Чаро ҳаром хондани Наврӯз худ ҳаром аст?

Нависанда: Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом, собиқ раиси Шӯрои уламои Афғонистон

Инсони оқил аввалан бояд бо махлуқи Худо ва аҷзои худ оштӣ ва сулҳ намояд. Аз рӯи унс, улфат ва муҳаббат ба махлуқ ва таркиби колбуди худ нигоҳ намоем ва махлуқи Худоро бо нафрат ва бадбинӣ дашном надиҳем ва иззати онро посдорӣ кунем.

Саъдӣ фармуд:

Хуш омад боди Наврӯзӣ ба субҳ аз боғи пирӯзӣ,

Ба бӯи дӯстон монад, на бӯи бӯстон дорад.

Тарҳи хилқати инсони бузургтарин Наврӯз ва зоиши замин ва об аст. Парвардгори ҷаҳониён аз Наврӯз чунин таҷлил мекунад:

Дар ҳақиқат зинда сохтани замин дар баҳори сол ҳикоят аз ҷилваи қудрат, мазҳари азамат, ҷавлонгоҳи раҳмати бекарони Худо ва бахшиши густурдаи неъматҳои илоҳӣ барои инсон/насли башар дорад.

Дар баҳори сол дафтари Худошинохтӣ ва охиратталабӣ, ки ду асли имонӣ аст, варақ мехӯрад ва барои мункирони зинда шудани баъд аз марг, дар таомули ҷаҳон маҳсус ва мушоҳида ба асобат мерасонад, ки ҳамон гуна, ки замини афтида, беҳис ва мурдаро дубора зинда месозем, бегумон мурдагонро низ дар қиёмат ҳаёт мебахшем ва барои ҳисобу китоб аъмол, таҳаққуқи адолат ва подоши аъмоли неку бад ҳозир месозем. Биёед ба ин таомули созандаи илоҳӣ дар низоми ҳастӣ нигоҳ ва андеша кунед. Мебинед дар вазидани бодҳо, интиқоли абрҳо, боридани борон, ҷорӣ шудани чашмаҳо, рӯдҳо, рӯидани гиёҳон ва зоиши ҳаб (донаи хӯрокаи инсон) ва навот (донаи хӯрокаи ҳайвонот) ва анвоъи дарахтони босамар ва бесамар ва дар маҷмӯъ асбоби зиндагониро барои инсони мукаррам/навъи башар мусоид месозем. Ба шарти ин ки соҳиби неъматҳо, молик, розиқ, мудаббир ва мутасаррифи худро бишносед ва сипосу такрим ва бандагӣ кунед.

Оре, Парвардгори ҷаҳониён дар китоби осмонии худ бор бор ин авроқи мавзӯъи худшиносӣ, ҳастишиносӣ, Худошиносӣ ва охиратталабиро дар Қуръони маҷид ба хониш мегирад, то инсон ҳадафи зиндагонӣ, мақсади зиндагонӣ ва маънои пайдоиш ва мурданро комилан дарк намояд. Иктифо мекунем ба як ояте аз китоби Аллоҳи азуҷал, ки фармуд:

"وَمِنْ آيَاتِهِ أَنَّكَ تَرَى الْأَرْضَ خَاشِعَةً فَإِذَا أَنْزَلْنَا عَلَيْهَا الْمَاءَ اهْتَزَّتْ وَرَبَتْ ۚ إِنَّ الَّذِي أَحْيَاهَا لَمُحْيِي الْمَوْتَىٰ ۚ إِنَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ" فصلت، آیه ۳۹.

Тарҷума: "Ва аз нишонаҳои қудрати Худо ин аст, ки ту заминро хушк ва барҳут мебинӣ, аммо ҳангоме, ки (қатраҳои ҳаётбахш) об бар он фурӯ мефиристем, ба ҷунбиш дар меояд ва омосида мегардад (ва баъдҳо ба сурати гулу гиёҳ ва сабза мавҷ мезанад). Он кас, ки ин замини хушк ва барҳутро зинда мекунад, ҳам ӯ мурдагонро низ (дар қиёмат) зинда мегардонад. Чаро, ки ӯ бар ҳар чизе тавоно аст."

- Паёмҳои тарбиятӣ:

1 - баҳор мазҳари қудрати илоҳӣ

Вақте, ки об ба аносир ва зарроти хок мерасад, дар дохили об ҳал мегарданд ва ҷазби донаҳо ё решаҳои гиёҳон мешаванд ва ба силлулҳо ва бофтҳову андомҳои зиндае табдил шуда ва рушд мекунанд ва афзоиш меёбанд, ки замини мурда ба зинда мубаддал мешавад.

