Ин муллоҳои девбандии истеъмории Ҳинди Бритониёӣ буд, ки рӯи Буддои Бомёнро тарошид.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Бунафшаҷон Азизӣ аз синфи ҷомеашиносии исломӣ, ки тадрис мекунам, савол кардааст, ки оё рассомӣ, наққошӣ ва аккосӣ дар ислом ҳаром аст ё ҳалол ? Бунафшаҷон худ рассоми фавқулодда лоиқу тавоност.

Марҷаи истидлолу фатво дар Ислом Қуръони маҷид ва равиши зиндагонии ҳазрати Расули Карим (с) ва ё ҳадиси сиққаи он ҳазрат аст. Сиққа ба хотире гуфтем, ки дар мутуни динии мо аҳодиси ҷаълӣ дохил шудааст. Ва ё таъбиру таъвили ғалат аз ҳунарҳои даврони ҷоҳилия доранд, ки дар шурӯъи Ислом мураввиҷ буд.

 Дар Қуръон тазаккуре аз ҳаром будани ҳунарҳои зебо, монанди рассомӣ, наққошӣ ва аккосӣ чизе дида намешавад. Аксу аккосӣ дар замони Паёмбар набуд, лиҳозо ҳар фатво, ки агар дода шудааст, мубтазал ва масхараомез аст. Мерасем ба суннати ҳазрати Расули Карим (с) дар мавриди расмҳо ва наққошиҳои қабл аз Ислом.

Яке аз далоиле, ки Қуръон нозил шуд ин буд, ки дар ҷомеаи башарӣ бутпарастӣ ва хурофот ба ҳадди охир расида буд. Куффор муҷассамаи бутҳоро барои парастиш месохтанд ва ё тасовири ҳайвоноти дарандаро рӯи тиккаҳо расм мекарданд ва ҳамаи инҳо дар он замон ширку куфри муқаддас буд. Ҳамон тавр, ки бутҳо шикаста шуд, рассомии тасовири ҳайвонот ва парандагони даранда маҳкум шуд, зеро нияти куффору мушрикин чизи дигаре буд.

Бо пешрафти Ислом дар берун аз Ҳиҷоз ва шибҳиҷазираи Араб мардуми мусулмон диду биниши дигар дар мавриди ҳунарҳои зебо доштанд, махсусан дар Хуросонзамин, ки сарзаминҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, махсусан Самарқанду Бухоро ва бахше аз Ҳинди Қадим буд. Вақте мо осори ҳунарии ин мусулмононро мебинем, дида мешавад, ки наққошиву рассомӣ ба шаклҳои мухталиф ба шумули миниатуркории асри Темуриён шоҳиди ин ҳақиқат аст, ки ҳунарҳои зебо ҳаром набудааст, ҳатто тасовири ҳайвоноту тандиссозӣ бисёр мураввиҷ будааст. Лутфан руҷуъ кунед ба миниатураҳои қарни шонздаҳум, ки ҳам расми сурат дида мешавад ва ҳам рассомии ҳайвонот.

Имрӯз дар Эрон мо тандиси Фирдавсиро дар майдони Фирдавсӣ мебинем ва Эрон як кишвари бузурги исломӣ аст. Музейи Топкапӣ машҳуртарин қасри салтанати Туркияи Усмонӣ аст, беҳтарин маҷмуаи осори миниатуриро дорад, ки ҳам расмҳои сурати инсонҳост ва ҳам расми ҳайвонот. Ё осори Самарқанду Бухоро, ки шахсан сафар кардаам, ҳунарҳои зебо дар авҷи зебоӣ дида мешавад.

 Имрӯз рассомону наққошон ҷавон, монанди Бунафшаҷон, зиндонии афкори таҳаҷуромези ваҳҳобиву арабӣ шудааст ва барояшон чунин фаҳмонда шуда, ки аксу расму сурату наққошӣ ва муҷассамасозӣ ҳаром аст.

Мусулмонон Хуросонро фатҳ карданд ва аммо муҷассамаи Буддоро тахриб накарданд ва онро ширк нахонданд, зеро Муҳаммад (с) гуфта буд, ки агар мехоҳед дини шумо эҳтиром шавад адёни дигарро эҳтиром кунед. Ҳазрати Умар (р) бо фатҳи Фаластин калисоҳоеро, ки рассомиҳои ҳазрати Исо (а)-ро дошт, мунҳадим накард. Баръакс мардуми исавиро ба ибодаташон ташвиқ кард. Ин муллоҳои девбандии истеъмории Ҳинди Бритониёӣ буд, ки рӯи Буддои Бомёнро тарошид ва толибони мутаҳаҷҷир бузургтарину нафистарин Буддои истодаи ҷаҳонро ба тӯп бастанд.

 Ҷавонони азиз! Дар Ислом ҳар амали шумо робитаи мустақим дорад ба нияти шумо. Нияти шумо рассомии куфру ширк нест, балки ҳунарҳои зебост, ки ифтихори сарзамини мост.