Қуръони Маҷид чӣ мегӯяд?

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Ғалатфаҳмиҳо дар ҷавомеи мусулмон зиёд аст ва махсусан бонувон ҳадафи асосии табақаи мазҳабӣ ва занситезони қарни бисту якум қарор гирифтанд, ки ҳам номи Исломро бад карданд ва ҳам занонро бардаи хостаҳои ғайршаръии худ сохтаанд, аммо ҳама хомӯш ҳастанд.

Муаллифи ин сатрҳо якшанбеи шашуми моҳи январи 2024 барои як гуфтушунуди кӯтоҳ дар телевизиони Афғонистон Интернешнал, ки аз Лондон пахш мешавад, даъват шудам, то чанд калимаи кӯтоҳ дар мавриди ҳиҷоби иҷборӣ, ки Толибон таҳмил мекунанд, бигӯям.

Аввал, ки дин таҳмил намешавад ва Қуръон дар ин маврид бисёр возеҳу равшан фармудааст ва мегӯяд, ки “ло икроҳа фиддин”, яъне дин таҳмил намешавад ва аммо мусулмонон динро таҳмил мекунанд. Дар ҳоле ки дин як масъалаи ақлӣ ва дил аст ва то, ки мусулмон ба қалб имон наоварад, наметавонад иддаои исломият кунад. Яъне дин як мавзӯи зоҳирӣ нест, балки ботинӣ аст.

Дувум, инсон, мард бошад ё зан бошад, масъули гуноҳи худ аст, на дигарон. Қуръони Маҷид дар ин маврид мегӯяд, “куллу нафсٍ бимо касабат раҳинна”, яъне ҳар кас масъули гуноҳи худ аст. Вақте як кас масъул мешавад, ки як додгоҳ дар мавриди ӯ ҳукм содир кунад. Ин ки Толибон ба хотири зиддият ба қавми ҳазора ва мазҳаби шиа ҳамла мекунанд ва ҳиҷобро баҳона месозанд, зидди ахлоқи исломӣ, шариати исломӣ ва ҳуқуқи башар дар ислом аст.

 Севум Қуръон ба вазоҳат мегӯяд, ки аввал ҳиҷоби дил аст, баъд ҳиҷоби тан. Дар Қуръони Маҷид мехвонем: “Эй фарзандони одам, шуморо либосе падид овардем, ки ҳам аврати шуморо мепӯшонад ва ҳам мояи таҷаммул аст, вале либоси тақво беҳтар аст. Ин аз оёти илоҳӣ аст. Бошад, ки онон панд гиранд (сураи “Аъроф”, ояи 26).

Дар ояи фавқ ба вазоҳат мебинем, ки Худованд на танҳо, ки марду занро якҷо хитоб кардааст, ки аввал ҳиҷоби дил аст ва баъд ҳиҷоби тан. Ҷолиб ин ки ҳиҷоб мутазаммини имони шахс нест. Мешавад, ки як зан ҳиҷоб дошта бошад, аммо ҷиноят кунад. Чунончи имрӯз ду зани ҳиҷобии аҳли Афғонистон дар Амрико ва Канада дар зиндон ба сар мебаранд. Яке ба ҷурми қатл ва дигар ба ҷурми дуздӣ!

Чаҳорум, чун ҳиҷоб мутазаммини имон нест, барои он ки ҳиҷоб аз аркони имон нест. Аз ҳазрат Расули Карим (с) савол шуд, ки имон чист? Фармуд имон ба Худост, ба кутуби осмонӣ аст, ба паёмбарон аст, ба фариштагон аст, ба рӯзи охират аст ва насибу қисмат аст”. Ҳар касе, ки ба ин шаш усул аз дил эътиқод дошта бошад, мусулмон аст. Ҳиҷоб дар радифи тақво меояд ва он ҳам дар сурате, ки аввал тақвои дил бошаду ҷолиб ин ки тақвои дил ба чашм дида намешавад, дар ғайри он ҳиҷоб бемаънӣ мешавад.

 Панҷум, дар яке аз сафарҳои Ховари Миёна дар бозори Марокаш мутаваҷҷеҳ шудам, ки болои як дӯкон навишта шуда буд: “Ҷилобаи мардона ва занона”. Ҷилоба дар забони арабӣ русарӣ маънӣ намедиҳад ё чодар. Ҷилоба як болопӯши кулоҳдор аст, ки дар Араби қадим ва имрӯз марду зан ба бар мекунад ва далели кулоҳ доштани он офтоби сӯзон аст, ки аз садама расидан ба сар ҷилавгирӣ мекунад.

Аз диду биниши Қуръонӣ то ҷое, ки бадан то гардан, дастон ва пойҳо то буҷулак пӯшида бошад, ҳиҷоб аст. Чашмон, лабон ва мӯй зинат нест ва аз ҳамин хотир уламо дар мавриди мӯйи сар диду биниши мухталиф доранд. Яке мӯйи сар ошкор аст ва яке мутлақ пинҳон ва зани ҳиндии мусулмон чодар рӯйи шонааш аст ва касе интиқод намекунад.

Ҳиҷоб ва махсусан мӯйи сар пӯшондан як мавзӯи шахсӣ ва хусусии занон аст. Занон монанди мардон озод халқ шудаанд ва худашон тасмимгиранда ҳастанд, на ин ки мардон барояшон тасмим бигиранд. Мавқифи занони паёмбар мутлақ аз занони одӣ ва беруни хонаи Паёмбар (с) мутафовит аст. Агар як зан сари худро мепӯшонад, чаро не ва агар намепӯшонад, чаро не. Мавзӯи шахсиашон аст.