Чӣ гуна Пентагон аз нобудии Қорӣ Фасеҳуддин ҷилавгирӣ мекард?
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири Сангар
Қорӣ Фасеҳуддин меболад, ки Амрикоро шикаст дод ва Афғонистонро аз ишғоли Амрико озод кард. Аммо агар амрикоиҳо набуданд, имрӯз рӯи қабри ӯ як ваҷаб сабза рӯида буд. Агар Пентагон набуд, вай имрӯз раиси Ситод кулли артиши Толибон намебуд. Қорӣ соҳиб Фасеҳуддин бояд баъд аз ҳар намоз дасташро ба сӯи осмон баланд ва барои Амрико дуо кунад ё ҳар рӯз чанд ракъат нафл бихонад, зеро аз баракати амрикоиҳост, ки зинда аст, рӯи замин роҳ меравад ва аз зиндагиву курсӣ лаззат мебарад.
Як манбаъ аз қавли Асадуллоҳ Вардуҷӣ, собиқ фармондеҳи амнияи шаҳристони Вардуҷи вилояти Бадахшон, ки акнун дар Эрон зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки Қорӣ Фасеҳуддин дар яке аз набардҳои давраи ҷумҳурӣ ба дастури Пентагон - вазорати дифоъи Амрико аз марг наҷот ёфт.
Тақрибан шаш сол пеш, нерӯҳои давлати Афғонистон ва НАТО як амалиёти муштаракро барои аз байн бурдани Қорӣ Фасеҳуддин барномарезӣ карданд. Раҳбарии ин амалиётро як капитани амрикоӣ, ки аз Кобул омада буд, бар ӯҳда дошт. Манобеъи кашфӣ аз ҳузури Қорӣ Фасеҳуддин дар рустои Рахшони шаҳристони Вардуҷ хабар дода буданд. Амрикоиҳо дастгоҳи “Giga wave”-ро ба ҳавопаймои кашфӣ муттасил ва шурӯъ ба таъйини маҳалли дақиқи ҳузури ӯ намуданд. Хеле зуд ӯро пайдо карданд. Ин дастгоҳ дар яке аз меҳмонсароҳои рустои Рахшон ҳузури 5 фарди мусаллаҳро таъйид кард.
ТАВЗЕҲОТ: Giga Wave як дастгоҳи қобили ҳамл аст, ки ба ҳавопаймоҳои кашфӣ ва таҳоҷумӣ муттасил мешавад ва имкон медиҳад минтақаи набард аз рӯи замин расад шавад. Амрикоиҳо ҳавопаймоҳои кашфии PS-12-ро дар ихтиёри артиш Афғонистон қарор дода буданд, ки фақат филмбардорӣ мекард (чанд фарванд аз ин қабил акнун дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳастанд). Худи онҳо ҳавопаймои MC-12 доштанд, ки ҳам филм мегирифт ва ҳам ҳамла мекард. Ҳавопаймои дигар - ISR ду навъ буд, яке содда, ки фақат кашфӣ ва дувумӣ ҳам кашфӣ ва ҳам мутаҳоҷумӣ буд. Бад-ин тартиб, амалиётҳое, ки барномарезишуда ва бо мушорикати нирӯҳои амрикоӣ анҷом мешуд, ба сурати зинда дар вазорати дифоъ Афғонистон ва Пентагон - вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида, расад мешуд.
Турани амрикоӣ аз Асадуллоҳ пурсид, ки оё Қорӣ Фасеҳуддинро мешиносад? Посух мусбат буд. Сипас ӯро ба назди дастгоҳ хонд ва афроди ҳозир дар меҳмонхонаро нишон дод. Қорӣ Фасеҳуддин ба паҳлу дароз кашида буд ва чапони “қоқма” (тунук) ба тан дошт ва дар канораш як аслиҳаи Калашников буд. Асадуллоҳ ӯро шинохт.