2 - оштӣ бо аносир ва аҷзоъи худ

Одам алайҳиссалом бо мароҳили ҳафтгонаи офариниш такмил ёфтааст ва шарҳи онро дар зайл мехонем:

▪ Марҳалаи аввал, туроб:

Инсон аз як қабзаи хоки гирифташуда аз замин, ҳастаи пайдоишаш гузошта мешавад, мебояд инсон ба аҷзои худ унс, улфат ва муҳаббат намояд, даст аз ситез бикашад, фармуд:

( إِنَّ مَثَلَ عِيسَىٰ عِندَ اللَّهِ كَمَثَلِ آدَمَ ۖ خَلَقَهُ مِن تُرَابٍ ثُمَّ قَالَ لَهُ كُن فَيَكُونُ) آل عمران (۵۹)

Тарҷума: "Ҳамоно мисли Исо назди Худо, ҳамчун мисли (хилқат) одам аст (,ки) ӯро аз хок офарид, пас ба ӯ фармуд: «Бош» пас (бедиранг) мавҷуд шуд".

- Ва ҳадиси Аби Мӯсо Ашъарӣ (р) аст, ки паёмбар (с) фармуд: "Бегумон Худованд одамро аз мушт ва қабзаи хоки тамоми замин гирифта ва офаридааст." Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ. Ва далели тафовути тундхуӣ ва нармхӯӣ мизоҷ ва тафовути рангҳо бинобар таркиби мутафовити хоки замин аст.

 

▪ марҳалаи дувум, тийин:

- Қабзаи хоки замин бо об омехта шуд, ки ба арабӣ “тийин” ва ба форсӣ “гил” меноманд. Парвардгори инсон фармуд:

"إِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِّن طِينٍ" ص آیه ۷۱.

Тарҷума: "Ва ба ёд овар ҳангоме, ки парвардгорат ба фариштагон гуфт бетардид ман башариро аз гул меофаринам".

Бад-ин амр мусталзими ин хилқат ва пайоми илоҳӣ ин аст, ки мебояд инсон бо асл ва аҷзоъи худ оштӣ, муҳаббат, унс ва улфат намояд, даст аз ситезагирӣ берун кунад.

 

▪ марҳалаи севум, тийин лозаб:

Дар ин марҳала хоку об бо ҳам омехта, ба истилоҳ тар, лат ва молидаву хуб лағатмол мешавад, ки гил ба пухтагӣ ва истифода мерасад. Фармуд:

"ف....إِنَّا خَلَقْنَاهُم مِّن طِينٍ لَّازِبٍ" الصافات آیه ۱۱.

Тарҷума: "Мо онҳоро аз гили часпандае офаридем."

Аз гили часпанда ва пухташуда одам ва инсон ташкил ёфтааст.

 

▪Марҳалаи чаҳорум, гили хушкида:

Вақте ки гил ба пухтагӣ расид, қолаб мешавад. Мисли кӯза ва колбади одам ва инсон сохта шудааст. Фармуд:

"وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي خَالِقٌ بَشَرًا مِّن صَلْصَالٍ مِّنْ حَمَإٍ مَّسْنُونٍ" الحجر ۲۷.

Тарҷума: "Ва ба ёд овар ҳангомеро, ки парвардгорат ба фариштагон фармуд: “Ҳамоно ман офаринандаи башарӣ аз гили хушкидае, ки аз гил бӯйноки тирае (гирифташуда) ҳастам."

 

▪ Марҳалаи панҷ, гили сафолӣ:

 Худованди мутаол мефармояд, гил ба пухтагӣ расид ба шакли сафолин ва кӯза табдил мегардад, ки ҳамон колбуди инсон бошад:

"خَلَقَ الْإِنسَانَ مِن صَلْصَالٍ كَالْفَخَّارِ" الرحمن آیه ۱۴.
Тарҷума: "Инсонро аз гили хушкидае чун сафол офарид."

 ▪Марҳалаи шашум,

тасвир ва ташкили башар:

Худованди мутаол дар марҳалаи шашум тасвири башарро сохт, мефармояд:

"وَلَقَدْ خَلَقْنَاكُمْ ثُمَّ صَوَّرْنَاكُمْ" الأعراف (۱۱)
Тарҷума: "Ва ба таҳқиқ мо шуморо офаридем, он гоҳ шуморо шакл ва сурат додем."

 

▪Марҳалаи ҳафтум, дамидани рӯҳи илоҳӣ:

Ин марҳала охирин марҳалаи сохтусози инсон аст, ки Худованд тавассути рӯҳи илоҳии худ колбудашро зинда гардонидааст, фармуд:

"فَإِذَا سَوَّيْتُهُ وَنَفَخْتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُوا لَهُ سَاجِدِينَ" الحجر (۲۹).

Тарҷума: "Пас чун (ӯро офаридам ва) ба ӯ сомон додам ва аз рӯҳи худ дар он дамидам , (ҳамагӣ) барои ӯ саҷда кунед”.

