қавмии ин гурӯҳро, ки зери шиорҳо ва сафеднамоиҳои дипломатҳoи ғарбӣ ва расонаҳои ин гурӯҳ пинҳон шуда буданд, ошкор кард. Толибон вожаҳои форсиро аз тамоми лавҳаҳои идораҳои давлатӣ, аз ҷумла аз лавҳаҳо ва сарфаслҳои тадрисии донишгоҳҳои Афғонистон ҳазф карданд. Мутакаллимон ба забони форсӣ дар Афғонистон ба маротиб бештар аз ҳар забони дигаре аст. Раҳбарони Толибон, ки умдатан аз қавми паштунанд, бо иқдомҳои табъизомез алайҳи забони форсӣ ва гӯишварони ин забон, хашми бахши умдае аз мардуми Афғонистонро барангехтаанд. Ҳеҷ тасвире аз машоҳири забонҳои форсӣ, узбекӣ ва туркманӣ дар шаҳрҳо, ҷодаҳо, донишгоҳҳо ва мадориси Афғонистон ба чашм намехӯрад. Толибон ҳамаи тасовирро ҳазф карданд. Ҳазфи тасовири машоҳири забони форсӣ аз девори фарҳехтагон дар шаҳри Мазори Шариф ва деворҳои донишкадаи забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳҳои Кобул ва Балх ва бисёре аз ҷоҳои дигар, намунае аз бархӯрди Толибон бо намодҳои забони форсӣ дар Афғонистон аст. Дар канори ин, Толибон тасовир, номҳо ва намодҳои раҳбарони сиёсии ақвоми тоҷик, ҳазора, узбек ва туркманро низ аз шаҳрҳо ва ҷодаҳои Афғонистон ҳазф карданд» (Индепендент Форсӣ, 1401).

Забони форсӣ, забони расмӣ ва роиҷ дар Афғонистон аст. Ин забон решаҳои амиқ дар таърих ва фарҳанги Афғонистон дорад. Аммо Толибон бидуни мулоҳизаи ин воқеиятҳо, расмулхатти форсиро аз бештари мукотиботи идорӣ ҳазф карданд ва хатти паштуро ҷойгузин карданд. Тақвими форсизабонон, яъне тақвими ҳиҷрии хуршедиро ҳазф карданд. Аксари кормандони форсизабонро аз сохтори идории давлат ихроҷ кардаанд. Бо муроҷиъоне, ки форсӣ суҳбат мекунанд, рафтори ба шиддат табъизомез доранд.

Ҳамаи ин маворид на танҳо бо арзишҳои исломӣ комилан мухолиф аст, балки бо қавонини байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ низ созгорӣ надорад. Аммо ин маворид барои Толибон тавҷеҳи қавмӣ ва натсионалистӣ доранд ва ин аъмолро навъе хидмат ба натсионализми афғонӣ ё қавми афғон/паштун медонанд. Ин маворид фақат намунаҳои кӯчаке ҳастанд, ки барои рӯшан шудани мавзӯъ мавриди баҳс қарор гирифт; дар ғайри ин сурат, садҳо намуна аз амалкарди Толибон вуҷуд дорад, ки бо арзишҳои исломӣ комилан мухолиф буда ва фақат бо мантиқи қавмӣ ва натсионалистии афғонҳо/паштунҳо қобили тавҷеҳ аст.