Амрикоӣ гуфт, ки ҳамла ба Қорӣ Фасеҳуддин дар дохили русто ғайримумкин аст, зеро имкон дорад мардум мутазаррир шаванд ва хонаву амволи онҳо осеб бубинад, ба ҳамин далел замоне, ки ӯ аз русто хориҷ шуд ба ӯ ҳамла хоҳем кард. Саранҷом Фасеҳуддин меҳмонхонаро тарк карда, аз русто берун омад ва ба самти чап ба тарафи рустои Ғучон давр хӯрд. Турани амрикоӣ ба ҳавопаймо дастур дод ҳадафро нобуд кунад. Садо аз ҳавопаймо омад, ки як дақиқа дигар омода мешавем ва ҳамла мекунем. Аммо дар ҳамон як дақиқа, аз вазорати дифоъи Афғонистон бо турани амрикоӣ тамос гирифта гуфтанд, ки аз Пентагон ҳидоят дода шуд, то амалиёт қатъ карда шавад. Амрикоӣ он қадар асабонӣ ва гиҷ шуда буд, ки сарашро ба миз мезаду мегуфт: "Чӣ тур? Охир ҳадаф аз дасти мо меравад? Чаро иҷоза надоданд Фасеҳуддинро нобуд кунам?" Васоилашро ҷамъ карду рафт.
АГАР ОҒОХОН НАБУД
Фарди дигар як афсари собиқ Нерӯҳои вежаи футӯҳоти муштарак (KKA)-и нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон аст, ки мегӯяд, дар ҳудуди сад амалиёти шабона ширкат дошта ва борҳо шоҳиди ҳаводиси мушобеҳ будааст.
ТАВЗЕҲОТ: Нерӯҳои вежаи футӯҳоти муштарак (KKA - Kta Khas) аз афроди вазоратҳои дифоъу дохила ва амнияти миллии Афғонистон эҷод шуда буд ва бо ҳимояти моливу ҳавоии мустақими Иёлоти муттаҳида амал мекард ва тамоми амалиёти худро шабона анҷом медод. Ҳудуди 7 сол фармондеҳи он Мавлавӣ Ҷалоли Яфталӣ ва дар солҳои ахир Холид Амирӣ буданд. Акнун ҳар ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳастанд.
Аҳдофе вуҷуд дошт, ки вақте нерӯҳои KKA шабона барои нобудиашон мерафтанд ва мушаххас мешуд, ки нафарони иртиботии амрикоиҳо ё толибҳое, ки ба нафъи Амрико кор мекарданд, дар он ҷо ҳузур доранд, амалиётро ҷо ба ҷо қатъ месохтанд ва нерӯҳо аз болои онҳо давр зада мерафтанд. Ҳамсӯҳбати мо аз чунин маворид дар Лугар, Вардак, Ҳилманд, Урузгон ва дигар вилоёт қисса кард, ки тайёраҳои амрикоӣ аз болои қароргоҳҳои Толибон, ки ҳатто байрақу нафарот ва мотосиклҳояшон дида мешуд, гузашта мерафтанд, як амалиёти ҷузъие дар ҷойи дигаре анҷом медоданд ва ба пойгоҳ бозмегаштанд.
Нерӯҳои KKA дар Бадахшон як бор бо Қорӣ Фасеҳуддин даргир шуданд. Дар моҳи майи 2017, нерӯҳои Толибон таҳти фармондеҳии вай бо кӯмаки террористҳои хориҷӣ аз Осиёи Марказӣ ва уйғурҳои чинӣ шаҳристонҳои Зебоку Ишкошимро ишғол карданд. Дар он замон, Қорӣ Фасеҳуддин волии номниҳоди Толибон дар Бадахшон ва Қори Амонуддин ба унвони фармондеҳи аршад ӯ буд. Тасарруфи ин ду шаҳристон тарҳи муштараки созмонҳои иттилоотии Афғонистон ва Амрико бо ҳадафи истиқрори Толибон дар ин манотиқи Бадахшон ва наздики марзи Тоҷикистон буд. Аммо Оғохони Чаҳорум, раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон, аз вазъияти мавҷуд шадидан ибрози нигаронӣ кард ва аз ҳукумати Афғонистон хост то ҳар чӣ зудтар ин ду шаҳристонро аз чанги Толибон ва террористҳо озод кунад.
