Дар паси интиқоди алании Ҳаққонӣ ва фарохони Ҳайбатуллоҳ ба гуфтугӯ бо мухолифон чӣ нуҳуфта аст?

Нависанда: Маҳдӣ Ҳусайнӣ, таҳлилгар (Афғонистон)

Тасмими Сироҷуддин Ҳаққонӣ барои аланӣ кардани норизояти мардум аз сиёсатҳои Қандаҳор дар замоне гирифта шуд, ки ҳам фишорҳо рӯйи шабакаи Ҳаққонӣ бештар шуда буд ва ҳам такравиҳои Ҳайбатуллоҳ Охундзода кулли сохтори Толибонро ба дардисар андохта буд. Коре, ки таркибе аз дифоъи тактикӣ барои ҳифзи қудрат дар Кобул ва ҳамлаи ҳисобшуда барои кам кардани инҳисори Қандаҳор аст ва вақте ҳалқаи Қандаҳор бо фармонҳои яктарафа ва намоишҳои идеоложик мехоҳад ҳама тасмимҳоро дар дасти худаш нигаҳ дорад.

Онҳое, ки дар Кобул нишастаанд ва бо воқеиятҳои рӯзмарра ва фишорҳои берунӣ даргиранд, бештар зери фишор мераванд ва Ҳаққонӣ бо гуфтан аз норизоятии мардум дар воқеъ ба Қандаҳор ҳушдор медиҳад, ки ҳукумат кардан бидуни таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои ҷомеъа, низомро фарсуда мекунад ва ҳазинаи тасмимҳои яктарафаи Қандаҳорро ба гардани Кобул ва баданаи иҷроӣ меандозад.

Аз тарафи дигар Ҳаққонӣ хуб медонад, ки ҳамлаи мустақим ба шахси Ҳайбатуллоҳ хатти қирмиз аст, пас Ҳаққонӣ бо барҷаста кардани норизояти мардум ва душвории идораи кишвар, мекӯшад аз ин вазъият барои ҳифзи ҷойгоҳи сиёсии худ, сиёнат аз нуфузи шабакаи Ҳаққонӣ дар вазорати дохила ва ҷилавгирӣ аз тазъиф ё канор гузошта шудани чеҳраҳои бонуфузи мустақар дар Кобул истифода кунад. Дар ҳоле, ки дар ин бозӣ мардум ва бадбахтиҳояшон аслан ҳадаф нестанд ва фақат абзори чоназанӣ миёни ду қутби қудратанд.

Даъвати Ҳайбатуллоҳ аз мухолифон барои бозгашт ё гуфтугӯ, на нишонаи нармиш ва оштии воқеӣ аст ва на гушоише дар сиёсатҳои инҳисории Қандаҳор, балки як тарфанди сиёсӣ ва таблиғотӣ барои коҳиши фишорҳо, намоиши қудрат аз мавзеъи боло ва ҷазб ё хунсо кардани мухолифон бидуни вогузории кӯчактарин имтиёзи воқеӣ аст, то султаи мутлақи Қандаҳор тасбит шавад ва мухолифонро дар доми контрол ва беқудратӣ биандозад.

Дар ин сенария, ҳар касе, ки фиреби ин лабханди тактикиро бихӯрад ва ба умеди тағйир ё мушорикат вориди замини бозӣ шавад, амалан муҳрае мешавад, ки ё зери сояи таҳдид ва назорати амниятӣ хомӯш мемонад ё ба унвони витрини таблиғотии пазириши мунтақидон ба кор гирифта мешавад, то режим нишон диҳад, ки дарҳояш боз аст, дар ҳоле, ки тамоми калидҳо ва тасмимҳо ҳамчунон дар мушти ҳалқае аст, ки ҳеҷ садои мустақил, қонун ё шарики воқеии қудратро бар наметобад.

Ҳарчанд аланӣ шудани ин ҳарфҳо ва чоназаниҳо нишон медиҳад ихтилофи Қандаҳор ва Кобул аз даргӯшӣ гузашта ва рӯ омада, аммо ин ба маънии ҷудоӣ ё тағйири моҳияти Толибон нест, чун ҳар ду тараф бар сари ҳифзи қудрат ва саркӯби мардум бо ҳам шариканд ва фақат бар сари тақсими қудрат ва наҳваи контрол даъво доранд ва ҳарчи ин кашмакашҳо бештар берун бирезад, якдастии сарони Толибон бештар зери суол меравад ва фосила миёни ҳокимоне, ки фақат зӯр ва итоат мехоҳанд, бо мардуме, ки дар фақр ва маҳдудият гир афтодаанд, амиқтар мешавад.

Аммо достон ба инҷо хатм намешавад ва зовияи хатарноктари ин бозӣ дар табдил шудани ривоят ба абзори бақои режим аст. Ҷое, ки Толибон ҳамзамон аз ду абзори мутазод, аммо мукаммил барои фиреби афкори умумӣ ва мудирияти буҳрон истифода мекунад: аз як сӯ намоиши ихтилоф ва нақди дарунӣ барои илқои ин таваҳҳум, ки даруни ин сохтор ҳанӯз садои мунтақид, инъитоф ва имкони тағйир вуҷуд дорад ва аз сӯи дигар даъвати намоишии мухолифон барои илқои ин тасвир, ки режим он қадар муқтадир ва мутмаин аст, ки дасти бахшиш ва гуфтугӯ дароз кардааст.

Дар ҳоле, ки воқеият дар кафи хиёбон ва пушти дарҳои баста комилан баръакс аст. На нақди Ҳаққонӣ қарор аст ба озодӣ, қонун ва рафъи табъиз бианҷомад, на даъвати Ҳайбатуллоҳ қарор аст шарики қудрат ё садои мустақил бипазирад, балки ҳар ду масир ба як нуқта хатм мешаванд: ҳифзи инҳисори қудрат дар дасти ҳалқае, ки ҳозир нест кӯчактарин заррае аз султаи идеоложик ва амниятии худ кӯтоҳ биёяд.

Вақте ҳукумате ба ҷойи ислоҳи сохтор, коромадии иқтисодӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ба бозӣ бо ривоятҳо, тарфандҳои ҷазби контролшуда ва муъомилоти пушти парда паноҳ мебарад, дар воқеъ нишон медиҳад, ки барои бақо бештар ба фиреб ва фишор муттакӣ аст, то ба ризояти воқеии мардум ва ҳамин такя бар абзорҳои маснуъӣ ва зӯр, шикоф миёни ҳокимият ва ҷомеъаро ба нуқтае мерасонад, ки ҳар буҳрони тоза, беш аз пеш шиканандагии ин сохторро аён мекунад.