 - Дар офариниш, инсон ва ё Одам алайҳиссалом ба мароҳили ҳафтгона ба инсон мубаддал шуд ҷуз рӯҳ ҳама аз замин ва обуҳаво ва шуоъи офтоб кор гирифта шуда буд. Марҳалаи давоми таваллуд/таносули башар ва ё ба иборати дигар зоду валади башар аз нутфа ва спарм ва тухм оғоз мешавад ва дар раҳми модар мароҳили ҳафтгонаи дигарро такмил мекунад ва ин нутфа боз ҳам аз тағзияи ҳосили замин ба вуҷуд меояд ва ин баҳс нишон медиҳад, замин, об, моҳ, хуршед ва бод ҳастанд, ки заминро омодаи зоиш ва парвариш месозанд ва инсон ба таври хосс баҳраманд мегардад ва хиради инсонӣ ва омӯзаҳои динӣ ҳукм мекунад инсон ҳаққшинос, сипосманд ва оҳили инсоф бошад ва мункири инояти Худо ва саховати замин нагардад.

 

  1. Баҳор дафтари худшиносӣ, Худошиносӣ ва ҳастишиносӣ:

Ба қавли шоир:

Барги дарахтони сабз дар назар ҳушёр,

Ҳар варақаш дафтар аст маърифати кирдигор.

Мебояд инсон ба ҳақиқат ва маънои зиндагонӣ бирасад ва бифаҳмад ва ягона роҳ, нигоҳи амиқ, дақиқ, огоҳона, мутафаккирона ба дафтари низоми ҳастӣ аст. Зеро, ки ҷавлонгоҳи раҳмат ва қудрати илоҳиро ба хубӣ дарк ва эҳсос менамояд. Бидуни мутолиа ва фикр дар қудратнамоии Худо, мазоиди ҳунарӣ ва наққошии маънодор наққош дар низоми ҳастии инсон ба ин ҳақиқат ва мақсуд расида наметавонад. Мутобиқ қоида (он чи воҷиб бидуни он комил намешавад ва воҷиб аст) бинобар ин бар инсонҳо лозим аст ба авроқи дафтари пайдоиш, зоиш ва рӯиши баҳор фикру андеша, таҳқиқ ва мутолиа намоянд ва ин бидуни унс, улфат ва муҳаббат ба баҳор, ки як навъ ибодати сутург маҳсуб мегардад, ба даст намеояд.

 

  1. Тааллуқи ҳастӣ бо инсон:

Муслеҳуддин Саъдӣ усули тааллуқи кории ҳастиро бо инсон ба ҳайси ходим ва махдум баён мефармояд:

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,

То ту ноне ба каф ориву ба ғафлат нахурӣ.

Ҳама аз баҳри ту саргаштаву фармонбурдор,

Шарти инсоф набошад, ки ту фармон набарӣ.

 

  1. Баҳор тафаккури охиратталабиро зинда месозад

Замоне, ки инсон ба ҳақиқати пайдоиш, зоиш ва зинда шудани замини баъд аз марг таваҷҷуҳ мекунад, мутмаин мешавад зинда шудани инсон баъд аз марг назди Худованди мутаол қазияи содда ва осон аст ва бояд ҳама умури ҳаёти худро ба асоси пирӯзӣ ва хушии охират муназзам созад.

 

  1. Эҳсоси хушӣ

Сурур ва хушӣ аз ниёзҳои ҳамешагӣ ва табиии инсон аст ва инсон дар баҳор изҳори сурур мекунад ва эҳсос мекунад, ки аз қайди сахтиҳои замистон ва тангоҳи сардиву яхбандон ва маҳдудияти кору рӯзгор ба гармӣ, фарохӣ, осоиш ва офият расидааст ва заминаи зиндагии бештар ва хубтар мусоид шудааст. Ин аз муҳаббатҳои илоҳӣ аст, ки ба инсон насиб менамояд, ҳеҷ кас ҳаққи гирифтани хуширо аз мардум/инсонҳо надорад.

 

  1. Ҳалолу ҳаром

Яке аз иноёти илоҳӣ ҳамин аст, ки ҳалол дар ашёъ номаҳдуд аст ва ҳаром дар ҳастӣ барои инсон чанд амри хос мутобиқи салоҳи инсон аст. Барои ҳар ҳаром насси сареҳ ба кор аст, ки шореъи эълони ҳурмат карда бошад ва бидуни вуруд насси собит ва қатъӣ алдилола ҳеҷ чиз ҳаром нест ва баъд аз китобу суннат қиёсу иҷмоъ аст, ки марзу ҳудудро таъйин мекунад. Аммо дар боби Наврӯз ҳеҷ насси сареҳ вуҷуд надорад ва қиёсу иҷмоъ низ мунтафӣ аст ва манҳиёту муҳаррамоти шаръӣ, ки далели таҳрими Наврӯз бидонем, дар ҳама авқот ҳаром аст ва ҳеҷ рабте ба замону макон надорад ва муртакиб он осии гуноҳкор аст.

Дар охир мардуми ранҷдида ва меҳнаткаши сарзамини хастаам, ҳар рӯзатон беҳрӯз ва ҳар рӯзатон Наврӯз ва баҳоратон муборак. Шод бошед.

Ҳабибуллоҳ Ҳисоми Муҳоҷир,

шаби 28-и ҳути 1400 ҳиҷрии қамарӣ (19 марти 2022)