Бошандагони Зебок, Ишкошим, Шуғнон ва Вахон - чаҳор шаҳристони Бадахшон - умдатан аз пайравони мазҳаби исмоилии шоха шиаи ислом ҳастанд ва бими он мерафт, ки ифротиёни мусаллаҳ ба онҳо раҳм накунанд.
Амалиёти озодсозии Ишкошим ва Зебок ба раҳбарии Мавлавӣ Ҷалол, фармондеҳи KKA анҷом шуд. Ду ҳафта баъд, шаҳристонҳо аз вуҷуд Толибон ва террористҳо поксозӣ шуд, аммо ин охирин ҷанг барои Мавлавӣ Ҷалол ба унвони фармондеҳи KKA буд. Дар ин ҷанг 7 тан аз ин нерӯҳо ба шаҳодат расиданд ва ба ин баҳона ӯро аз вазифа барканор карданд. Худи Мавлавӣ Ҷалол ба нависандаи ин сутур гуфт, ки вақте пас аз озодсозии Зебоку Ишкошим ба Файзобод бозгашт, ду генерали амрикоӣ назди ӯ омаданд ва аз ӯ сахт шикоят карданд, ки чаро ин ду шаҳристонро озод кардааст.
Амрикоиҳо ва идораи амнияти миллии Афғонистон барои суқути Ишкошим ва Зебок силоҳу таҷҳизоти зиёде дар ихтиёри нерӯҳои таҳти амри Қорӣ Фасеҳуддин қарор дода буданд. Ба ӯ аслиҳа, ҳатто худравҳое дода буданд, ки артиши Афғонистон низ дар ихтиёр дошт. Он ҳама ҷадид буданд ва вақте ба дасти нерӯҳои давлат афтоданд, маълум буд, ки ғанимати ҷангӣ нестанд, балки дар ихтиёри Толибон гузошта шудаанд.
“ЗИНДАШУДА”
Як афсари ливои вежаи ҳавоии 777-и вазорати дифоъи Афғонистон аз амалиёти дигаре дар шаҳристони Вардуҷи вилояти Бадахшон, ки алайҳи нерӯҳои Қорӣ Фасеҳуддин анҷом шуда ва шахсан дар он ширкат доштааст, сӯҳбат кард.
Вардуҷ наздик ба 5 сол таҳти контроли Толибон буд ва пойгоҳи аслии онҳо дар шимолу шарқи Афғонистон ба шумор мерафт, ки фармондеҳи он Қорӣ Фасеҳуддин буд. Дар ин шаҳристон ҷангиёни Алқоида, Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқии уйғурҳои Чин ҳузур доштанд ва қароргоҳҳои худро эҷод карда буданд. Ин вазъият ҷомеаи маданӣ ва маҳофили зидди Толибон дар Бадахшонро ба шиддат ошуфта кард ва аз ҳукумат хостанд, то дар ин замина иқдом кунад. Нерӯҳои хезишҳои мардумӣ ҳушдор доданд, ки агар давлат ва НАТО иқдоме накунанд, худашон ин амалиётро анҷом хоҳанд дод. Бархе ҳам ҳукумат ва хориҷиҳоро ба толибсозӣ муттаҳам карданд. Гап калон шуд. Вазорати дифоъи Афғонистон ва артиши Амрико ба далели фош нашудани тарҳи онҳо, ки воқеан толибсозӣ буд, маҷбур ба иқдом шуданд.
ТАВЗЕҲОТ: Дар Бадахшон нерӯҳои кишварҳои узви НАТО – Олмон, Дания ва Белгия ҳузур доштанд, аммо дар амалиётҳо ширкат намекарданд. Амрикоиҳо амалиёти нерӯҳои ҳукумати Афғонистонро аз фурудгоҳи Багром ҳимояти ҳавоӣ мекарданд.
Дар сентябри 2019, нерӯҳои вежаи вазоратҳои дифоъу умури дохилӣ, амнияти миллӣ ва нерӯҳои хезишҳои мардумӣ амалиёти муштаракеро барои озодсозии Вардуҷ оғоз намуданд. Онро ливои вежаи 777–и ҳавоии вазорати дифоъи Афғонистон ва нерӯҳои ҳавоии Амрико аз ҳаво пуштибонӣ мекарданд.
