Толибон бояд бо мардуми худ музокира кунанд ва аз дикта кардани шароит ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даст бардоранд.

Нависанда: Николай Плотников, раиси Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ, манбаъ: Независимая газета (Русия)

Дар 8 феврал, Маскав нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Покистон, Ҳинд ва Чинро мизбонӣ кард. Мушкили Афғонистон дар конуни таваҷҷуҳи он буд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ бо онҳо дидор кард.

Ҳоло мавзуъи буҳрони Украина дар расонаҳои ҷаҳони ҳоким аст. Ба навъе Афғонистонро фаромӯш карданд. Дар айни ҳол фарояндҳое дар ҳоли вуқӯъ аст, ки таъсири мустақиме бар амнияти на танҳо кишварҳои ҳамсоя, балки дигар кишварҳо дорад.

Афғонистон наздик ба як солу ним аст, ки тавассути Толибон идора мешавад. Дар ин муддат давлати онҳо тавонист муқовамат кунад ва зери бори мушкилот суқут накунад. Он ҳамчунин муваффақ шуд ҷангҳои густурдаеро, ки 20 сол ба тӯл анҷомид, мутаваққиф кунад. Толибон иддао мекунанд, ки нисбат ба давлати қаблӣ фасод ва порахӯрӣ камтар шудааст. Аммо ҳеҷ кас намедонад воқеият чигуна аст. Аммо ин эҳтимолан тамоми дастовардҳои онҳост.

Хушунат дар кишвар идома дорад. Ба ҳамин далел бисёре аз афроди таҳсилкарда ва боистеъдод, ки метавонанд ба мардуми худ суд оваранд, Афғонистонро тарк кардаанд. ДОИШ масъулияти бисёре аз иқдомоти террористи (беш аз 230) дар соли 2022-ро бар ӯҳда гирифт. Ёдоварӣ мекунем, ки дар панҷуми сентябри соли гузашта як ҳамлаи террористӣ дар наздики сафорати Русия дар Кобул анҷом шуд ва ду дипломати рус кушта шуданд.

Толибон дар эҷоди як низоми мудирияти давлатӣ ноком ҳастанд. Ҳеҷ корманди давлатии босалоҳияте вуҷуд надорад.

Дар ҷунбиши Толибон иншиоб миёни миёнаравҳо ва радикалҳо вуҷуд дорад. Мо дар мавриди Толибони Қандаҳор ба раҳбарии сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб (писари Мулло Умар, бунёнгузори Толибон) ва Шабакаи Ҳаққонӣ ба раҳбарии Сироҷуддин Ҳаққонӣ сӯҳбат мекунем. Эътиқод бар ин аст, ки аввалӣ тавассути Иёлоти Муттаҳида ва Қатар ҳидоят мешавад ва дуввумӣ тавассути Созмони истихбороти Покистон. Аз ҷумла, Шабакаи Ҳаққонӣ иртиботи наздике бо Алқоида дорад. Ҷанг байни гурӯҳҳои Толибон монеъ аз анҷоми вазоифи мустақими ҳукумати ин гурӯҳ шудааст.

Вазъияти инсонӣ дар кишвар вахим аст. Онро шадидтарин зимистон дар 15 соли гузашта вахимтар мекунад. Моҳи январ дамои ҳаво ба манфӣ 34 дараҷа коҳиш ёфт. Танҳо бар асоси иттилооти расмӣ, 166 нафар дар асари сармозадагии шадид ҷони худро аз даст доданд. 260 ҳазор ҳайвони хонагӣ дар 20 вилояти Афғонистон бар асари сармо ва камбуди ғизо талаф шуданд. Ҳеҷ кас воқеан тасвири дақиқеро дар шароити фурӯпошии идораи давлатӣ дода наметавонад.

Хонаводҳҳое, ки худро тағзия мекунанд, аз васоили зиндагӣ маҳруманд. Афроди фақири зиёде дар кишвар зиндагӣ мекунанд ва вазъ дар баҳор бадтар мешавад. Афғонистон мумкин аст имсол бо хушксолии дигаре рӯбарӯ шавад. Дар ду соли гузашта камбуди фоҷиабори об вуҷуд доштааст. Муддати тӯлонист, ки чунин давраи хушксолии тӯлонӣ дар кишвар мушоҳида нашудааст.

То кунун, ваъдаҳои Толибон барои аз байн бурдани кишти хашхош бенатиҷа мондааст. Тибқи гузориши Созмони Милал, заминҳои кишт дар соли 2022 нисбат ба соли қабл 32 дарсад афзоиш ёфтааст. Се чаҳоруми кулли тарёк дар вилоёти Нимрӯз, Кандаҳор, Ҳилманд, Урузгон ва Зобул тавлид мешавад. Маводи мухаддири Афғонистон аз гурӯҳи тарёк 80 дарсади тавлиди ҷаҳониро ташкил медиҳад.