Чанд рӯз баъд нерӯҳои Толибон ва созмонҳои террористии хориҷӣ шикаст хӯрданд ва маҷбур ба тарки соҳа шуданд. Вазорати дифоъи Афғонистон хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти озодсозии Вардуҷ, ҳудуд 100 толиби дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Қорӣ Фасеҳуддин, волии номниҳоди Толибон барои Бадахшон ва даҳҳо фармондеҳи калидиву муҳим ва ҷангии онҳо куштаву захмӣ шуданд ва ҳеҷ як аз нерӯҳои давлатӣ осеб надиданд.
Хабари марги Фасеҳуддин ҷомеаро такон дод ва беш аз ҳама тарс аз ҳузури Толибон ва шуракои террористи онҳо дар Бадахшонро аз байн бурд. Давлати Афғонистон ва Амрико ба мардум собит карданд, ки толибсозӣ афсонае беш нест ва шакку гумонҳо дар бораи тақвияти Толибон ва террористон аз сӯи онҳо хаёлпардозии мунтақидон аст.
Дар асл Қорӣ Фасеҳуддин зинда буд. Пас аз шикаст, нерӯҳои ӯ ба самти гарданаи миёни Вардуҷ ва дараи Хӯстак ақибнишинӣ карданд. Дар онҷо вай бо саргурӯҳҳои худ ҷаласае баргузор кард ва гуфт, ки онҳо ду роҳ доранд: ё таслими давлат шаванд ё бо ӯ раванд. Ӯ ва Қорӣ Амонуддин тасмим гирифтанд ба вилояти Нуристон бираванд.
ТАВЗЕҲОТ: Афсари собиқи амнияти миллии Афғонистон дар вилояти Қундуз мегӯяд, ки дар он замон, бештари фармондеҳон ва ҷангҷуёни Алқоида дар вилояти Нуристон ҳузур доштанд, аз ҷумла Мавлавӣ Шабир Аҳмад, фармондеҳи амнияи вилояти Ҷузҷон дар режими аввали Толибон ва яке аз афроди наздик ба Усома ибни Лодан, ки акнун яке аз аъзои раҳбарии Иморати исломӣ аст. Қорӣ Фасеҳуддин низ аз аъзои Алқоида ва бо Мавлавӣ Шабир дар иртибот буд. Дар шимоли Афғонистон, ӯ фармондеҳони маҳаллиро ба Алқоида ҷалбу ҷазб мекард. Маълум нест ин иттилоот то чӣ андоза дуруст аст, аммо ин ки амрикоиҳо ба унвони фариштагони нигаҳбон аз Қорӣ Фасеҳуддин муҳофизат мекарданд, нишон медиҳад, ки ӯ як бозигари бисёр муҳим дар бозиҳои махфии истихборотӣ дар Афғонистон аст.
Қорӣ Фасеҳулдин ва Қорӣ Амонуддин вақте соҳаро раҳо карда, аз кӯҳ гузаштанд ва ба тарафи кӯҳи Хирсаки шаҳристони Ҷурм мерафтанд, аз вазорати дифоъи Афғонистон бо ӯ тамос гирифта, мегӯянд, ки амалиёт қатъ шудааст ва амрикоиҳо мехоҳанд, ки ӯ дубора рафта истиқоматҳои худро бигирад.
Нерӯҳои давлатие, ки Вардуҷро озод карданд дар рустои Зу дар интиҳои дараи Вардуҷ мустақар шуданд. Ба онҳо дастури ақибнишинӣ дода шуд. Хатти дифоъии нерӯҳои ҳукуматӣ ба рустои Ғнев, 7 - километрии Чокарон, маркази шаҳристони Вардуҷ ақиб оварда шуд. Фасеҳуддин баргашт ва дар Зу мустақар шуд. Ба зудӣ таҷдиди қувва кард ва дую ним соли дигар бо давлат ҷангид. Саранҷом дар июли 2021, як моҳ қабл аз суқути Кобул, нерӯҳои вазорати дифоъи Афғонистон бидуни даргирӣ ва ба фармони Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифоъ, Вардуҷро ба Фасеҳуддин таслим карданд.