Ба назар мерасад ҳамроҳ бо маводи афюнӣ, тавлиди метамфетамин низ рушд мекунад, ки модаи аввалияи он гиёҳи маҳаллии эфедра аст. Афғонистон дар ҳоли зуҳур ба унвони таъминкунандаи аслии метамфетамин аст, ки тақозои ҷаҳонӣ барои он дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон, қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон дар соли 2022 ду баробар афзойиш ёфтааст. Хадамоти вежаи Қирғизистон низ аз афзоиши гардиши маводи мухаддири Афғонистон дар ин ҷумҳурӣ хабар медиҳанд. Ҳамин раванди манфӣ дар Ӯзбекистон ва Эрон низ мушоҳида мешавад. Мӯътодони зиёде дар худи Афғонистон вуҷуд доранд, аз ҷумла дар миёни занону кӯдакон. Теъдоди дақиқи онҳо мушаххас нест, аммо ба миллионҳо нафар мерасад.

Кишвар тақсим шудааст. Толибон ба қудрате табдил нашуд, ки ҳама афғонҳоро муттаҳид кунад. Гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ аз раванди идораи кишвар канор гузошта шудаанд. Ин амр норизоиятии мардуми ғайрипаштунро афзоиш медиҳад ва боиси зуҳури опозисиони зидди Толибон мешавад.

Беш аз 25 гурӯҳи террористии байналмилалӣ ҳанӯз дар Афғонистон мустақар ҳастанд. Барои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бузургтарин таҳдид аз сӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” (ки ба “Таҳрики Толибони Тоҷикистон” табдил ёфтааст), “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” меояд. Ҳамаи онҳо аз ибтидо бо "Алқоида" ва ҳамчунин ҳомиёни шохаи маҳаллии ДОИШ ва гурӯҳҳои ҷинояткор муртабит буданд. Ҳамаи ин созмонҳо дар қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи манобеъи табиӣ даст доранд. Онҳо ба идеологияи салафӣ пойбанд ҳастанд. Ҳадафи онҳо ҷойгузинии режимҳои секулор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо як хилофати исломӣ аст, ки аз назари сарзаминӣ шомили Афғонистон ва то ҳадде Покистону Чин мешавад.

Мисли ҳамеша, як савол возеҳ матраҳ мешавад - чӣ бояд кард? Аввал аз ҳама - вазъияти феълиро дар ин лаҳза эътироф кунем ва бо мақомоти феълии Афғонистон, яъне бо Толибон гуфтугӯ кунем. Худи афғонҳо бояд дар мавриди сарнавишти худ ва кишварашон тасмим бигиранд.

Толибон бояд дар воқеъ собит кунанд, ки ба гунаи созишнопазир алайҳи сохторҳои ҷиҳодӣ мубориза мекунанд, таҳдидҳои фаромарзӣ алайҳи кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро, ки аз қаламрави он сарчашма мегиранд, маҳор месозанд ва кишти хашхошу тавлиди маводи мухаддирро мамнуъ мекунанд.

Агар Толибон воқеан мехоҳанд кишварашон пешрафт кунад, бояд он чиро, ки лозим аст барои муттаҳид кардани ҷомеаи чандқавмиятӣ ва чандмазҳабии Афғонистон анҷом диҳанд. Ин роҳандозии гуфтугӯ дар кишварро тақозо мекунад. Хориҷ шудан аз буҳрон бидуни гуфтугӯ бо мардум ва дастёбӣ ба созиш дар як ҷомеаи порашуда ғайримумкин аст. Агар Толибон бо ин кор мувофиқат накунад, ҷанг дар кишвар мумкин аст бо шиддате дубора шӯълавар шавад.

Як шарти зарурӣ барои тавсеаи Афғонистон, идғоми он дар равобити иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа аст. Тамоми манобеъи табиӣ ва нерӯи кор барои анҷоми он дар дастрас аст. Онҳо ҳамчунин бояд мудирони ҳирфаӣ, иқтисоддонон ва мудирони тавлидии ботаҷрибаро дар раванди бозсозии кишвар мушорикат диҳанд, онҳо бояд масъала таҳсили духтаронро ҳал кунанд ва фурсатҳои кор барои занони афғонро фароҳам созанд.

Дар ниҳоят, Толибон бояд бидонанд: онҳо дар вазъе қарор надоранд, ки шароити худро ба ҷомеаи байналмилалӣ дикта кунанд ва бидуни додани чизе дар муқобил, имтиёзу тарҷеҳоти инҳисориро барои худ бихоҳанд.